Созмони Милал ҳамапурсии Кримеро ғайриқонунӣ эълом кард

  • 28 Март, 2014
Image copyrightAP

Маҷмаъи Умумии СММ ҳамапурсии Кримеро барои илҳоқи ин нимҷазира ба Русия ғайриқонунӣ ва ҳимояти худро аз тамомияти арзии Укройн эълом кард.

Ба ин қатъномаи ғайриилзомовар яксад кившар раъйи мусбат доданд ва фақат ёздаҳ кишвар бо он мухолифат карданд.

Панҷоҳу ҳашт кишвар ҳам ба он раъйи мумтанеъ доданд.

Бо ин ки қатънома илзомовар нест, аммо кишварҳои ғарбӣ умедворанд тасвиби он битавонад инзивои диплумотики Русияро пуррангтар кунад.

Укройн ҳам ибрози умедворӣ карда ин раъй битавонад монеъ аз иқдомоти таҳоҷумии Русия шавад. Ондрей Дишитсиё пас аз раъйгирӣ ба хабарнигорон гуфт ҳимояти кишварҳои мухталиф аз чаҳор гӯшаи дунё аз ин қатънома нишон медиҳад ин масъала "минтақаӣ нест, балки мавзӯъе ҷаҳонӣ аст."

Ба гуфтаи хабарнигори Би-би-сӣ дар Ню-йурк, ин қатъномаи илзомовар нест, бинобар ин бештар ҷанбае намодин дорад, аммо Укройн умедвор аст ин қатънома Русияро аз таъаррузи бештар ба хоки Укройн боздорад.

Борок Убомо ҳам, ки барои гуфтугӯ бо нахуствазири Итолиё ба Рум рафта, гуфт тасвиби ин қатънома "нишонаи маҳкаме" аст, ки дунё Укройнро дар ин шароити душвор танҳо нахоҳад гузошт.

Image copyrightGetty Images
Image caption Борок Убомо қатъномаи Созмони Милалро паёме маҳкам ба Русия арзёбӣ кард.

Раиси ҷумҳури Омрико изҳори умедворӣ кард, ки Русия қадам ба роҳи диплумосӣ бигузорад ва мавзӯъро ба тариқи сулҳомез ҳал кунад.

Пас аз ин раъйгирӣ Сандуқи Байналмилалии Пул воме ба арзиши 14 то 18 милёрд дулорро дар ҳимоят аз Укройн тасвиб карда буд.

Раиси ҷумҳури Омрико ин тасмими Сандуқи Байналмилалии Пулро "гоме бузург ва ба ҷилав" тавсиф кард, ки ба иқтисоди Укройн субот медиҳад ва ниёзи дарозмуддати мардуми ин кишварро бартараф мекунад.

Ин дар ҳолест, ки Орсений Ётсенюк нахуствазири муваққат, дирӯз ба порулмони Укройн гуфт ин кишвар "дар остонаи варшикастагии иқтисодӣ ва тиҷорӣ қарор дорад."

Кунгреи Омрико ҳам рӯзи панҷшанбеи 27 феврал лоиҳаеро барои пардохти як воми милиёрддулорӣ ба Укройн тасвиб кард. Барои ин ки ин лоиҳа қонунӣ шавад, бояд ба имзои Борок Убомо бирасад.

Image copyrightReuters
Image caption Таҷаммуъи аъзои хашмгини ҷиноҳи рост дар муқобили порлумони Укройн

Пас аз он ки нерӯҳои ҳаводори Русия Кримеро ишғол карданд ва Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия қонуни илҳоқи Кримеро тасвиб кард, танишин сиёсии Маскаву Иттиҳодияи Урупо ва Омрико шиддати камсобиқае ёфтааст.

Ғарб ин иқдоми Русияро "ғайриқонунӣ" ва "номашрӯъ" хонда ва то кунун таҳримҳоеро барои Русия дар назар гирифта, аз масдуд кардани ҳисобҳои афроди наздик ба Владимир Путин то манъи судури визо барои онон.

Борок Убомо, раиси ҷумҳури Омрико, дар поёни иҷлоси амнияти ҳастаӣ дар Лоҳаи Ҳуланд ба Русия ҳушдор дод, агар таъарруз ба ҳокимияти арзии Укройн идома диҳад, бояд мунтазири таҳримҳои шадидтаре бошад.

Оқои Убомо гуфт ин кишвар ва муттаҳидони урупоиаш омодаанд то ба кулли иқтисоди Русия зарба бизананд ҳатто агар ба қимати зарари иқтисодӣ барои худи онҳо тамом шавад.

Матолиби муртабит