Адами ширкати Тоҷикистон дар раъйгирӣ барои Криме

  • 28 Март, 2014
раъйImage copyrightAP
Image caption Сафҳаи мунитур нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ дар бораи Криме ҳеч гуна раъйе надодааст

Маҷмаъи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо судури қатъномае илҳоқи Криме ба Русияро ғайриқонунӣ эълом кард ва аз ҳамаи кишварҳои ҷаҳон хост, ки аз тамомияти арзии Укройн ҳимоят кунанд.

Ба ин қатъномаи ғайриилзомовар 100 кишвар раъйи мусбат ва 58 кишвар раъйи мумтанеъ доданд. Танҳо ёздаҳ кишвар, бо шумули худи Русия, бо тасвиби он мухолифат карданд.

Тоҷикистон аз ҷумлаи 22 кишвари ҷаҳон аст, ки дар раъйгирии Маҷмаъи Умумии СММ барои ба расмият нашинохтани илҳоқи Криме ба Русия ширкат накардааст. Мақомҳои ин кишвар ҳам дар бораи ин рӯйдод ҳанӯз ибрози назаре накардаанд.

Аз миёни ҷамоҳири шӯравии собиқ Арманистону Белорус танҳо кишварҳое ҳастанд, ки аз Русия ҳимоят карда ва мухолифи қатъномаи Маҷмаъи умумии СММ раъй додаанд. Кишварҳои дигари ҳомии Русия дар ҷаҳон Буливӣ, Кубо, Куреи Шимолӣ, Никорогуо, Судон, Сурия, Венезуэло ва Зимбобве ҳастанд.

Се кишвари каронаи Болтик, Гурҷистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Мулдовӣ, ки дар гузашта аз аҷзои Иттиҳоди Шӯравӣ ва, ҳамин тур, ба Русия наздик буданд, бо додани раъйи мусбат ба қатъномаи Маҷмаъи Умумӣ мухолифати худро бо илҳоқи Криме ба Русия эълом карданд.

Қазоқистон ва Узбакистон раъйи мумтанеъ доданд. Қирғизистон ва Туркманистон, ду кишвари дигари Осиёи Миёна, низ мисли Тоҷикистон, дар раъйгирӣ ширкат накардаанд. Дар ҳоле ки Афғонистон раъйи мумтанеъ дода, Эрон низ мисли Тоҷикистон дар раъйгирӣ ширкат накардаанд.

Таҷрубаи мушобеҳи Гурҷистон

Коҳо Имнодзе, намояндаи Гурҷистон, кишваре, ки шаш сол пеш дучори буҳрони мушобеҳе дар равобит бо Русия шуда буд, гуфтааст, ки кишвараш аз тамомияти арзии Укройн ҳимоят мекунад.

Image copyright
Image caption Маҷмаъи Умумии СММ аз кишварҳои ҷаҳон хост, ки илҳоқи Криме ба Русияро ба расмият нашиносанд ва аз тамомияти арзии Укройн ҳимоят кунанд

Вай Русияро ба ишғоли Абхозистон ва Усетиё, ду минтақаи Гурҷистон, дар соли 2008 муттаҳам карда ва гуфтааст, ки ин манотиқ ҳамчунон дар ишғоли Русия буда ва беш аз 400 ҳазор нафар аз фирориён аз ин манотиқ то кунун аз ҳуқуқи худ барои бозгашт ба хонаҳояшон маҳруманд.

Раъйи мусбати Мулдовӣ ба ин қатънома ҳам, ки мисли Гурҷистону Укройн мушкилоти мушобеҳе бо Русия дар мавриди минтақаи дорои аксарияти рустабори Дниестр дорад, амре табиъӣ арзёбӣ мешавад.

Тавфиқ Мусоев, намояндаи Ҷумҳурии Озарбойҷон, гуфта, ки вай ба ҳимоят аз қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ раъй дода, зеро кишвараш "ифротгароӣ, тундравӣ ва ҷудоиталабиро ба ҳар шева, ки рӯ назанад," маҳкум мекунад. Вай гуфта, ки кишвараш ба асли истиқлол ва тамомияти арзии ҳамаи кишварҳо эҳтиром мегузорад.

Горен Назариён, намояндаи Арманистон, ба тарафдорӣ аз Русия раъй дода ва гуфтааст, ки кишвараш мухолифи истеъмор ва ҷонибдори тарвиҷи демукросӣ ва таъйини сарнавишти худ ба дасти миллатҳост ва мехоҳад, ки буҳрони Криме дар чорчӯби қавонини байналмилалӣ ва бо муколамаи ҷонибҳо рафъ шавад.

Яке аз далоили мавзеъи муштараки Арманистон бо Русия ихтилофи ин кишвар бо Ҷумҳурии Озарбойҷон бар сари минтақаи Кӯҳистони Қарабоғ аст. Ин минтақа ҷузъе аз Озарбойҷон буда, вале ба тасарруфи Арманистон даромадааст, ҳарчанд то кунун СММ онро ба расмият нашинохтааст.

Кайрат Абдураҳмонов, намояндаи Қазоқистон, ки раъйи мумтанеъ дод, гуфтааст, ки кишвари ӯ сарзамини ақвоми мухталифе чун қазоқҳоу русҳо, укройниҳо ва тоторҳо, олмониҳову лаҳистониҳо, куреиҳо ва ғайра аст, ки дар канори ҳам ба таври мусолиматомез зиндагӣ мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, Қазоқистон ба ҳифзи истиқлол ва сабот дар Укройн алоқаманд аст. Вай эҳёи иқтисодии ин кишварро лозимаи рафъи буҳрон хонда ва гуфтааст, ки дар ҳоли ҳозир тасмимоти "хирадмандона ва ҷустуҷӯи ҳамаи гузинаҳо" барои ҳалли муслиматомези буҳрони Укройн муҳимтар аст.

Диплумосии 'тавозун'?

Мақомоти Қазоқистон, Узбакистон ва Қирғизистон қаблан ҳам ба ҳаводиси Укройн вокунишҳое, гоҳо зидду нақиз, карда буданд, вале Тоҷикистон то кунун хомуширо ихтиёр кардааст. Душанбе дар гузашта Маскавро ҳамвора шарики роҳбурдии худ донистааст. Русия дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии бузурге дорад.

Билофосила пас аз сарнагунии Виктур Ёнукувич аз қудрат дар Укройн ва вуруди нерӯҳои Русия ба минтақаи Криме Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ба Маскав даъват шуд ва Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федеросиюни Русия, аз Тоҷикистон дидор дошт.

Image caption Ҳузури беш аз як милюн муҳоҷири кории тоҷик дар Русия Душанберо водор карда, ки дар бисёре масоил зери бори Маскав равад

Бо таваҷҷуҳ ба ин масоил ва ҳузури беш аз як милюн нафар аз муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, бисёриҳо муътақиданд, ки Тоҷикистон таҳти фишори Русия қарор дорад ва ночор аст мавзеъашро дар масоили муҳимми байналмилалӣ, мисли ин яке, бо Маскав ҳамоҳанг кунад.

Пас ин суол матраҳ мешавад, ки чиро мақомоти тоҷик басароҳат ҳимояти худро аз Русия эълом накарданд? Посухи ин суол эҳтимолан ба диплумосии "тавозун" ва "дарҳои боз", ки давлати Тоҷикистон тайи чанд соли ахир дар пеш гирифта, марбут мешавад. Масали "хомушӣ тилост" яке аз вижагии ин сиёсат аст.

Ба гуфтаи бархе аз таҳлилгарон, тайи ҳудуди даҳ соли ахир, Тоҷикистон аз Русия батадриҷ фосила гирифта ва худро то ҳадде бо Омрикову Урупо ва кишварҳои исломӣ наздик кардааст. Аммо дар бархе масоил, аз ҷумла тамдиди ҳузури низомии Русия дар қаламраваш, тан ба фишорҳои Маскав додааст.

Қатъномаи Маҷмаъи Умумии СММ дар бораи Криме илзомовар нест ва кишварҳои узв муваззаф нестанд онро иҷро кунанд. Бо ин ҳол, ин ниҳод ҳамапурсии истиқлоли Криме ва пайвастани он ба Русияро номашрӯъ эълом карда, ки имкон медиҳад кишварҳои мураддад мавзеъи худро рӯшан кунанд.

Дар матни ин қатънома ба асли ҳимоят аз истиқлол, ҳокимияти миллӣ ва тамомияти арзии кишварҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, ки дар ойинномаи ин ниҳод ба сабт расида, таъкид шудааст.

Ин санад ҳамчунин ба Ёддошти соли 1994 дар бораи тазмини амнияти Укройн дар иртибот бо пайвастанаш ба Паймони Манъи Густариши Таслиҳоти Ҳастаӣ ва Паймони дӯстию ҳамкории Русия ва Укройн (1997), ки Маскав онҳоро имзо карда ва ба ҳифзи тамомияти арзии Укройн мутаъаҳҳид шудааст, истинод мекунад.

Пештар Шӯрои Амнияти СММ низ раъйгирии мушобеҳе баргузор карда буд, вале аз миёни понздаҳ кишвари узви ин шӯро Русия батанҳоӣ ин қатъномаро вету кард. Бар хилофи Маҷмаъи Умумӣ, қатъномаҳои Шӯрои Амният илзомовар аст ва кишварҳо муваззафанд онро иҷро кунанд.

Аз оғози таниш байни Укройн ва Русия, раванди баргузории ҳамапурсӣ ва илҳоқи Криме ба Русия СММ талошҳое барои ҳалли диплумотики буҳрон анҷом додааст. Аз ҷумла Бон Ки-мун, дабири кул, ва мақомҳои дигари СММ, тайи се ҳафтаи ахир ба минтақа, аз ҷумла Маскав ва Криме, сафарҳое анҷом додаанд.

Матолиби муртабит