Як раҳбари ҷунбиши дастиростии Укройн кушта шуд
Image copyrightAPМақомоти Укройн мегӯянд, ки як раҳбари ҷунбиши дастиростии ҷабҳаи ростгаро дар тирандозӣ бо пулиси Укройн дар ғарби ин кишвар кушта шудааст.
Ин тирандозиҳо дар шаҳри Ревно дар ғарби Укройн рӯй дод.
Мақомоти укройнӣ мегӯянд, ки Олександр Музичко вақте ки пулис дар садади боздошти ӯ буд, ба суи маъмурон тирандозӣ кард.
Оқои Музичко раҳбарии ҷабҳаи ростгаро дар ғарби Укройнро ба ӯҳда дошт.
Бештари аъзои ин гурӯҳро мардони ҷавони дорои ақоиди дастиростӣ ташкил медиҳанд.
Олександр Музичко муттаҳам ба мушорикат дар ҷароими созмонёфта шуда буд. Се муттаҳами дигари ин парванда боздошт шуданд.
Русия пештар хоҳони боздошти ӯ шуда ва оқои Музичкоро муттаҳам карда буд, ки дар канори пайкорҷӯёни исломгаро дар Чечен ҷангидааст.
Тағйири вазири дифоъи Укройн
Дар ҳамин ҳол маҷлиси Укройн женерол Михаил Ковалро ба унвони вазири дифоъи ҷадиди ин кишвар мансуб кардааст.
Маҷлиси Укройн пештар бо истеъфои вазири дифоъи собиқи ин кишвар мувофиқат кард.
Иҳор Танюх пас аз он ки интиқодот аз амалкарди ӯ дар ҷараёни буҳрони Криме боло гирифт, пешниҳоди канорагирӣ аз симати худро дод, ки мавриди мувофиқат қарор гирифт.
Бисёре аз намояндагони маҷлиси Укройн ӯро ба нотавонӣ дар тасмимгирӣ муттаҳам карданд.
Дар ҷараёни инзимоми Криме ба Русия, вазири дифоъи ҷадиди Укройн барои муддате тавассути нерӯҳои ҳаводори Русия боздошт шуд.
