Иқтисоди Укройн; даъво бар сари чист?

  • 21 Март, 2014
Image copyrightAFP

Рӯёрӯии қудратҳои Шарқу Ғарб дар Укройн муддатест титри яки расонаҳои ҷаҳон аст ва он қадар дар миқёси ҷаҳонӣ аҳаммият пайдо карда, ки буҳрони бузурги Cурия то ҳудуди зиёде фаромӯш ва хотираи ҷанги сард зинда шудааст.

Миллати Укройн ҳоло рӯйи як масъалаи бунёдин ихтилофе асосӣ ва ғайри қобили мусолиҳа доранд. Кишвар амалан дучори дусдастагӣ шуда ва инқилобҳои пай дар пай дигар маънии инқилобро ҳам дар он кишвар тағйир дода. Аммо Укройн воқеъан чи қадар барои Ғарб меарзад? Чи қадар барои Русия аҳаммият дорад? Иқтисоди Укройн чи вазъияте дорад ва пайвастани эҳтимолиаш ба Иттиҳодияи Урупо чи қадар ба иқтисоди Иттиҳодияи Урупо нерӯ хоҳад дод?

Вазъияти кишвар дар замони фурӯпошии Шӯравӣ

Ҷумҳурии Укройн дувумин иқтисоди бузурги Шӯравӣ буд ва як қутби кишоварзӣ ва санъати бисёр муҳимми Шӯравӣ ба ҳисоб меомад. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ, иқтисоди он кишвар ба самти моликияти хусусӣ ва бозори озод ҳаракат кард. Ин раванди интиқолӣ барои хонаводаҳои укройнӣ, ки ағлаб фақир буданд ва ҳеҷ гоҳ фаъъолияти иқтисодии хусусиро таҷруба накарда буданд, бисёр сахт буд.

Баръакси ҷамъияти кишвар, ки дар он замон дар авҷ буд, иқтисоди Укройн даврони фалокатро сипарӣ мекард. Пас аз фурӯпошии кумунизм, рушди иқтисодии Укройн то як даҳа ба сурати паёпай манфӣ буд. Фақр рӯз ба рӯз густардатар мешуд, таварруми сарсомовар эътимод ба пули миллиро аз байн бурда буд ва ҳатто гоҳе муъомилот ба шакли поёпой анҷом мешуд. Барои мисол дар соли 1993 қиматҳо беш аз 100 баробар шуданд. Як ҳамбургер, ки дар оғози сол 1 купун (воҳиди пули Укройн) қимат дошт, дар поёни ҳамон сол 101 купун шуда буд. Соли баъд, яъне соли 1994 рушди иқтисодии ин кишвар манфии 22% суқут кард.

Аз фурӯпошӣ то инқилоби норинҷӣ

Соли 1994 барои Укройн соли шурӯъи тағйирот буд. Дар ин сол ва дар авҷи нокомӣ ва фалокати иқтисодӣ мардуми он кишвар ба пойи сандуқи раъй рафтанд ва Леунид Кучморо ба унвони дувумин раиси ҷумҳури кишвари мустақилли Укройн баргузиданд. Ӯ ба забони укройнӣ суҳбат намекард ва бо аксарияти қотеъи орои мардуми нимаи шарқии Укройн, ки умуман рустабор ҳастанд, интихоб шуд, вале маҷмӯъаи иқдомоти ӯ боъис шуд, ки панҷ сол баъд дар нимаи ғарбии Укройн ҳам аксарияти болое ба даст оварад ва ду давра ба раёсати ҷумҳурӣ интихоб шавад. Ӯ иқдомоти бисёр муассире дар саҳнаи сиёсат ва иқтисоди Укройн шурӯъ кард, ки ба таври хулоса иборатанд аз:

Ислоҳоти иқтисодӣ

  • Коҳиши касрии будҷа аз 13% ба 5%
  • Коҳиш қарз аз бонки марказӣ аз 13% ба 2%
  • Интишори авроқи қарзаи дохилӣ ва вом гирифтан аз давлатҳои хориҷӣ
  • Ва дар ниҳоят пас аз ислоҳоти зиёд, ҳазфи 5 сифр аз пули миллӣ
  • Муъаррифии пули гривнӣ ба унвони воҳди пули ҷадид.

Ин иқдомот кам-кам натиҷа дод ва турмузи таваррум кашида шуд. Кучмо дар дувумин давраи раёсати ҷумҳуриаш тавонист рушди иқтисодиро ба Укройн бозгардонад.

Диплумосӣ

Бо фурӯпошии кумунизм Укройн вориси севумин зарродхонаи атумии ҷаҳон ва 780 ҳазор сарбоз шуд. Дар даврони Кучмо, Укройн, ки пештар ҳама таслиҳоти атумии худро ба Русия пас фиристода буд, расман ба унвони як кившари фоқиди таслиҳоти атумӣ дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохта шуд.

Ҳамчунин Кучмо равобити сиёсӣ ва иқтисодии Укройн бо Русияро бозсозӣ кард. Ӯ бад-ин сон муваффақ шуд аз пайвандҳои амиқи иқутисодии Укройн ва Русия ба нафъи кишвараш истифода кунад. Пас аз он Укройн тавонист бо такя бар манобеъи кишоварзӣ, маъодини ғанӣ ва бозсозии саноеъи баҷомонда аз қабл барои як даҳа рушди иқтисодии қобили қабулеро нигаҳ дорад.

Ҳамчунин дар як даврхези сиёсӣ, Кучмо дархости расмӣ барои узвият дар Иттиҳодияи Урупо дод ва баён кард, ки кишвараш то соли 2007 метавонад ба истондордҳои лозим барои узвият дар Иттиҳодияи Урупо бирасад. Чизе ки танҳо то кунун муҳаққақ нашуда, балки маншаъи ихтилофоти бузурге ҳам дар ҷомеъаи Укройн шудааст.

Инқилоби норинҷӣ ва пас аз он

Image copyrightGetty

Дар соли 2004, нахуствазир Виктур Ёнукович, барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эълом шуд. Ин натоиҷ эътирози мардумро ба ҳамроҳ дошт, масмум шудани Виктур Юшченку, рақиби аслии Ёнукович дар ҷараёни муборизоти интихоботӣ ҳам бар оташи шакку кинаи тарафдоронаш дамид ва мавҷе аз эътироз ва нофармонии маданӣ кишварро фаро гирифт. Дар ниҳоят пас аз ҳудуди се моҳ эътироз, додгоҳи олии Укройн интихоботро ботил кард ва интихоботи муҷаддаде зери назари мӯшикофонаи нозирони дохилӣ ва байналмилалӣ баргузор шуд. Ин бор Юшченку бо аксарияти шиканандаи 53% раиси ҷумҳури Укройн шуд. Ин эътирозот, ки бо истифода аз нумодҳои норинҷиранг ҳамроҳ буд, ба инқилоби норинҷии Укройн маъруф шуд.

Ёнукович низ кохи раёсати ҷумҳуриро зери нигоҳи сангини дурбинҳои расонаҳо тарк кард ва рафт, то упузисиюнро шакл диҳад. Ӯ панҷ сол баъд дубора дар интихобот ширкат кард ва ин бор пирӯз шуд. Аммо инқилоби норинҷӣ шуки сангине бар иқтисоди кишвар ворид кард. Иқтисоде, ки соли қабл аз инқилоби норинҷӣ 12.5% рушд карда буд, дар соли баъд танҳо 3.5% рушд дошт.

Арзиши иқтисодӣ ва жеупулитики Укройн

Укройн воқеъан чӣ дорад? Чаро то ин ҳад маҳалли кашмакашҳост? Урупо,Ррусия ва Иёлоти Муттаҳида ҳар кадом аз Укройн чи мехоҳанд? Ва мардуми Укройн ин васат чи орзу доранд?

Укройн пас аз Русия паҳновартарин кишвари Урупост. Бо захираи васвасаангезе аз маъодини филизии арзишманд. Ниме аз оҳану фулоди кулли Шӯравӣ аз Укройн ба даст омад. Чиҳил дарсад аз кулли санги манганези дунё дар даврони Шӯравӣ аз Укройн содир мешавад. Ба ин феҳрист манобеъи зуғолсанг, ҷива, титониюм ва никелро ҳам биафзояд. Укройн яке аз муҳимтарин кишварҳои маъдании дунёст, ки ҳам аз назари танаввуъ ва ҳам ҳаҷми захоир дар дунё камназир аст. Гуфта мешавад 8000 маъдан аз 90 коне арзишманд дар саросари хоки Укройн вуҷуд дорад.

Бар хилофи бештари кишварҳои маъданӣ, ки кишоварзии хубе надоранд, Укройн соҳиби навъи бисёр ҳосилхезе аз хок ҳам ҳаст. Ин хок, ки ба номи хоки сиёҳ (ё сарзамини сиёҳ) маъруф аст, ҳосилхезтарин хоки кураи замин аст ва дар Русия ва Конодо низ ёфт мешавад. Укройн соҳиби як чаҳорум аз хоки сиёҳи кураи замин аст.

Ин хоки истисноӣ ва ҳосилхез, яке аз сармояҳои миллии Укройн аст. Кишоварзӣ дар ин хок бидуни куд анҷом мешавад. Кишоварзон мегӯянд сарбозони нозӣ дар ҷанги ҷаҳонии дувум ин хокро медуздданд ва ба Олмон мебурданд.

Мавқеъияти жеупулитики Укройн ҳам барои Омрико васвасакунанда аст. Марзҳои Укройн танҳо 400 килуметр то Маскав фосила доранд. Дар замони ҷанги сард расидани пойи омрикоиҳо ба ин фосила аз қалби блуки Шарқ рӯбарӯ буд. Укройн яке аз сарнавиштсозтарин ҳалқаҳои Ғарб дар занҷираи маҳори Русия аст.

Илова бар ҳамаи ин, имтиёзоти билқувва, Укройн гулӯгоҳи энержии Урупост. 25 кишвари урупоӣ воридкунандаи гоз аз Русия ҳастанд ва ҳама хатти лӯлаҳо ба ҷуз яке аз хоки Укройн мегузаранд. Ин яъне Укройн гулӯгоҳи дромади гозии Русия низ ҳаст. Дар рӯзи аввали январи соли 2004, Русия шири хутути содироти гоз аз хоки Укройнро дар пайи ихтилофи бар сари ҳаққи тронзит баст. Албатта Русия ва Укройн пас аз чаҳор рӯз ба тафоҳуми аввалия расиданд. Аммо асли ихтилоф побарҷо монд. Се сол баъд дар январи соли 2009, бори дигар шири гоз баста шуд ва қурбонии ин ихтилоф ҳам саноеъи урупоӣ буданд. Урупо ҳанӯз сармои шабҳои бидуни гоз, ба хотири баста шудани ин гулӯгоҳро ба ёд дорад. Дар он сол 18 кишвари урупоӣ уфти фишор ё қатъи комили ҷараёни гозро гузориш карданд.

Дар ҳоли ҳозир, иттиҳоияи Урупо тақрибан 18.7 трилюн қуввати мукаъаби гоз масраф мекунад, ки 14 % аз хоки Укройн тронзит мешавад. Пас аҷиб нест, ки кишвари фақир (аз назари молӣ) то ин андоза барои Ғарб муҳим аст ва ҳамин аҳаммият аст, ки ҷомеъаи Укройнро дучори дудастагӣ карда.

Бунбасти кунунӣ ва буҳрони 2014

Дар феврали соли ҷорӣ бори дигар Укройн дастхуши буҳрони сиёсӣ шуд. Пас аз чанд моҳ нооромӣ порлумони ин кишвар раъй ба барканории раиси ҷумҳур дод. Юлию Тимушенку, нахуствазири пешин, ки дар зиндон буд, озод ва кохи раёсати ҷумҳурӣ тавассути мухолифон тасхир шуд. Русия бахши худмухтори Кримеро ба ишғоли низомии худ даровард ва Омрико ва муттаҳидони урупоиаш артишҳои худро дар минтақа тақвият карданд. Ин буҳрон дар канори моҷароҷӯӣ ва хатту нишон кашидани қудратҳои Шарқ ва Ғарб то кунун 20% аз арзиши пули Укройнро аз байн бурда. Барои кишваре, ки собиқаи таваррумҳои бузург ва суқути мукаррари арзиши пул дорад, ин яъне фоҷиъа.

Дар Укройн камтар касе мухолифи пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо аст, аммо бархе ба Ғарб бадбин ҳастанд ва муътақиданд пайвастан ба Иттиҳодияи Урупо бо ин иқтисоди шикананда, танҳо Укройнро як бозори масраф хоҳад кард ва дар самти муқобил ҳам гурӯҳе бар ин боваранд, ки кишвар ниёзи фаврӣ ба сармоягузории ширкатҳои чандмиллиятӣ дар манобеъ ва маъодин дорад, то рушди иқтисодӣ ва тавсиъа ба Укройн бирасад. Ин масъала дар канори вобастагиҳои қавмӣ ва нажодӣ, ихтилоф бар сари ҷиҳатгирии ояндаи кишварро ғайриқобили қабули мусолиҳа сохта.

Ёнукович дар як нутқи телевизиюнӣ бо ишора ба пешнависи тавофуқномаи пайвастани Укройн ба Иттиҳодияи Урупо аз мардумаш даъват кард, ки матни пешнависро бихонанд. Ӯ гарчи мухолифи қатъии пайвастани Укройн ба Иттиҳодия нест, аммо мегӯяд ин пешнависи илҳоқ Укройнро фаақат як бозори масраф барои маҳсулоти урупоӣ дар изои нерӯи кори арзон ва ғайримутахассис мехоҳад ва на як шарики тиҷории воқеъӣ барои Урупо. Аммо аз тарафи муқобил , нимаи ғарбии Укройн чашм ба тавони иқтисодии Урупо баста аст. Онҳо ба ҳамсоягони фақири худ менигаранд, ки дуруст монанди Укройн бахше аз Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравӣ буданд, аммо ҳоло атбоъи онҳо озодона дар ҳар ҷои Иттиҳодияи Урупо сафар, иқомат ва кор мекунанд

Матолиби муртабит