Омрико 'ҳалқаи ёрони Путинро' таҳрим кард

Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, мегӯяд кишвараш таҳримҳои ҷадидеро алайҳи афроди наздик ба Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, вазъ кардааст ва чунончи мавзеъи Маскав дар баробари буҳрони Укройн тағйир накунад, Кохи Сафед иқдомоти бештареро мадди назар хоҳад дод.
Оқои Убомо рӯзи панҷшанбеи 20 март зимни эъломи таҳримҳои ҷадид алайҳи афроди наздик ба Кремлин, аз таҳрими бонки Русия, ки гуфта мешавад, тавассути "ҳалқаи ёрони Путин" идора мешвад, хабар дод.
Ҳамзамон, раҳбарони Иттиҳодияи Урупо, ки дар Бруксел, пойтахти Белжик дидор карданд, гуфтаанд дар ҳоли баррасии таҳримҳои шадиди иқтисодӣ алайҳи Русия ҳастанд.
Бо тасвиби илҳоқи нимҷазираи Криме ба Федеросиюни Русия дар Кремлин, танишҳо миёни Ғарб ва Маскав боло гирифтааст ва ду тараф якдигарро ба таҳрим ва инзиво таҳдид мекунанд.
Оқои Убомо рӯзи панҷшанбе ҳамчунин тасреҳ кард, ки "Русия бояд бидонад чунончи ба буҳрони феълӣ доман бизанад, бояд мунтазири инзивои бештар аз ҷомеъа бошад."
Дар баробар Маскав ҳам эълом карда, ки барои мақомҳои омрикоӣ таҳримҳое вазъ кардааст.
Рӯзи чаҳоршанбе ҳам муҷодалаи лафзӣ миёни намояндагони Русия ва Омрико дар Созмони Милали Муттаҳид хабарсоз шуд; ҷое ки Сомонто Повер Русияро "дузд" хитоб кард ва дар баробари Виталий Чуркин хитоб ба кишварҳои ғарбӣ гуфт "рафтори онҳо ҳанӯз мутобиқи даврони истеъморгарӣ аст."
Дар ҳамин ҳол, аз нимҷазираи худмухтори Криме хабар мерасад, ки нерӯҳои ҳомии Русия ду нови боқӣ мондаи Укройнро, ки дар бандари Севоступул лангар андохта буданд, тасарруф кардаанд.
"Ҳалқаи ёрони" Путин
Дар миёни 30 мақоми русӣ, ки дар феҳристи ҷадиди таҳримҳои Омрико қарор гирифтаанд, номи бисёре аз ҳомиёни аслии Владимир Путин ба чашм мехӯрад.
Номи Сергей Иванов, раиси дафтари оқои Путин ва Аркадий Рутенберг, милиёрдери саршиноси рус, ҳам дар ин феҳрист дида мешавад.
Таҳримшудагон аз ҳар гуна муъомила, ки бо арзи дулори Омрико сурат гирад, маҳрум хоҳад шуд, дороиҳои онҳо дар Омрико масдуд мешавад ва феълан аз доду ситаде иқтисодӣ бо Омрико манъ хоҳанд шуд.
Гузоришгари Би-би-сӣ дар Русия мегӯяд, бо нигоҳе ба ин феҳрист мутаваҷҷеҳ мешавем, ки Владимир Путин чи гуна қудратро дар Русия дар даст дорад; бо ҳалқае аз ёрони қадимӣ, ки вафодоришон хадшанопазир ба назар мерасад; аксари ин афрод собиқаи кор дар ниҳодҳои амниятии Русияро дар корномаи худ доранд.
Бонки Русия ҳам ки дар феҳристи таҳримҳои ҷадиди Омрико қарор гирифта, як бонки хусусии мутааллиқ ба мақомҳои аршади Русия аст.
Ҳамзамон муттаҳидони Омрико дар Урупо ҳам аз омода шудан барои вазъи таҳримҳои бештар алайҳи Маскав хабар медиҳанд.
Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, ки гуфта мешавад аз миёни раҳаброни кишварҳои ғарбӣ ӯ нуфузи бештаре бар Владимир Путин дорад, рӯзи панҷшанбе дар ҳошияи иҷлоси раҳбарони Иттиҳодияи Урупо дар Бруксел гуфт дар сурате ки Русия бихоҳад беш аз ин ба буҳрони Укройн доман бизанад, порлумони Олмон омода аст, то таҳримҳои иқтисодии бештареро алайҳи ин кишвар эъмол кунад.
Иттиҳодияи Урупо даври нахусти таҳримҳои худ алайҳи Русияро рӯзи душанбеи 17 март ва танҳо пас аз поёни ҳамапурсӣ дар Криме эълом кард. Ҳамапурсие, ки натоиҷион аз ризояти 97 дарсад аз ширкаткунандагон дар илҳоқи Криме ба хоки Русия хабар дод.
