Русия дастури тағйири сохтори идороти давлатии Кримеро содир кард
Image copyrightAFPВладимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, барои таҳкими раванди илҳоқи нимҷазираи Криме ба он кишвар, дастур додааст, ки то 29 моҳи март сохтори тамоми идороту созмонҳои давлатии Криме бар асоси ташкилоти федероли Русия барномарезӣ шаванд.
Вилём Ҳейг, вазири умури хориҷаи Бритониё, ба Русия ҳушдор додааст, ки он кишвар баъд аз илҳоқи нимчазираи Криме бо як давраи тӯлонӣ аз инзивои сиёсӣ ва иқтисодӣ рӯбарӯ хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол, Владимир Чижов, сафири Русия дар Иттиҳодияи Урупо, ба Би-би-сӣ гуфт, ки аз "бозпайвасти" Криме истиқбол мекунад.
Оқои Чижов ин иддаъоро, ки илҳоқи Криме аз қабл тарҳрезӣ шуда буд, рад кард ва гуфт, ки илҳоқи Криме ба васлаи ноҷуре поён дод, ки шаст сол бар домони Укройн буд.
Рӯзи 22 март нерӯҳои Русия бо худравҳои зиреҳӣ вориди пойгоҳи ҳавоии Белбек дар муҷовирати бандари Севоступули Криме шуданд ва кунтрули комили ин пойгоҳро ба даст гирифтанд.
Пас аз н ҳам гурӯҳе аз нерӯҳои ҳаводори Русия ба пойгоҳи нерӯи дарёии Укройн дар ғарби нимҷазираи Криме юриш бурда буданд.
Ин афрод пас аз ҳамла ба пойгоҳи Нувуфедурифко (Новофедоревка) онро таҳти кунтрули комили худ дароваранд.
Сафири Русия дар Иттиҳодияи Урупо гуфт, ки нерӯҳои укройнӣ метавонистанд ба артиши Русия бипаванданд, истеъфо бидиҳанд ва ё бо ҳамон унифурмҳои низомии худ ба Укройн бозгарданд.
Владимир Чижов сипас ба Ғарб ҳушдор дод, ки агар кумакҳои низомӣ ба Укройн ирсол кунад "иштибоҳи саҳмгине" муртакиб мешавад.
Сафири Русия ҳамчунин гуфт, ки кишвараш давлати ҷадиди Укронро ба расмият намешиносад ва умедвор аст, ки ҳуқуқи ақаллияти рус дар он кишвар риъоят шавад.
Ӯ афзуд:" Мо мехоҳем маноеъи касоне ки дар шарқи Укройн зиндагӣ мекунанд, рустаборҳо, русзабонҳо ва тамоми ҷамъияти шарқи Укройн аз тарафи ҳокимияти кунунии Укройн риъоят шавад."
Оқои Чижов гуфт, ки Русия ба ҳеч ваҷҳа қасди эъзоми нерӯ ба дигар нуқоти Укройн ё Урупоро надорад
