Воми Сандуқи Байналмилалии Пул ба Укройн
Image copyrightGettyCандуқи Байналмилалии Пул ба тавофуқ бо Укройн барои пардохти як воми 14 то 18 миллиёрддулорӣ ба ин кишвар наздик шудааст.
Ин мувофиқатнома дар сурате ниҳоӣ хоҳад шуд, ки ҳайати мудираи Сандуқи Байналмилалии Пул онро ба тасвиб бирасонад. Ҳадаф аз ин кумаки молӣ наҷоти иқтисоди Укройн аст.
Ин мавзуъ пас аз поёни дидори сеҳафтаии мақомоти Сандуқи Байналмилалии Пул аз Укройн эълом шудааст.
Дар сурати имзои ин мувофиқатнома Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ҳам метавонанд воме ба арзиши 28 миллиёрддулорӣ ба Укройн бипардозанд.
Раиси ҳайати эъзомии Сандуқи Байналмилалии Пул ба Укройн дар баёнияе навиштааст: "Дар пайи ошуфтагиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ Укройн тавониста ба саботе нисбӣ даст пайдо кунад, аммо бо чолишҳои сахте рӯбарӯ аст."
Дар остонаи варшикастагӣ
Пардохти ин вом ба мувозоти иҷрои як барномаи ислоҳи иқтисодӣ анҷом хоҳад гирифт.
Қатъи субсиди энержии масрафкунандагон яке аз шароити кумакҳои байналмилалӣ барои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва молии Укройн аст.
Рӯзи чаҳоршанбеи 26 март (6 фарвардин) давлати Укройн бо афзоиши 50 дарсадии қимати гоз мувофиқат кард то роҳ барои бастаи кумакии Сандуқи Байналмилалии Пул боз шавад.
Аммо Арсений Ятсенюк, нахуствазири ҷадиди Укройн ба порлумон гуфт, ки Укройн дар остонаи "варшикастагии молӣ ва иқтисодӣ" қарор гирифтааст.
Виктор Янукович, раиси ҷумҳурии барканоршудаи Укройн бо ин иқдом, ки боиси норизоятии мардум мешуд, мувофиқат накарда буд.
Нахуствазири Укройн гуфт, ки бидуни барномаи риёзатии пешниҳодии Сандуқи Байналмилалии Пул рушди иқтисодии Укройн мумкин аст то 10 дарсад дар соли ҷорӣ коҳиш пайдо кунад.
