Оё НОТУ метавонад Русияро маҳор кунад?
Image copyrightBBC World Service"Бигзоред аввал аз ҳама як нуктаро комилан рӯшани бигӯям. Ҷанги сард бознагаштааст. Русия бо тамоми тавони низомӣ ва худнамоиҳояш Иттиҳоди Шӯравии собиқ нест ва шароити феълӣ ҳам бозгашти даврони набарди идеулужик, ки ҷаҳонро дар қарни бистум ба ду урдӯгоҳ тақсим карда буд, нест."
Ин ҳарфҳои як диплумоти аршади созмони НОТУ аст, ки ахиран бо ӯ гуфтугӯ кардам.
Вале пас аз илҳоқи Криме ба хоки Русия ва тадовуми таҳдиди низомии Маскав алайҳи бахши шарқии Укройн тағироти муҳимме рӯй додааст.
Давлати Русия улгуи рафтори диплумотикро, ки пас аз поёни ҷанги сард дар Урупо тасбит шуда ва дар ҳақиқат шеваи матлуби ҳаллу фасли буҳронҳои минтақаӣ пас аз суқути Олмони нозӣ дар Урупо талаққӣ мешавад, канор гузоштааст.
Шеваи матлуби Урупо ин буда, ки ихтилофотро ба ҷои қудрати низомӣ метавон бо диплумосӣ ҳал кард ва меъёри санҷиши қудрати ҳар кишвар ва ё ҳар блок дар тавони иқтисодӣ аст ва на қудрати низомии он.
Бадтар аз ҳама ин ки суханронии даҳ рӯзи пеши Владимир Путин дар кохи Кремлин нишон дод, ки он чӣ ки Маскав дар мавриди Криме ва Укройн анҷом дода, поёни моҷаро нест. Сухангӯёни давлати Русия мумкин аст ин нуктаро такрор кунанд, ки қасди эъзоми нерӯ ба хоки Укройнро надоранд, вале нақшаи истиқрори нерӯҳои Русия ҳовии паёми мутафовуте аст ва нишон медиҳад, ки барномаи воқеии онҳо вуруд ба хоки Укройн аст.
Владимир Путин то куҷо пеш хоҳад рафт?
Суханронии даҳ рӯзи пеши Владимир Путин аҳамияти вижае дошт. На фақат чун дар тавзеҳи идаҳои худ комилан ҷиддӣ ва қотеъ буд, балки ба ин хотир ки суханони ӯ баёнгари ошкори як навъи эҳсоси сархӯрдагӣ аз тазъифи Русия дар солҳои пас аз суқути иттиҳоди Шуравӣ ва гароиш ба талофӣ кардани он давронро мунъакис мекард.
Фаронсавиҳо барои баёни ин ҳолат калимаи гӯёе доранд. "Рунчисм" дар ҳақиқат баёнкунандаи таркибе аз эҳсоси интиқом ва иъодаи қудрат пас аз як шикасти таҳқиромез аст. Ин мафҳум пас аз шикасти сангини Фаронса аз Прус дар соли 1870 дар равоншиносии фаронсавиҳо ҳак шуд ва бисёре аз русҳо ба хусус ҳалқаи наздикони Владимир Путин, дар мавриди солҳои пас аз суқути Иттиҳоди Шуравӣ ва он чи, ки Русия аз Ғарб дидааст, эҳсоси мушобеҳе доранд.
Бархе аз мунтақидон мегӯянд, ки густариши марзҳои НОТУ пас аз поёни ҷанги сард далели иқдомоти ахири Русия дар Укройн аст
Владимир Путин эълом кард, ки Русия мехоҳад қудрати худро боз ёбад ва қасд дорад ин қудратро дар манотиқе, ки ҳавзаи нуфузи он кишвар талаққӣ мешавад, эъмол кунад. Укройн бузургтарин бахш аз минтақае аст, ки Маскав онро ҳавзаи нуфуз ва ё ҳаёти хилвати худ талаққӣ мекунад.
Албатта мушаххас нест, ки Владимир Путин ҳозир аст то куҷо пеш биравад. Аммо хатари ношӣ аз чунин тағйире дар роҳкори Маскави комилан аён аст. Ин хатар дар мавриди Укройн ва ноҳияи Тронсднестриё дар Мулдовӣ комилан ҷиддӣ аст ва пас аз он маълум нест, ки чӣ манотиқи дигареро ҳадафи худ қарор диҳад.
Ба ҳамин хотир кишварҳое назири се ҷумҳурии Болтик, ки даҳ соли пеш ба паймони НОТУ пайвастанд, то ҳадде эҳсоси амният мекунанд. Ва боз ба ҳамин хотир аст, ки ҳифозат ва додани тазмин ба кишварҳои узви ин паймон якбора ба авлавияти аслии НОТУ бадал шудааст.
Кишварҳои Урупоӣ, ки таҳти фишори иқтисодӣ ҳастанд, мумкин аст маҷбур шаванд буҷеи дифоъии худро афзоиш диҳанд
Паймони ниизомии Отлонтики Шимолӣ наметавонад аҳдофи воқеъии Кремлинро пешбинӣ ва ташхис диҳад. Фақат бо таҳлили иқдомоти амалии Русия метавонад тавоноиҳои онро бисанҷад.
Аммо НОТУ чӣ метавонад бикунад? Аввалин иқдоми он додани тазмин ба аъзои ин паймон дар шимоли Урупо аст.
Ҳимоят аз Укройн
Паймони НОТУ дар аввалин иқдомаш мумкин аст ҳузури низомии худро дар ҷумҳуриҳои Болтик ва Лаҳистон тақвият кунад. Анҷоми размоишҳои кучак ба сурати мудовим метавонад ҳузури низомии НОТУ дар ин кишварҳоро дар ояндаи кӯтоҳмуддат доимӣ кунад.
Дар айни ҳол ин паймон ба ҳимояти худ аз Укройн хоҳад афзуд. Албата баъид аст ки феълан Укройн ба паймони НОТУ бипайвандад, чун раҳбарони феълии он кишвар чунин тамоюле надоранд. Вале набояд фаромӯш кард, ки Укройн расман ҷузъи ҳамкорони НОТУ аст. Паймони НОТУ барои беҳбуди кунтрули давлати мунтахаб бар нерӯҳои мусаллаҳ барномарезиҳои дифоъӣ ва умури дигар ба Укройн кумак кардааст.
Ба эҳтимоли зиёд чунин кумакҳое ва илова бар он кумакҳои низомии ғайритаслиҳотии дигар барои тақвияти тавоноиҳои артиши рӯ ба измиҳлоли Укройн идома хоҳанд ёфт.
Паймони НОТУ дар айни ҳол нишон дода, ки ҷиҳатгирӣ дар густариши марзҳои ин паймон тағйир нахоҳад кард. Бархе аз мунтақидон мегӯянд, ки густариши марзҳои паймони НОТУ пас аз поёни ҷанги сард ба наҳве боъис шуд, ки Русия ба ин шакл дар Укройн дахолат кунад. Ба эътиқоди ин гурӯҳ густариши марзҳои паймони НОТУ боъис шуда, ки Русия эҳсос кунад дар ҳолати муҳосира қарор гирифтааст.
Мақомоти НОТУ чунин таҳлилеро аз бунён рад мекунанд. Ондрес фу Росмусен, дабири кулли НОТУ дар мақолае, ки чанд рӯз пеш дар матбуъоти тамомии 12 кишваре, ки пас аз поёни ҷанги сард ба НОТУ пайвастаанд, мунташир шуд, таъкид кард, ки густариши марзҳои НОТУ барои кулли Урупо барои ин паймон ва аъзои ҷадиди он мусбат будааст. Ӯ афзуд, ки раванди густариши НОТУ идома хоҳад ёфт ва ҳар кишваре ба таври мустақил бояд дар мавриди интихоби иттиҳоди минтақаии худ тасмим бигирад.
Бар ҳасби тасодуф мулоқоти ин ҳафтаи НОТУ бо се солгард ҳамзамон шудааст. Понздаҳумин соли пайвастани Лаҳистон, Маҷористон ва ҷумҳурии Чек, даҳумин соли пайвастани Булғористон, Эстунӣ, Латунӣ, Литвонӣ, Румонӣ, Ислувонӣ ва Услувокӣ ва панҷумин соли пайвастани Олбонӣ ва Курвосӣ ба ин паймон. Вузарои ширкаткунанда дар ҷаласа ин муносибатҳоро ҷашн хоҳанд гирифт ва мусалламан ин барнома аз диди раҳбарони Русия дур нахоҳад монд.
Вале аз ҳама муҳимтар раҳбарони НОТУ бояд барои оянда барномарезӣ кунанд. Муҳимтарин нукта ин аст ки ин паймон дар баробари бодҳои шадиде, ки аз суи Маскав мевазанд, чӣ вокунише бояд нишон диҳад? Тарҳҳое, ки дар ҷаласоти ин ҳафта матраҳ мешаванд дар иҷлоси баъдии сарони кишварҳои узви НОТУ, ки қарор аст дар Уейлс баргузор шавад, мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Қавонини бозӣ
Мабоҳиси ҷаласаи ояндаи НОТУ ба мутолеъоти роҳбурдии ахири ин паймон ҷиҳати дақиқтаре хоҳад дод. Ба унвони намуна ояндаи муносиботи НОТУ ва Русия чӣ гуна хоҳад буд? Оё ин таниш ва сардии муносибот муваққат аст? Ва ё он тавр, ки як мақоми НОТУ ба ман гуфт тамоми талошҳои солҳои ахир барои банои навъе ҳамкорӣ бо Русия ба хатар афтодааст?
Агар қавоъиди амнияти Урупо тағйир карда бошанд, паёмҳои низомии он чӣ хоҳад буд? Кишварҳои урупоӣ, ки ҳама аз назари иқтисодӣ таҳти фишор ҳастанд, мумкин аст маҷбур шаванди буҷеҳои дифоъии худро афзоиш диҳанд ва ё ҳадди ақал тавоноии низомии худро ҷиддитар бигиранд.
Давлати Омрико ба шакли маҳсус ва ошкортаре бояд таъаҳҳуди худ ба амнияти Урупоро мавриди таъкид қарор диҳад. Шояд барномарезӣ ва улгуи размоишҳо ва ҳамкориҳои низомӣ бояд тағйир кунад. Шояд сохтор ва созмондиҳии нерӯҳои муштараки НОТУ низ бояд мавриди бозбинӣ қарор бигирад.
Мусалламан вазъият ба шакли қабл нахоҳад монд. На ба ин хотир ки даврони ҷанги сард бозгашта, балки ба ин далел ки нафаси вуҷудии паймони НОТУ, яъне дифоъ ва ҳифозат аз аъзои ин паймон, ба нисбати чанд ҳафтаи пеш якбора аҳамияти бисёр бештаре пайдо карда аст .
