Русия қимати гоз барои Укройнро боло бурд

  • 1 Апрел, 2014
Image copyrightAP
Image caption Ширкати "Газпром" қммати гози содиротиро барои Укройн ба беш аз 40 дарсад афзоиш додааст

Алексей Миллер, раиси ширкати давлатии "Газпром"-и Русия гуфтааст аз имрӯз, 1 апрел қимати гоз барои Укройн афзоиш ёфта ва қимати ҳар ҳазор метри мукаъаб акнун барои ин кишвар 385,5 дулор хоҳад буд.

Ин тасмими ширкати "Газпром" бадин маъно аст, ки тасҳилоти фурӯши гоз барои Укройн, ки моҳи декабри гузашта Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия ва Виктор Янукович, раиси ҷумҳури пешини Укройн дар бораи он тавофуқ карда буданд, акнун лағв шудааст.

Гуфта мешавад дар рубъи аввали соли ҷорӣ Маскав ба Киев ҳар ҳазор метри мукаъаб гозро бо қимати 268,5 дулор фурӯхтааст. Бадин тартиб қимати ҳар ҳазор метри мукаъаб гоз 117 дулор, ё 43,5 дарсад афзоиш ёфтааст.

Алексей Миллер ба хабаргузориҳо гуфтааст, далели афзоиши баҳои гоз барои Укройн напардохтани бидеҳии Укройн аз роҳи хариди гоз дар соли 2013, адами пардохти саддарсадии қимати гоз дар соли ҷорӣ ва афзоиши бидеҳии Укройн аст.

Гуфта мешавад ҳамакнун бидеҳии Укройн аз ҳисоби хариди гози Русия 1,7 миллиёрд дулорро ташкил медиҳад ва моҳе қабл он 1,5 миллиёрд дулор будааст.

Ширкати "Газпром" моҳи март таҳдид карда буд, ки тасҳилот дар қимати гоз барои Укройнро лағв хоҳад кард.

Он замон раиси ин ширкат дар мулоқоте бо Дмитрий Медведев гуфта буд, ки Укройн қимати гози масрафшуда дар моҳи январро ба сурати комил напардохта ва гуфтааст моҳи феврал низ тавони пардохти пули хариди гозро ба далели мушкилоти молӣ нахоҳад дошт.

Дар он замон оқои Медведев посух дод, ки лағви тасҳилот дар қимати гоз дар шароити кунунӣ амре комилан дуруст аст. Бо дарназардошти ин суханони мақомоти Русия кобинаи Укройн ба ҳангоми баррасии буҷеи соли ҷорӣ сақфи қимати хариди гозро барои ин кишвар то 480 дулор барои ҳар метри мукаъаб пешбинӣ кард.

Нишебу фарозҳои таъини қимати гоз

Мақомоти ҷадиди Укройн барои шароити мушкиле дар иртибот ба қимати гоз омода мешуданд: фарзи мисол бар асоси гузоришҳои расонаҳои укройнӣ Арсений Ятсенюк, нахуствазири ҷадиди ин кишвар тахмин зада буд, ки қимати гози Русия имкон дорад барои Укройн ба 500 дулор барои ҳар ҳазор метри мукаъаб бирасад.

То замони тавофуқи миёни Путин ва Янукович дар моҳи декабр Укройн гозро аз Русия бо қимати дар ҳудуди 400 дулор барои ҳар ҳазор метри мукаъаб мехарид.

Тибқи қарордоди мунъақидаи миёни Русия ва Укройн, ки соли 2009 тавассути Юлия Тимошенко, нахсутвазири вақти Укройн имзо шуда буд ва соли 2010 тағйироте бо ширкати Виктор Янукович дар он ворид шуд, қимати гози Русия барои Укройн бо назардошти қимати маводи сӯхт дар бозори Урупои Ҷанубӣ таъин мешавад.

Таври мисол дар соли 2012 қимати гози Русия барои Укройн ба сурати мутавассит 416,25 дулор барои ҳар ҳазор метри мукаъаб будааст ва дар ин сол Укройн ба маблағи 13,69 миллиёрд дулор аз Русия гоз харидааст.

Эҳтимол меравад бароварди қимати гоз барои Укройн фардо, сешанбе тағйир кунад, зеро Шурои Федеросиюни Русия (Маҷлиси улёи порлумони Русия) дар иҷлоси изтирории худ мавзуъи лағви тавофуқоти Харков миёни Русия ва Укройнро, ки соли 2010 имзо шуда буд, баррасӣ мекунад. Тибқи ин тавофуқот Укройн дар изои тамдиди ҳузури новгони Дарёи Сиёҳи Русия барои 25 соли дигар (аз соли 2017 то соли 2042) дар шаҳри Севастопол гозро бо қимати пойинтар аз Русия дарёфт мекард.

Дирӯз душанбе, Думо (Маҷлиси суфлои порлумони Русия) тарҳи пешниҳодии Владимир Путин дар мавриди лағви тавофуқоти Харковро банобар ин ки ҳамакнун Криме тибқи қавонини Русия "ҷузъе аз Русия шуда" тасвиб кард.

Матолиби муртабит