'Ақабнишинии бахше' аз нерӯҳои Русия аз марзи Укройн

  • 1 Апрел, 2014
Image copyrightReuters

Давлати Олмон мегӯяд Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия, дастури "ақабнишинии бахше" аз нерӯҳои низомии кишвараш аз марзи Укройнро содир кардааст.

Оқои Путин дар тамосе телефунӣ бо Онгело Меркел, садри аъзами Олмон, ӯро аз ин мавзӯъ огоҳ кардааст.

Ҳанӯз ҳазорон нафар аз сарбозони рус дар наздикии марзи Укройн мустақар ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол, Дмитрий Медведев, нахуствазири Русия, ки аз Криме дидор мекунад, эълом кардааст, ки ба манзури ҷазби ҳарчи бештари сармоядорон ин шибҳиҷазираро бо эҷоди тахфифҳои вижаи молиётӣ ва тасҳилоти идорӣ ба як минтақаи вижаи тиҷорӣ табдил хоҳад кард.

Аммо Укройн дидори оқои Медведев аз Кримеро маҳкум кард.

Сухангӯйи вазорати умури хориҷаи Укройн гуфт, ки дидори як мақоми аршади Русия аз ин шибҳиҷазира дар дарёи Сиёҳ ба масобаи "нақзи сареҳи" қавонини байналмилалӣ аст.

Шаҳрвадони Криме рӯзи рӯзи 16 март бо ширкат дар як ҳамапурсӣ ба ҷудоӣ аз Укройн ва илҳоқ ба Русия раъй доданд. Аммо Маҷмаъи Умумии Созмони Милал илҳоқи Криме ба Русияро маҳкум карда ва Укройн низ гуфтааст, ки ҳаргиз онро ба расмият нахоҳад шинохт.

Убур аз "бадтарин давра"

Таниш миёни Русия ва Ғарб пас аз суқути давлати Виктур Ёнукувич, раиси ҷумҳури собиқи Укройн, ки ба Маскав наздик буд, боло гирифт.

Тасмими мутаъоқиби Русия барои илҳоқи Криме боъиси буҳронӣ шудани ин равобит шуд.

Омрико ва Иттиҳодияи Урупо таҳримҳоеро бар баъзе аз аъзои ҳалқаи наздикони оқои Путин ва соири мақомҳои Русия эъмол кардаанд. Русия дар муқобил таҳримҳое бар баъзе аз аъзои Кунгреи Омрико таҳмил кардааст.

Мавзӯъи коҳиши нерӯҳои Русия рӯзи якшанбеи 30 март меҳвари аслии музокирот байни Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ва Сергей Лавров, ҳамтои руси ӯ, буд.

Оқои Керӣ аз Русия дархост кард, ки нерӯҳои худ дар марзи шарқии Укройнро коҳиш диҳад, дар ҳоле ки оқои Лавров бар лузуми эҷоди давлате бо сохтори федерол дар Укройн таъкид варзид.

Авохири ҳафтаи пеш, ибтидо Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико, аз Русия хост нерӯҳояшро аз ин марз ақаб бикашад. Ин тақозо тамоси телефунии Владимир Путин бо оқои Убоморо ба дунбол дошт.

Рӯзи душанбе оқои Путин садри аъзами Олмонро аз дастури худ дар бораи "ақабнишинии бахше аз нерӯҳои Русия аз марзи шарқии Укройн" огоҳ кард.

Дар баёнияе, ки дафтари хонум Меркел мунташир карда, "ду раҳбар ҳамчунин дар бораи гомҳои бештар барои эҷоди сабот дар Укройн ва Тронсднестриё суҳбат кардаанд. Тронсднестериё бахше русзабон дар марзи ғарбии Укройн аст, ки дар соли 1990 аз Мулдовӣ эъломи истиқлол кард.

'Ҳудуди 40 ҳазор сарбоз'

Дар баёнияе, ки Кремлин мунташир карда, ба ақабнишинии бахше аз нерӯҳо ишора нашуда, аммо дар он омадааст, ки ду раҳбар дар бораи "фурсатҳое барои ҳимояти байналмилалӣ барои бозгардондани сабот" ба Укройн суҳбат кардаанд.

Бар асоси ин баёния, оқои Путин ҳамчунин ба хонум Меркел гуфтааст, ки Укройн бояд даст ба ислоҳоти Қонуни асосӣ бизанад, то аз таъмини манофеъи ҳамаи бахшҳои ин кишвар итминон ҳосил шавад ва хостори тадобире барои поёни "инсидоди" (блокадаи) Тронсднестриё шуд.

Вазорати хориҷаи Русия ҳамчунин гуфт, ки оқои Лавров дар тамосе телефунӣ гуфтугӯҳои як рӯз пештар бо Ҷон Кериро пай гирифтааст.

Фронк Волтер Иштойнмойер, вазири хориҷаи Олмон, пас аз дидоре бо ҳамтоёни фаронсавӣ ва лаҳистонии худ, гуфт: "Умедворем бадтарин давраи буҳронро пушти сар гузошта бошем."

Ин изҳори назар пас аз он буд, ки ба нақл аз як сухангӯйи вазорати дифоъи Русия гузориш шуда буд, ки сарбозони як гурдони пиёданизоми мутурӣ дар ҳоли тарки минтақа ҳастанд.

Ба гуфтаи Ҷонотон Моркус, хабарнигори Би-би-сӣ дар Бруксел, як манбаъи огоҳ дар НОТУ гуфта, ки нишонаҳое аз ҳаракоти нерӯҳои Русия ба чашм мехӯрад, аммо арзёбии ҷиддияти он ҳанӯз осон нест.

Як диплумоти аршади ғарбӣ гуфт, ки ҳудуди 40 ҳазор сарбози рус дар наздикии марзи Укройн мустақар ҳастанд ва онҳо ҳанӯз манбаъи билқувваи иръоб (таҳдиду таҳрик) барои Укройн маҳсуб мешаванд.

Рӯзи сешанбе вузарои хориҷаи НОТУ барои баҳс дар бораи ин буҳрон ва кумак ба Укройн дидор хоҳанд кард.

Матолиби муртабит