Додгоҳҳое дар Русия ду тоҷикистонии 25-соларо маҳкум ба зиндон карданд
Идораи бозҷӯии Русия мегӯяд, ки як табаъаи Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус дар он кишвар зиндонӣ шудааст.
Тибқи хабари ин сойт, ки рӯзи душанбеи 24 март мунташир шудааст, ин сокини 25-солаи Тоҷикистон барои даст задан ба таҷовузи як сокини ноҳияи Трусовскии шаҳри Астрахани барои 4-сол ва шаш моҳ маҳкум ба зиндон шудааст.
Пулиси рус ҳуввияти ин фардро ифшо накарда, аммо гуфтааст, ки ӯро баъд аз ҳудуди як солу 11 моҳи фирор аз макони воқеъа дар шаҳри Сант-Питерсбурги Русия боздошт кардааст.
Ҳамчунин бар асоси иттилоъи сойти Додситонии Русия, додгоҳи ноҳияи Ленини шаҳри Костромаи Русия, як ҷавони тоҷикро барои сирқат ва ҳамла ба як зан, аз ҷумлаи сокинони он кишвар барои чор се сол ба ҳабси шартӣ маҳкум кардааст.
Масъулони додситонӣ мегӯянд, ки додгоҳ бо дарназардошти таслими довталабонаи ӯ ба кормандони интизомӣ, иқрори ҷурм ва обистан будани занаш ин табаъаи Тоҷикистонро ба чор сол ҳабси шартӣ бо озмоиши се сола маҳкум кардаст.
Бар асоси иттилоъи расмӣ дар ҳоли ҳозир дар зиндонҳои Русия ҳудуди панҷ ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон барои содир кардани ҷароими мухталиф зиндонӣ ҳастанд.
