Ибҳом дар мавриди ду мусофири эронии ҳавопаймои нопадидшудаи Молезӣ
Image copyrightAPБи-би-сии форсӣ хабардор шуда, ки ду нафар аз мусофирони ҳавопаймои нопадидшудаи молезӣ эронӣ будаанд. Дар ҳамин иртибот, як эронии муқими Молезӣ бо муъаррифии худ ба унвони дӯсти яке аз ин ду мусофир гуфт, ки онҳо мехостаанд бо истифода аз поспуртҳое, ки мутаъаллиқ ба онон набуда, худро ба Урупо бирасонанд.
Давлати Молезӣ гуфта афродеро, ки бо "гузарномаи дуздӣ" савори ин ҳавопаймо буданд, шиносоӣ карда, ки зоҳиран шаҳрванди шарқи Осиё нестанд. Бо ин ҳол, Молезӣ миллияти ин афродро мушаххас накардааст.
Пештар пулиси байналмилал (Интурпул) эълом карда буд ҳувияти тамоми мусофирони ҳавопаймо дар дасти баррасӣ аст, то рӯшан шавад кадом ду мусофир бо ду гузарномаи дуздӣ савори ҳавопаймо шудаанд.
Ба гуфтаи "дӯсти яке аз ду мусофири ҳавопаймо" яке аз ин ду нафар поспурти итолиёӣ дошта ва дигаре бо поспурти утришӣ савори ҳавопаймо шудааст.
Ҳавопаймои нопадидшудаи ширкати ҳавопаймоии Молезӣ, ки се рӯз пеш дар Куоло Ломпур, пойтахти ин кишвар, озими Пекан буд, баъд аз вуруд ба осмони Виетном нопадид шуд.
Дар айни ҳол, рӯзномаи "Фойненшол тоймз" душанбеи 10 март ба нақл аз молики як ожонси мусофиратӣ дар Тойланд навишта, ки билетҳои ду мусофири эронии ҳавопаймо аз тариқи як робити эронӣ суфориш дода шудааст.
Молики ин ожонси мусофиратӣ гуфта аз муддатҳо пеш бо ин робити эронӣ кор мекунад, ки "Алӣ" ном дорад. Ба навиштаи "Фойненшол тоймз" мушаххас нест, ки ин робит ду мусофири эронии парвози ҳавопаймои Молезиро мешинохтааст ё на.
"Фойненшол тоймз" афзуда, ки молики ожонси тойландӣ шумораи тамоси "Алӣ" дар Теҳронро дар ихтиёри ин рӯзнома қарор дода, аммо тамос бо ин шумора беҳосил будааст.
Баррасии "тамоми эҳтимолоти мумкин"
Раиси созмони ҳавопаймоии Молезӣ эълом карда, ки панҷ нафар аз мусофирон, ки билет харида ва бори худро таҳвил дода буданд, савори ҳавопаймо нашуда ва дар натиҷа бори онҳо аз ҳавопаймо тахлия шудааст.
Ӯ афзуда, ки "тамоми эҳтимолоти мумкин" баррасӣ хоҳанд шуд ва эҳтимоли ҳавопайморабоӣ низ мунтафӣ нест.
Дар мавриди нопадид шудани ин ҳавопаймо, эҳтимоли анҷоми амалиёти теруристӣ ҳам матраҳ шуда ва Эф-би-ой дар ин замина ба кумак омадааст.
Рунолду Нубел, раиси Интерпул, дар баёнияе эълом карда ҳанӯз барои ин ки байни мавзӯъи гузарномаҳои дуздии итолиёӣ ва утришӣ ва ду мусофири ҳавопаймо ва нопадид шудани он робитаи мустақиме дар назар гирифта шавад, зуд аст.
Интерпул дарайни ҳол бо интиқод аз кӯтоҳии кишварҳо дар кунтрули гузарномаҳои атбоъи худ гуфт бо ин ки иттилоъоти гузарномаи утришии дуздидашуда дар соли 2012 ва гузарномаи итолиёии рабудашуда дар соли гузашта як соъат пас аз сирқат дар пойгоҳи иттилоъотии Интерпул дарҷ шуда, аммо ҳеҷ кишваре барои истифода аз ин иттилоъот ба пойгоҳи додаҳои Интерпул руҷӯъ накардааст.
Ҳамакнун 34 ҳавопаймо ва 40 киштии мутаъаллиқ ба Молезӣ, Виетном, Тойланд, Устролиё, Сингопур, Индунезӣ, Чин ва Омрико дар ҷустуҷӯи бақоёи ҳавопаймои гумшуда ҳастанд.
