Идомаи амалиёти ҷустуҷӯ барои кашфи ҳавопаймои гумшудаи Молезӣ

  • 8 Март, 2014
Image copyrightReuters

Амалиёти байналмилалии ҷустуҷӯ ва наҷот барои ёфтани як ҳавопаймои хутути ҳавоии Молезӣ, ки бо 239 сарнишин дар масири Куоло Ломпур ба Пекан мафқуд шуда, ҳамчунон идома дорад.

Киштиҳо ва ҳавопаймое аз Молезӣ, Виетном, Чин ва Филиппин дар ин амалиёт ширкат доранд ва Сангопур низ ба ҳамоҳангии амалиёти ҷустуҷӯ кумак мекунад.

Сарнишинони ин ҳавопаймо аз 14 кишвар ҳастанд, аммо бештари онҳоро атбоъи чинӣ ташкил медиҳанд.

Вазири ҳамлу нақли Молезӣ мегӯяд лошаи ҳавопаймо ҳанӯз пайдо нашуда ва гузоришҳое, ки аз Виетном дар бораи суқути ҳавопаймо мерасад, таъйид нашудааст.

Ба гузориши расонаҳои давлатии Виетном, як мақоми нерӯи дарёии ин кишвар таъйид карда, ки ҳавопаймои мафқудшудаи хутути ҳавоии Молезӣ бо 239 сарнишин дар обҳои Виетном дар дарёи Ҷануби Чин суқут кардааст. Амалиёти ҷустуҷӯ дар ин дарё ҷараён дорад.

Ин ҳавопаймо ҳангоме ки аз Куоло Ломпур, пойтахти Молезӣ, озими Пекан буд, мафқуд ва тамоси родор бо он қатъ шуд.

Яке аз мақомоти маркази ҷустҷӯ ва наҷоти дарёии Виетном ба и-би-сӣ гуфт, ки ин ҳавопаймои Буинг охирин бор бар фарози дарёи Ҷануби Чин дар фосилаи ҳудуди 200-килуметрии шибҳиҷазираи Комоуи Виетном дида шудааст.

Ду киштии наҷот аз Чин барои кумак ба амалиёти ҷустуҷӯ озими минтақа шудаанд.

Хутути ҳавоии Молезӣ гуфтааст, ки 152 шаҳрванди Чин ва афроде аз 13 кишвари дигар дар ҳавопаймо будаанд.

Хутути ҳавоии Молезӣ дар ҳоли тамос бо пайвандони мусофирон ва хадамаи ҳавопаймост.

Қарор буд ин парвоз соъати 6:30-и бомдоди рӯзи шанбеи 8 март дар Пекан бар замин нишинад, аммо танҳо ду соъат баъд аз оғози парвоз иртиботашро бо тими кунтрули парвоз аз даст дод.

Хутути ҳавоии Молезӣ ширкати ҳавопаймоии умдаи ин кишвар ва яке аз бузургтарин ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар Осиё маҳсуб мешвад, ки ҳамарӯза 37 ҳазор мусофирро дар 80 масир интиқол медиҳад.

Дар 20 соли мавҷудияти ҳавопаймоҳои Буинг 777 танҳо як фарванд аз ин навъ ҳавопаймоҳо дар 6 июли 2013 суқут кард, ки дар он ҳодиса се донишомӯз кушта ва 80 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд.

Матолиби муртабит