Суқути ҳавопаймо дар фурудгоҳи Қазон

  • 18 Ноябр, 2013
Қазон
Image caption Рӯзи душанбе дар шаҳри Қазон рӯзи мотам эълом эълом шудааст

Бар асари суқути ҳавопаймои "Буинг-137"-и ширкати ҳавоии "Татарстан" дар фурудгоҳи байналмилалии Қазон дар Тотористони Русия дар шаби гузашта 50 нафар кушта шуданд.

Имрӯз душанбеи 18 ноябр дар Тотористон рӯзи мотам эълом шудааст.

Дар феҳристи кушташудагон асомии Ирек Миннихонов, писари раиси ҷумҳурии Тотористон, Александр Антонов, раиси бахши Идораи амнияти миллии Русия дар ин ҷумҳурӣ ва як шаҳрванди Бритониё - Донна Боул сабт шудаанд.

Бар асоси дастури Кобинаи давлати Тотористон, аз сандуқи эҳтиётии ин ҷумҳурӣ ба хонаводаҳои кушташудагон ба миқдори 1 милюн рубл кумаки милӣ ироъа хоҳад шуд.

Ҳамчунин, Ожонси бимаи "СОГАЗ" эълом доштааст, ин ниҳод ба ҳар хонаводаи кушташуда ба миқдори 2 милюну 25 ҳазор рубл тахсис хоҳад дод.

Ба гуфтаи Гулноз Миннихонова, сухангӯйи ширкати ҳавоии "Татарстан" ҳавопаймое, ки шаби гузашта суқут кард аз лиҳози фаннӣ мушкиле надоштааст.

Аммо тибқи иттилоъи манобеъи мустақил, 12 соле қабл маҳз ҳамин ҳавопаймо"Буинг-137" бо 102 сарнишин ба берун аз хатти парвози фурудгоҳи Белу-Оризонти Брозил нишаста ва бар асари он ҳавопаймо ҷиддан осеб дида буд. Ин фалокат талафоти ҷонӣ дар пай надошт.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар соли ҷорӣ низ ба ҳангоми нишастан ба фурудгоҳи "Домодедово"-и Маскав ин ҳавопаймо башиддат ларзиш хӯрда ва наздик буд, аз хатти парвоз хориҷ шавад.

Ҳавопаймои "Буинг-137", ки дар хатти сайри Маскав-Қазон парвоз мекард, соъати 7-у 20-и вақти маҳаллии шаби гузашта ба ҳангоми фурудойӣ ба фалокат мувоҷеҳ шуд.

То ҳол илали ин ҳодиса рӯшан нашудааст. Аммо гуфта мешавад, ин ҳавопаймо ду маротиба қасди нишастан ба фурудгоҳро карда ва ба ҳангоми талоши дуюм боли ҳавопаймо ба замин бархӯрд карда ва мунфаҷир шудааст.

Ба гуфтаи Владимир Маркин, намояндаи Кумитаи бозрасони Русия, дар мавриди суқути ин ҳавопаймо феълан чунин фарзияҳо вуҷуд доранд: мушкилоти фаннӣ, иштибоҳи халабонҳо, вазъи номусоиди ҳаво ва кайфияти бади маводди сӯхт.

Ҳавопаймои "Буинг-137" дар соли 1990 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва аз ҷониби ширкатҳои ҳавоии Фаронса, Угондо, Брозил, Румонӣ ва Булғористон истифода шудааст. Дар соли 2008 ширкати ҳавоии "Тотористон" ин ҳавопайморо харидорӣ карда буд.

Матолиби муртабит