Худдории “Тоҷик Эйр” аз харидории ҳавопаймоҳои чинӣ
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони ширкати “Тоҷик Эйр” гуфтанд, ки ба далели ошкор шудани навоқиси фаннӣ дар ҳавопаймои “МА-60”-и сохти Чин аз харидории ин навъи ҳавопаймо худдорӣ кардаанд.
Азизмуҳаммад Қурбонов, муъовини раиси ин ширкат, ба хабарнигорон гуфт, ки рӯзи 27 июни соли гузашта ҳавопаймои “МА-60” дар фурудгоҳи Душанбе ба иллати боз нашудани чарҳҳояш (шасси) дучори сонеҳа шуда ва ба дунболи он ҳама гуна парвозҳо тавассути ин ҳавопаймо дар Тоҷикистон қатъ шуда буд.
Оқои Қурбонов гуфт, ки бо кумаки мутахассисони чинӣ ин ҳавопаймо тармим шуда ва сипас, он ба ҳайси лизинг ба муддати як сол ба як ширкати ҳавопаймоии Афғонистон дода шудааст.
Бар асоси мувофиқатномаи миёни ширкати “Тоҷик Эйр” ва ширкати Xian Aircraft international Cooperation-и Чин дар соли 2010 ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон мебоист аз Чин ду адад ҳавопаймои “МА-60” харидорӣ кунад.
Дар авохири соли 2011 як ҳавопаймои “МА-60” ба порки ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ворид шуда, умдатан дар масирҳои дохилӣ аз он истифода мешуд. Вале ба иллати коҳиши ҷиддии масирҳои дохилӣ парвозҳо тавассути ин ҳавопаймо қатъ шуда, маъмулан дар парвозҳои дохилӣ ба ҳавопаймои “Боинг” алвалият дода шудааст.
Зимнан, дар соли гузашта “Тоҷик Эйр” аз тариқи масирҳои дохилӣ танҳо 24,6 ҳазор мусофир интиқол додааст, ки ин рақам дар муқоиса бо омори соли қаблӣ 67 дарсад камтар аст.
Масъулони ширкати “Тоҷик Эйр” гуфтанд, дар назар буд, ин ҳавопаймо дар парвозҳо ба самтҳои Кобул, Бишкек, Теҳрон ва Олмотӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирад. Аммо ба далели тӯлонӣ будани муддати парвоз тавассути ҳавопаймои “МА-60” ин нақша амалӣ нашудааст.
Гуфта мешавад, агар ҳавопаймои “Боинг-737” то Олмотӣ дар тӯли 1 соъату 10 дақиқа парвоз кунад, муддати парвози ҳавопаймои “МА-60” дар ин фосила беш аз 3 соъатро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи масъулони ширкати “Тоҷик Эйр”, дар ҳоле ки ин ширкат мувофиқатномаро бо ҷониби Чин лағв накардааст, вале мусаллам аст, ки дар соли ҷорӣ ҳавопаймои дигари “МА-60” ба Тоҷикистон ворид нахоҳад шуд.
