Кумакхалабон ҳавопаймои Этиюпиро рабуд то тақозои паноҳандагӣ кунад

  • 17 Феврал, 2014

Мақомоти суисӣ (швейтсариявӣ) мегӯянд кумакхалабони яке аз хутути ҳавоии Этиупӣ ҳавопаймоеро рабуда ва пас аз фуруд дар Суис (Швейтсария) аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кардааст.

Масъулони ин ширкати ҳавоӣ бо интишори баёнияе эълом карданд, ки ҳоли ҳар 202 сарнишини ҳавопаймо ва хадама хуб аст.

Ҳавопаймо дар ҳоле ки аз Одис Обобо ба мақсади Рум дар ҳоли парвоз буд, рабуда шуд.

Гуфта мешавад кумакхалабон пас аз он ки халабон ба дастшӯӣ рафт аз фурсат истифода ва дари кобини халабонро қуфл кард.

Фурудгоҳи Женев, ки муддате пас аз фуруди ҳавопаймои рабудашуда баста шуда буд, акнун боз шудааст.

Пулиси Суис дар як конфаронси хабарӣ эълом кард, ки кумакхалабон этиюпиёӣ мутаваллиди 1983 аз бими он ки дар кишвараши мавриди пайгарди қонунӣ қарор гирад, дар Суис тақозои паноҳандагӣ кардааст.

Ба гуфтаи пулис ӯ пас аз он ки худро дар утоқи халабон қуфл кард, барои сӯхтгирӣ дар Женев тақозои фуруд кард. Пас аз он ки ҳавопайморо фуруд оварад бо кумаки танобе, ки дар кобини халабон буд, аз панҷараи ҳавопаймо пойин омад ва худро ба пулис муъаррифӣ кард.

Ӯ мусаллаҳ набуд ва ҳеҷ хатаре аз суи ӯ мутаваҷҷеҳи сарнишинон ва хадама набуд.

Пулис дар идома гуфт, ки ин худи кумакхалабон буд, ки мақомотро аз ҳавопайморабоӣ огоҳ кард ва сарнишинон комилан аз қасди ӯ огоҳ набуданд.

Додситонии Женев дар ин конфаронси хабарӣ гуфт танҳо иттиҳоме, ки мумкин аст ба кумакхалабон ворид бошад, иттиҳоми одамрабоӣ аст, ки ҳаддиаксари 20 соли зиндон бо худ ба ҳамроҳ дорад.

Дар тӯли даҳ соли гузашта даҳҳо тан аз аъзои гурӯҳе шӯришӣ дар Этиупӣ барои фирор аз амалиёти артиши ин кишвар алайҳашон дар кишварҳои ҳамсоя аз ҷумла Сумолӣ ва кишварҳои ғарбӣ паноҳ гирифтаанд.

Созмони Дидабони ҳуқуқи башар давлати Этиупиро муттаҳам кардааст, паноҳҷӯёнро бар хилофи майлашон ва бо кумаки давлати кишварҳои ҳамсоя маҷбур ба бозгашт кардааст.

Давлати Этиупӣ ин иддаоро рад мекунад.

Баъзе аз рӯзноманигорони этиюпиёӣ аз бими қавонини зиддитерруристӣ, ки бар асоси он ҳар гуна интиқод аз давлат ҷурм талаққӣ мешавад, ба кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанд.

Тибқи ин қонун бисёре аз рӯзноманигорони ин кишвар аз ҷумла Искандар Ниго, веблогнависи саршинос ба муддати 18 сол ба ҳабс дар зиндон маҳкум шудаанд.

Бо он ки Этиупӣ яке аз пурсуръаттарин кишварҳо дар заминаи рушди иқтисодӣ ба шумор меравад, ҳазорон нафар аз мардуми ин кишвар ба далоили фишори иқтисодӣ ба сойири кишварҳо паноҳанда мешаванд.

Бисёре аз мардуми ин кишвар бо даромаде муъодили 2 дулор дар рӯз дар фақр ба сар мебаранд.

Матолиби муртабит