Фуруди изтирории ҳавопаймои зоирони эронӣ дар Мадина

  • 5 Январ, 2014
ҳавопаймои Арабистони Саъудӣ
Image caption Ин ҳавопаймо барои ҳамли зоирони эронӣ аз ширкати ҳавоии Арабистони Саъудӣ иҷора шуда буд

Дар сониҳаи фуруди изтирории як фарванд ҳавопаймои Буинг 767 - и ширкати ҳавоии Арабистони Саъудӣ 29 нафар маҷруҳ шуданд, ки ҷароҳоти се тан аз онҳо ҷиддӣ эълом шудааст.

Ин ҳавопаймо, ки бо 299 мусофир ва 16 хадама аз шаҳри Машҳад дар Эрон озими Мадина буд, маҷбур ба фуруди изтирорӣ дар фурудгоҳи шоҳзода Муҳаммад бин Абдулазиз дар Мадина шуд.

Ба гуфтаи мақомоти ҳавопаймойӣ иллати ин сониҳа боз нашудани чархҳоии самти рост дар қисмати ақаби ҳавопаймо буд.

Ин ҳавопаймо барои ҳамли зоирони эронӣ аз ширкати ҳавоии Арабистони Саъудӣ иҷора шуда буд.

12 тан аз маҷруҳшудагон барои дармон ба бемористон мунтақил шуданд.

Ба гуфтаи як шоҳиди айнӣ дар фурудгоҳи байналмилалии шоҳзода Муҳаммад бин Абдулазиз ин ҳавопаймо дубор саъй кард дар фурудгоҳ фуруд ояд, аммо муваффақ нашуд ва бори сеюм бо чархи баста ба замин нишаст.

Дар тасовири ин ҳавопаймо дар бонди фурудгоҳи шаҳри Мадина садамае дар боли самти рости ҳавопаймо мушоҳида мешавад.

Матолиби муртабит