'Нохушнудии' Арабистони Саъудӣ аз сиёсати Омрико дар қиболи Эрон ва Сурия

Гузориш шуда, ки раиси созмони иттилоъотии Арабистони Саъудӣ аз қасди ин кишвар барои дур шудан аз Омрико дар заминаи сиёсати хориҷӣ хабар додааст.
Суҳбатҳои ин мақоми арабистонӣ аз сӯйи як фарди муталеъ дар гуфтугӯ бо хабаргузории Руйтерз ва дар рӯзномаи Вол Истрит Журнол нақл шудааст.
Дар гузоришҳо навишта шуда, ки шоҳзода Бандар бини Султон дар ҷаласае аз нигарониҳои кишвараш дар бораи сиёсати Омрико дар қиболи Сурия ва Эрон бо диплумотҳои урупоӣ ҳарф задааст.
Бино ба ин гузориш, шоҳзода Бандар бини Султон, раиси созмони иттилоъотии Арабистони Саъудӣ, Омрикоро дар ҳалли ҷанги дохилӣ дар Сурия ва муноқишаи Исроил ва Фаластин нотавон тавсиф кардааст.
Ӯ гуфта, ки "Вошингтун ва Теҳрон ба ҳам наздик мешаванд" ва дар замоне, ки Арабистон барои хомӯш кардани эътирозот дар соли 2011 ба Баҳрайн кумак кард, Омрико аз кишвари матбӯъи ӯ ҳимоят накардааст.
Манбаъи наздик ба раиси созмони иттилоъотии Арабистони Саъудӣ ҳамчунин гуфта, ки Арабистон дигар намехоҳад "вобаста бошад."
Арабистони Саъудӣ аз замони таъсис дар соли 1932 то кунун муттаҳиди Омрико будааст.
Як мақоми вазорати хориҷаи Омрико дар гуфтугӯе бо хабаргузории Фаронса гуфта, ки дархосте дар бораи тағйир дар равобити ду кишвар дарёфт накардаанд.
Сояи Эрон бар равобити ду кишвар
Пештар дар ҷумъае, ки гузашт, Арабистони Саъудӣ аз узвияти ғайридоим дар Шӯрои Амнияти СММ канора гирифт.
Ин кишвар, ки худ барои узвият дар Шӯрои Амният сабти ном карда буд ва интихоб ҳам шуда буд, фардои интихобот эълом кард, ки ба хотири "истондордҳои дугона" қасд надорад ба Шӯрои Амнияти Созмони Милал биравад.
Ҳарчанд ин ду хабар метавонанд дар имтидоди ҳам тасвир шаванд, аммо ҳанӯз нозирон шак доранд, ки тамоми изҳороти шоҳзодаи саъудӣ мавриди таъйиди писари амуяш, Саъуд Алфайсал бошад, ки сукони вазоратхонаро бар уҳда дорад.
Ҷон Керрӣ, вазири хориҷаи Омрико, ки рӯзи душанбе дар Порис бо ҳамтои арабистонии худ дидор кард, ба ӯ гуфта, ки нарасидан ба ҳеҷ қарору мадоре бо Эрон "беҳтар аз расидан ба як тавофуқи бад аст."
Ҷон Керрӣ ҳамчунин гуфт, ки ба ҳамтои саъудии худ ваъдаи Борок Убоморо ёдоварӣ карда, ки "Омрико иҷоза нахоҳад дод Эрон ба силоҳи ҳастаӣ даст пайдо кунад."
Оқои Керрӣ ҳамчунин ба Саъуд Алфайсал гуфта, ки ӯ итминон дорад ду кишвар ҳамчунон "дӯстон ва муттаҳидони наздике боқӣ мемонанд."
Бо боло гирифтани оташи ҷанг дар Сурия ва ҳимояти ошкори Арабистон ва Қатар аз мухолифони давлати Сурия, Омрико аз Арабистон хоста буд, то силоҳҳои пешрафтаро ба дасти мухолифони давлат нарасонанд, мабодо, ки ба дасти нерӯҳои Алқоъида биафтанд.
Арабистон аз ин хостаи Омрико ҳимоят кард, аммо баъдан, ки Омрико аз ҳамла ба Сурия худдорӣ кард, Арабистон аз муддаҳиди қадимии худ чандон хушнуд набуд.
Омрико, ки давлати Сурияро ба истифода аз силоҳи шимиёӣ алайҳи мардумаш муттаҳам карда буд, мехост ба ин кишвар ҳамлаи маҳдуде анҷом диҳад, ки бо подармиёнии Русия қарор шуд силоҳҳои шимиёии Сурия бо ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ нобуд карда шавад ва ҳамлае сурат нагирифт.
