Арабистони Саъудӣ узвияти ғайридоим дар Шӯрои Амниятро напазируфт

  • 18 Октябр, 2013

Арабистони Саъудӣ эълом карда, ки узвияти ғайридоим дар Шӯрои Амнияти Созмони Милалро намепазирад.

Ин кишвар гуфтааст ба далели вуҷуди "истондордҳои дугона" дар Шӯрои Амният, ки боъис мешавад бар амалкарди ин шӯро дар роҳи барқарории сулҳ дар ҷаҳон таъсир дошта бошад, наметавонад узвият дар ин ниҳодро бипазирад.

Рӯзи панҷшанбеи 17 октябр эълом шуд, ки Арабистони Саъудӣ ба ҳамроҳи кишварҳои Чод, Литвонӣ, Шилӣ ва Ниҷерия ба узвияти ғайридоими Шӯрои Амнияти Созмони Милал даромадааст.

Дар баёнияи вазорати хориҷаи Арабистон омадааст: "Кишвари подшоҳии Арабистони Саъудӣ шоҳиди шева, меконисми корӣ ва истондордҳои дугона дар Шӯрои Амният аст, ки тамомии инҳо монеъ аз он мешавад, ки ин ниҳод битавонад масъулиятҳояшро дар қиболи барқарории сулҳ дар ҷаҳон анфҷом диҳад."

Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шуда, ки Арабистон намтеавонад ин курсиро то замони эҷоди ислоҳоте дар ин ниҳод бипазирад.

Дар баёнияи Арабистони Саъудӣ ба ҷузъиёти ислоҳоти мавриди назари ин кишвар ишора нашудааст.

Арабистони Саъудӣ пештар нисбат ба шикасти талошҳои байналмилалӣ дар ин шӯро дар муқобила бо ҷанг дар Сурия ҳушдор дода буд.

Курсиҳои Шӯрои Амнияти Созмони Миалл аз ин ҷиҳат муҳим ҳастанд, ки ин кишварҳо дар тасмимгириҳои марбут ба масоъили амниятӣ ва сулҳ дар ҷаҳон қудрати тасмимгирӣ хоҳанд дошт.

Шӯрои амнияти СММ шомили даҳ узви доим аст, ки ҳар ду сол як бор интихоб мешаванд ва панҷ узви доим ҳаққи вету доранд.

Аъзои доим иборатанд, аз Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида.

Панҷ кишваре, ки дар интихоботи рӯзи панҷшанбе баргузида шуданд қарор буд аз аввали январи соли 2014 ба ҷои кишварҳои Гуотамоло, Марокаш, Покистон, Тугу ва Озарбойҷон бинишинанд.

.

Матолиби муртабит