Арабистон ба узвияти ғайридоими Шӯрои Амният даромад

  • 18 Октябр, 2013
Image caption Аъзои ғайридоими Шӯрои Амният барои ду сол интихоб мешаванд

Арабистони Саъудӣ, Чод, Литвонӣ, Шилӣ ва Ниҷерия ба узвияти ғайридоими Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид даромаданд.

Гурӯҳҳои ҳуқуқибашарӣ мухолифи ҳузури Арабистони Саъудӣ ва Чод дар таркиби Созмони Милал буданд. Бо ин ҳол, ин ду кишвар бароҳатӣ тавонистанд раъйи лозим барои узвиятро ба даст биоваранд.

Барои аввалин бор дар чанд соли гузашта бидуни ҳеҷ мухолифате ва бо ҳимояти кишварҳои минтақа ҳар кадом аз ин кишварҳо тавонистанд дар раъйгирӣ пирӯз шаванд.

Арабистон камтарин мизони раъйро ба даст овард. Аз маҷмӯъи 193 кишваре, ки дар раъйгирӣ ширкат карда буданд, 186 кишвар ба узвияти Арабистон дар Шӯрои Амният раъйи мусбат доданд.

Раъйи ду севум аз маҷмӯъи 193 кишвар ҳам кофӣ буд, ки Арабистон интихоб шавад.

Чод 184 раъй ба даст овард ва ду кишвари Шилӣ ва Ниҷерия ҳар кадом 186 раъй гирифтанд ва рутбаи нахуст ҳам ба Литвонӣ расид, ки 187 раъй ба даст овард.

Мудири Дидбони Ҳуқуқи Башари СММ гуфт, ки кишварҳои Чод, Арабистони Саъудӣ ва Ниҷерия бояд ба хотири нишастан бар ин "курсӣ" авзоъро дар кишварҳояшон беҳбуд бахшанд.

Филипа Булупиюн ба Ассушиэйтед пресс гуфт, ки Арабистони САъудӣ бояд ба "саркӯби фаъъолони ҳуқуқи башар" поён диҳад ва "ҳуқуқи занонро ба расмият бишиносад."

Эътои ҳаққи ронандагӣ, раъй додан ба сафари бидуни иҷозаи мардон барои занон, аз ҷумлаи мавориде аст, ки созмонҳои ҳуқуқибашарӣ аз Арабистони Саъудӣ мехоҳанд.

Раиси ҷумҳурии Судон аз сӯйи додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ ба хотири "ҷиноёти ҷангӣ дар Дорфур" таҳти таъқиб аст.

Оқои Булупиюн ҳамчунин Чодро ба хотири "ба истихдом даровардани кӯдакон дар артиш" мавриди интиқод қарор дод ва аз Ниҷерия хост, то амниятро дар шимоли ин кишвар бештар кунад.

Фиристодаи доими Арабистон дар Созмони Милали Муттаҳид интихоби кишвараш барои узвият дар Шӯрои Амнияти Созмони Милалро ба хотири мавозеъи миёнаравии ин кишвар ва талош барои ҳалли сулҳомези муноқишоти ҷаҳонӣ унвон кард.

Ӯ ҳамчунин гуфт, ки ба расмият шинохтани кишвари мустақили Фаластин аз аҳдофи аввалияи Арабистон дар Шӯрои Амнияти СММ хоҳад буд.

Курсиҳои Шӯрои Амнияти Созмони Миалл аз ин ҷиҳат муҳим ҳастанд, ки ин кишварҳо дар тасмимгириҳои марбут ба масоъили амниятӣ ва сулҳ дар ҷаҳон қудрати тасмимгирӣ хоҳанд дошт.

Аз ҷумла дар бораи кишварҳое, ки ҳамакнун масоъилашон дар садри ахбори ҷаҳонӣ аст аст. Монанди Эрон, Куреи Шимолӣ ва аз ҳама муҳимтар Сурия.

Шӯрои амнияти СММ шомили даҳ узви доим аст, ки ҳар ду сол як бор интихоб мешаванд ва панҷ узви доим ҳаққи вету доранд.

Аъзои доим иборатанд, аз Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Иёлоти Муттаҳида.

Панҷ кишваре, ки дар интихоботи рӯзи панҷшанбе баргузида шуданд аз аввали январи соли 2014 ба ҷои кишварҳои Гуотамоло, Марокаш, Покистон, Тугу ва Озарбойҷон менишинанд.

Матолиби муртабит