Ҳабсу шаллоқ барои як фаъъоли интернетӣ дар Арабистон

  • 31 Июл, 2013
Image caption Роиф Бадавӣ хостори кам кардани сахтгириҳои мазҳабӣ дар Арабистони Саъудӣ шуда буд

Вакили як фаъъоли интернетӣ дар Арабистони Саъудӣ, ки хостори озодиҳои мазҳабӣ дар ин кишвар шуда буд, мегӯяд ӯ ба 7 сол ҳабс ва 600 зарба шаллоқ маҳкум шудааст.

Роиф Бадавӣ аз муассисони вебсойти "Шабакаи либеролҳои озоди Саъудӣ" буда, ки маҳалле барои баҳсу гуфтугӯи умумии корбарон аст.

Ӯ соли гузашта боздошт шуда буд.

Ба гуфтаи вакили оқои Бадавӣ, рӯзи душанбеи 29 июл додгоҳ раъй дод вебсойте, ки ӯ роҳ андохтааст, "чеҳраҳои мазҳабиро масхара мекунад" ва "амнияти умумиро ба хатар меандозад"

Созмони Афви Байналмилал ин фаъъоли интернетиро як зиндонии сиёсӣ мешуморад ва хостори озодии фаврии ӯ шудааст.

Роиф Бадавӣ дар ибтидо ба "иртидод" муттаҳам шуда буд, ки муҷозоти он дар Арабистони Саъудӣ, эъдом аст.

Ҳомиёни ҳуқуқи башар аз набудани озодӣ дар Арабистон интиқод мекунанд.

Валид Абӯлхайр, вакили зиндонӣ, ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки оқои Бадавӣ дар додгоҳ таъкид карда, ки мусалмон аст, вале ба қозӣ гуфта "ин ба ихтиёри ҳар кас аст, ки имон дошта бошад ё надошта бошад."

Ба гуфтаи ин вакил, иттиҳомоти Роиф Бадавӣ ба хотири чанд назар буда, ки ӯ навишта ва дар он хостори кам кардани сахтгириҳои мазҳабӣ дар Арабистони Саъудӣ шуда буд.

Оқои Абӯлхайр гуфта, ки ҳукми додгоҳ "беш аз ҳад тунд" аст.

Вакили Роиф Бадавӣ мегӯяд дар бораи ин ҳукми додгоҳ дархости таҷдиди назар мекунад.

Таҳдиди озодии баён дар Арабистони Саъудӣ ва ҳамчунин маҳдудиятҳои музоъаф барои ақаллияти шиъа дар ин кишвар дар солҳои гузашта интиқодҳои созмонҳо ва ниҳодҳои байналмилалиро дар пай доштааст.

Матолиби муртабит