Эътирози Афви Байналмилал ба қисоси фалҷ кардани як ҷавони саъудӣ

  • 3 Апрел, 2013
тазриқ
Image caption Бар асоси қонуни қисос муҷрими 24-солаи саъудӣ бо тазриқ аз камар ба пойин фалҷ хоҳад шуд

Созмони Афви Байналмилал, аз созмонҳои муътабари мудофеъи ҳуқуқи башар ҳукми муҷозоти фалҷ кардани як ҷавони 24-солаи саъудиро золимона хондааст.

Бано бар гузориши расонаҳои Арабистони Саъудӣ Алӣ ал- Хавоҳир, муҷрим дар синни 12-солагӣ дар устони шарқии Алаҳсо аз пушт ба дғсташ чоқу зада ва ӯро фалҷ карда буд.

Ӯ муддати 10 сол дар зиндон ба сар бурдааст ва дар сурати напардохтани як милиюн риёли Арабистони Саъудӣ (250 ҳазор пунд) хисорат эҳтимолан бо тазриқ аз камар ба пойин фалҷ хоҳад шуд.

Бар асоси қонуни қисос дар Арабистони Саъудӣ қурбонӣ метавонад муҷозоте мушобеҳи ҷурм дархост кунад.

Созмони Афви Байналмилал мегӯяд, ки муҷозоти фалҷ кардани ин ҷавон ба масобаи шиканҷа аст.

Ан Ҳорисун, муъовини бахши Ховари Миёна ва Офриқои Шимолии созмони Афви Байналмилал мегӯяд: "Замони он фаро расида, ки Арабистони Саъудӣ ба таъаҳҳудоти байналмилалии худ амал карда ва ин гуна муҷозотҳои ҳавлнокро аз қавонини худ ҳазф кунад."

Ин тозатарин маврид аз таъобири ифротгароёнаи қавонини исломӣ дар Арабистони Саъудӣ аст, ки бо интиқоди ҷомеъаи байналмилалӣ рӯбарӯ мешавад.

Ба гуфтаи созмони Афви Байналмилал бар асоси қонуни қисос дар Арабистони Саъудӣ то кунун мавориди мушобеҳе аз ҷумла даровардани (кандани) чашм ва дандон иҷро шудааст.

Созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар ин муҷозотҳоро ба масобаи шиканҷа медонанд ва аз Арабистони Саъудӣ хостаанд, ки муҷозоти ин ҷавони 24-соларо иҷро накунад.

Мудохилаи созмони Афви Байналмилал бешак бори дигар баҳсу ҷадал дар бораи қавонини ҷазоии Арабистони Саъудӣ ва наҳваи иҷрои адолат дар ин кишварро зинда хоҳад кард.

Матолиби муртабит