Талоши Эрон барои беҳбуди равобит бо ҳамсоягони араб

Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон дар сафаре минтақаӣ аз Кувайт, Умон ва Қатар дидор карда ва гуфтааст, ки омодаи сафар ба Арабистон Саъудӣ аст, ҳарчанд торихе барои ин сафар мушаххас нашудааст.
Оқои Зариф дирӯз ба Кувайт рафта буд ва имрӯз, душанбеи 11 озар (декабр) пас аз дидор аз Умон дар сафаре аз қабл барномарезинашуда ба Қатар рафт ва бо мақомоти ин кишвар дидор кард.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки хоҳони беҳбуди равобит бо Арабистони Саъудӣ аст ва муътақид аст ҳамкории бештари Эрон ва Арабистон ба нафъи сулҳ ва сабот дар минтақа аст.
Оқои Зариф Арабистони Саъудиро кишваре бисёри муҳим ва пурнуфуз дар минтақа ва ҷаҳони ислом тавсиф кард ва гуфт, ки омодаи сафар ба Риёз аст.
Равобити Эрон бо кишварҳои араби ҳошияи халиҷи Форс дар солҳои раёсати ҷумҳурии Маҳмуди Аҳмадинажод пуртаниш буд ва ба вижа бо Арабистони Саъудӣ ва Қатар бар сари рақобатҳои минтақаӣ дар Сурия ва Баҳрайн то ҳудуди зиёде тира шуд.
Ҳокимони суннимазҳаби кишварҳои арабии халиҷи Форс Эронро муттаҳам мекунанд, ки бо ҳимоят аз шиъиёни минтақа қасд дорад нуфузи худро афзоиш диҳад ва кишварҳои минтақаро бесабот созад.
Гуфта мешавад, ки тавофуқи муваққати Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ, ки ахиран дар Женев ба даст омад, ҳамсоягони араби Эронро нигарони эҳтимоли афзоиши нуфузи ин кишвар кардааст.
Вазири умури хориҷаи Эрон дар вокуниш ба ин нигарониҳо гуфтааст, ки ин тавофуқ ба зиёни ҳеҷ як аз кишварҳои минтақа нахоҳад буд.
Пештар Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ, раиси ҷумҳури пешин ва раиси Маҷмаъи ташхиси маслиҳати низом дар Эрон ҳам гуфта буд, ки омодааст барои беҳбуди равобит бо Арабистон талош кунад, аммо таъкид карда буд, ки ин амр ниёзманди тасмимгирӣ ва расидан ба иҷмоъ дар дохили ҳукумат дар мавриди сиёсати танишзудоӣ аст.
Ҷазоири сегона
Оқои Зариф дар Кувайт ва дар посух ба саволи хабарнигорон дар мавриди ихтилофоти Эрон ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ бар сари ҷазоири сегонаи халиҷи Форс гуфтааст, ки Эрон омодагӣ дорад дар мавриди ҷазираи Абумусо бо Иморот музокира кунад.
Баъзе расонаҳои муҳофизакор дар Эрон аз ин гуфтаи вазири умури хориҷа интиқод кардаанд.
Эрон пештар ҳам гуфта буд ки барои "рафъи суитафоҳум бо Иморот" омодаи музокира бо мақомоти ин кишвар аст.
