Вазири умури хориҷаи Омрико барои тармими робита бо Арабистон вориди Риёз шуд

  • 4 Ноябр, 2013
Image caption Риёз аз наздик шудани робитаи Омрико ва Эрон барои ҳалли буҳрони ҳастаии Теҳрон нигарон аст

Вазири умури хориҷаи Омрико барои беҳбуди равобит вориди Арабистони Саъудӣ шуд.

Ҷон Керрӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, вориди Арабистони Саъудӣ шудааст ва интизор меравад барои тармими робитаи Вошингтун бо муттаҳиди деринааш вориди амал шавад.

Пештар гузориш шуда буд шоҳзода Бандар бини Султон, раиси иттилоъоти Арабистони Саъудӣ, ба диплумотҳои урупоӣ гуфтааст кишвараш дар робита бо Омрико "тағйире ҷиддӣ" хоҳад дод.

Бар асоси гузоришҳо Арабистони Саъудӣ аз музокироти сулҳ барои Сурия, ки мумкин аст ба рӯйи кор омадани давлате бо ҳимояти Эрон дар Димишқ шавад, нохурсанд аст.

Риёз дар айни ҳол аз наздик шудани робитаи Омрико ва Эрон барои ҳалли буҳрони ҳастаии Теҳрон нигарон аст.

Демукросӣ ва иштиғол

Оқои Керрӣ қабл аз Арабистони Саъудӣ барои шаш соъат дар Миср таваққуф карда буд.

Ин аввалин сафари оқои Керрӣ ба Миср пас аз барканор шудани Муҳаммад Мурсӣ аз қудрат буд ва вазири умури хориҷаи Омрико тайи он хостори поёни хушунатҳо дар Миср ва ҳаракат ба сӯйи як демукросии тамомайёр шуд.

Оқои Керрӣ дар як кунфронси хабарӣ гуфт: "Таърих нишон дода демукросиҳо босуботтар, поётар ва муваффақтар аз дигар ҷойгузинҳо ҳастанд. Субот бо худ сармоягузорӣ ва ҷаҳонгардӣ меоварад ва ин ду низ шомили иштиғолзоианд."

Ба гуфтаи оқои Керрӣ Омрико бо ҳокимони феълии Миср, ки пуштибонии артиши кишварро бо худ доранд, ҳамкорӣ хоҳад кард.

Сафари оқои Керрӣ ба Миср аз пеш эълом нашуда буд. Ин аввалин бор аст, ки як вазири умури хориҷаи Омрико ба далоили амниятӣ сафари худро ба Миср пешопеш эълом намекунад.

Хабарнигори Би-би-сӣ, ки бо оқои Керрӣ сафар мекунад, мегӯяд ин гуна эҳтиётҳо маъмулан дар сафари мақомоти омрикоӣ ба кишварҳое чун Ироқ ва Афғонистон рӯй медодааст.

Ӯ мегӯяд ин нишонаи нигаронии Вошингтун аз идомаи бесуботӣ дар Миср аст, аммо дар айни ҳол вокунише ба эҳсосоти тунди зиддиомрикоӣ дар ин кишвар низ ҳаст. Оқои Керрӣ дар таваққуфи шашсоъатааш дар Миср бо раҳбарони муваққати кишвар, ки аз тобистон қудратро аз Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳурии собиқи ин кишвар, гирифтанд, дидор мекунад.

Матолиби муртабит