Убомо тавофуқи ҳастаӣ бо Эронро ба подшоҳи Саъудӣ шарҳ дод

Раиси ҷумҳурии Омрико муҳтавои тавофуқи ҳастаии ахир бо Эронро барои подшоҳи Арабистони Саъудӣ шарҳ додааст.
Сухангӯи дафтари раиси ҷумҳурии Омрико эълом карда, ки Борок Убомо, раиси ҷумҳурӣ дар тамоси телефунӣ бо малик Абдуллоҳ, подшоҳи Арабистони Саъудӣ, ӯро дар ҷараёни тавофуқи муқаддамотии ахири байни Эрон ва кишварҳои гурӯҳи 5+1 қарор додааст.
Бар асоси ин гузориш ду тараф таъкид кардаанд, ки муҳим аст ки Эрон ба таъаҳҳудоти худ дар чорчӯби тавофуқи бадастомада амал кунад.
Подшоҳи Саъудӣ ва раиси ҷумҳурии Омрико ҳамчунин тавофуқ карданд, ки ҳамзамон бо идомаи музокироти ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 5+1 бо ҳадафи дастёбӣ ба тавофуқе баландмуддат ба таври мураттаб ба машварат дар ин замина идома диҳанд.
Ду тараф ибрози умедворӣ карданд, ки тавофуқи баландмуддати мавриди назари гурӯҳи 5+1 "нигаронии ҷомеъаи байналмилалӣ пиромуни барномаи ҳастаии Эронро муртафаъ созад."
Ба гуфтаи нозирон ангезаи Убомо аз гуфтугӯи мустақим бо малик Абдуллоҳ додани итминони шахсӣ ба подшоҳи Саъудӣ дар ин маврид буда, ки дар ҳар тавофуқе бо Эрон давлати Омрико амнияти Арабистони Саъудӣ ва дигар муттаҳидони худ дар минтақаро дар назар мегирад.
Гурӯҳи 5+1 аз кишварҳои атумии узви доими Шурои Амният - Омрико, Русия, Чин, Бритониё ва Фаронса - ҳамроҳ бо Олмон ташкил ёфта ва вазифаи талош барои ҳалли буҳрони ҳастаии Эронро бар уҳда гирифтааст.
Дар ҷиддитарин даври музокироти намояндагони Эрон ва ин гурӯҳ, ки ҳафтаи гузашта дар Женев баргузор шуд, ду тараф ба тавофуқе шашмоҳа даст ёфтанд, ки қарор аст заминаи ҳаллу фасли ниҳоии мушкили ҳастаии Эронро фароҳам оварад.
Дар ҷараёни чанд даври музокироти ду тараф дар Женев ба нақл аз бархе аз манобеъи Арабистони Саъудӣ гузориш шуда буд, ки ин кишвар нигарони он аст, ки натиҷаи эҳтимолии ин музокирот ба шакле набошад, ки монеъ аз дастёбии Эрон ба тавонмандии низомии ҳастаӣ шавад.
Бархе кишварҳои ғарбӣ ва минтақаӣ Эронро ба талош барои дастёбӣ ба ҷангафзорҳои атумӣ дар пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ муттаҳам кардаанд. Эрон ин иттиҳомро нодуруст хондааст.
Рақобат ва нигаронии минтақаӣ
Буҳрони ҳастаии Эрон аз ҳудуди даҳ соли пеш ва бо интишори гузоришҳое оғоз шуд, ҳокӣ аз ин ки ин кишвар бидуни иттилоъи Ожонси байналмилалии энержии атумӣ барномаҳои атумии "махфиёнаро"ро дунбол кардааст.
Тайи солҳои баъд талошҳо аз суи бархе кишварҳо ҷиҳати ҳалли ин масъала аз тариқи музокира бо Ҷумҳурии Исломӣ ба амал омад, ки умдатан бенатиҷа монд.
Бо оғоз ба кори давлати Ҳасани Рӯҳонӣ дар тобистони соли ҷорӣ аввалин даври музокироти ҳастаии давлати ҷадид ва гурӯҳи 5+1 дар моҳи октябр дар Женев баргузор шуд ва то баргузории сеюмин даври музокирот - мавсум ба Женева 3 - ва эъломи дастёбии ду тараф ба тавофуқе муқаддамотӣ идома ёфт.
Дар тӯли солҳои ахир илова бар кишварҳои ғарбӣ теъдоде аз кишварҳои минтақа низ дар мавриди эҳтимоли низомӣ будани барномаҳои атумии Ҷумҳурии Исломӣ ибрози нигаронӣ карда ва онро таҳдиде алайҳи амнияти минтақа хонда буданд.
Илова бар Исроил чанд кишвари араби минтақа низ дар ин нигаронӣ саҳим буданд ва ба хусус дар моҳҳои ахир гузоришҳое аз нохурсандии Арабистони Саъудӣ дар ин замина интишор ёфта буд. Дар гузашта баъзе кишварҳои ҳошияи халиҷи Форс нисбат ба "эмании" таъсисоти нерӯгоҳи Бушеҳр ҳам ибрози адами итминон карда буданд.
Дар моҳҳои ахир бурузи нишонаҳо аз таъдили нисбӣ дар мавзеъи сахтгиронаи Ҷумҳурии Исломӣ нисбат ба Иёлоти Муттаҳида ва гароиш ба ҳаллу фасли буҳрони ҳастаӣ ба гуфтаи бархе нозирон боиъси тазалзул дар итминони давлати Саъудӣ нисбат ба фишори пайгири Ғарб барои ҷилавгирӣ аз "атумӣ шудани" Эрон шуда буд.
Равобити байни ҳукумати ваҳҳобии Арабистони Саъудӣ ва ҳукумати рӯҳониюни шиъа дар Ҷумҳурии Исломӣ аз ибтидо дастхуши фарозу нашеби фаровоне буда ва дар мавориде, аз ҷумла дар ҷараёни ҷанги Эрон ва Ироқ ба далели пуштибонии Арабистон аз Ироқ ва дар пайи тазоҳуроти хунини зоирони эронӣ дар маросими ҳаҷи соли 1366 (1987) гоҳ башиддат тира шудааст.
Бо вуҷуди беҳбуди нисбии равобити ду кишвар дар солҳои баъд ин равобит ахиран ба далели ҷиҳатгирии мутаъорифи ду ҳукумат нисбат ба буҳронҳои минтақа, ба хусуси ҳаракати эътирозӣ дар Баҳрайн ва ҷанги дохилии Сурия, бори дигар ба сардӣ гароидааст.
Гуфта мешавад, ки Арабистони Саъудӣ илова бар ҳарос аз дастёбии Эрон ба таслиҳоти атумӣ аз наздик шудани Эрон ва Омрико низ хурсанд нест ва ин эҳтимолро дар назар дорад, ки чунин таҳаввуле мумкин аст ба маънии тазъифи ҳимояти Иёлоти Муттаҳида аз кишварҳои рақиби Эрон дар минтақа бошад.
