Арабистони Саъудӣ яке аз ҳамлакунандагон ба сафорати Омрикоро ба марг маҳкум кард

Додгоҳе дар Арабистони Саъудӣ як нафарро ба иттиҳоми иртибот бо ҳамла ба сафорати Омрико дар Ҷадда дар соли 2004 мелодӣ ба эъдом ва 19 нафари дигарро ба ҳабсҳое то 25 сол маҳкум кард.
Хабаргузории расмии Арабистони Саъудӣ гуфтааст фарде, ки ба эъдом маҳкум шуда, яке аз 5 пайкорҷӯе аст, ки ба сохтмони сафоратхона дар соли 2004 ҳамла карданд.
Қарор аст 35 нафари дигар дар иртибот бо ин парванда дар ҳафтаи ҷорӣ маҳкум шаванд.
Дар ҷараёни ин ҳамла як горди амниятии Саъудӣ ва 4 корманд ба ҳамроҳи 4 нафар аз ҳамлакунандагон кушта шуданд.
Ду гурӯҳи муртабит бо Алқоъида масъулияти ин ҳамларо, ки дар он сол анҷом шуд, бар уҳда гирифтанд.
Гуфта шуда 5 пайкорҷӯ бо партоби маводи мунфаҷира ба суи дари вурӯдии сафоратхонаи Омрико дар Ҷадда, ки таҳти тадобири шадиди амниятӣ қарор дошт, роҳашонро ба дохили сохтмон боз карда ва сипас теъдодеро ба гаравгон гирифтанд.
Се тан аз ҳамлакунандагон тавассути нерӯҳои амниятии Саъудӣ кушта шуданд ва як нафар аз онҳо баъдан ба далели шиддати ҷароҳоти ворида ҷони худро аз даст дод. Нафари панҷум ҳам дастгир шуд.
Ба гузориши хабаргузории Арабистони Саъудӣ мақомот пас аз эъдоми ин фард ҷасади ӯро дар маърази диди умум қарор медиҳанд.
