Филме, ки намоиши он дар Сурия шоҳзодаи саъудиро хашмгин кард

Намоиши филме дар Сурия, ки дар бораи шарҳи зиндагии Малик Абдулъазиз, аввалин подшоҳи Арабистони Саъудӣ аст, бо эътирози шоҳзода Талол бинни Абдулъазиз мувоҷеҳ шудааст.
Шоҳзода Талол яке аз ҳиҷдаҳ писари Малик Абдулъазиз аст, ки ба Ибни Саъуд низ шуҳрат дошт.
Намоиши ин филм бо вуҷуди талошҳои мақомоти саъудӣ барои ҷилавгирӣ аз пахши он сурат гирифтааст.
Ин филм, ки номи он "Султони шинҳо" аст, ҳафтаи гузашта дар Димишқ, пойтахти Сурия, ба намоиш гузошта шуд. Шоҳзода Талол муътақид аст, ки ин филм чеҳраи як шахсияти барҷастаи таърихиро хадшадор (харошида) кардааст.
Филми мавриди баҳс, ки ба коргардонии Наҷдат Анзур, коргардони сурӣ, аст, барои аввалин бор дар моҳи сентябри соли гузашта дар Ландан нишон дода шуд ва яке аз аввалин филмҳоест, ки шахсияти Малик ибни Саъудро ба баҳс гузоштааст.
Нақши Малик Абдулъазизро Фобию Тестӣ, ҳунарпешаи итолиёӣ, бозӣ мекунад.
Аз назари мардуми Арабистони Саъудӣ ин филм ба далели чеҳрае, ки аз Малик ибни Саъуд ба даст медиҳад, баҳсбарангез аст.
Ба гузориши шабакаи телевизиюнии Press TV-и Эрон, дар ин филм Малик Саъуд шахсияте, ки "фоқиди усули ахлоқӣ, ташна ба хун, шаҳватрон ва дар мушти Бритониё" аст, муъаррифӣ шудааст.
Дар трейлери филм нишон дода мешавад, ки Малик ибни Саъуд раҳбари мутаъассибест, ки сабаб мешавад Ҷон Филбӣ, афсари иттилоъотии бритониёӣ, "ба зоҳир ва на дар амал" ба ислом бигарояд.
Дар саҳнаи дигаре Малик Саъуд бо ҳамсари ҷавони худ дар утоқи хоб дида мешавад.
Коргардони филм мегӯяд ин филм бахши муфиде аз нигоҳи дубора ба таърих аст, ки нишон медиҳад сад сол қабл чи иттифоқе уфтод.
"Алахбор", рӯзномаи лубнонии тарафдори Ҳизбуллоҳ, менависад, ки ин филм ҳамакнун дар Бейрут нишон дода шуда ва эътирози кунунии Арабистони Саъудӣ ба намоиши он эҳтимолан ношӣ аз ҳимояти Арабистон аз шӯришиёни мухолифи Башор Асад, раиси ҷумҳурии Сурия, аст.
Шоҳзода Талол бинни Абдулъазиз дар твитери худ навишт: "Ин филм аз сатли зуболаи осори ҳунарии номуваффақ сар дархоҳад овард."
Ӯ изофа кард, ки аз яке аз дӯстонаш, ки бо Башор Асад наздик аст, хоста буд миёнҷигарӣ карда ва монеъи пахши ин филм дар Сурия шавад. Вале чунин ба назар мерасад, ки ин миёнҷигарӣ ба натиҷа нарасидааст.
Телевизиюни Сурия ҷамъияти зиёдеро нишон дод, ки пас аз тамошои ин филм дар солуни уперои Димишқ дар ҳоли каф задан буданд.
