Раҳмон хоҳони густариши ҳамкориҳо бо Арабистони Саъудӣ шуд

  • 28 Август, 2013

Арабистони Саъудӣ барои бунёди макотиби ҳамагонӣ 25 милюн дулор воми ботахфифро дар ихтиёри Тоҷикистон гузоштааст.

Дар ин маврид миёни масъулони вазоратхонаҳои ду кишвари Тоҷикистон ва Арабистони Саъудӣ созишномае ба имзо расида ва раиси Кумитаи давлатии сармоягузории Арабистони Саъудӣ ба ин нукта дар мулоқоти худ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид кардааст.

Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо Абдуллатиф Усмон, ки рӯзи сешанбеи 27 август доир шуд, аз Арабистони Саъудӣ давъат кардааст, ки бо Тоҷикистон ҳамкориҳояшро дар бахшҳои мухталиф густариш диҳад.

Тавре ки сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон менависад, Президент Раҳмон аз иқдоми Арабистони Саъудӣ ба гузоштани 60 милюн дулор сармоя дар ҳафт тарҳ дар Тоҷикистон қадрдонӣ кардааст.

Дар мулоқоти оқои Усмон ва Президент Раҳмон ҳамчунини ҳамкориҳои дигари иқтисодӣ миёни Тоҷикистону Арабистони Саъудӣ баррасӣ шудааст.

Дар ҳамин ҳол, дар солҳои қаблӣ масъулони идораҳои муҳоҷирати ду кишвар мавзӯъи ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба Арабистони Саъудиро матраҳ карда буданд, вале коршиносон мегӯянд, ки ин масъала танҳо дар марҳалаи баҳсу гуфтугӯ боқӣ мондааст.