Ҳаддиақал "сад кушта" дар суқути ҳавопаймои алҷазоирӣ
Бар асоси гузоришҳо ҳаддиақал 100 нафар бар асари суқути як ҳавопаймо дар Алҷазоир кушта шудаанд.
Ин ҳавопаймои таробарии низомии алҷазоирӣ дар як минтақаи кӯҳистонӣ дар шимоли шарқи ин кишвари суқут кардааст.
Минтақаи суқути ин ҳавопаймо дар ҳудуди 380-килуметрии Алҷазира, пойтахт қарор дорад.
Бар асоси ҳамин гузоришҳо теъдоде аз низомиён ва хонаводаҳои онҳо аз сарнишинони ин ҳавопаймо будаанд.
Мақомоти низомии азҷазоирӣ дар ин хусус ҳанӯз ба таври расмӣ вокунише нишон надодаанд.
