Раиси ҷумҳури Алҷазоир пас аз сактаи мағзӣ ба Фаронса эъзом шуд

  • 28 Апрел, 2013
Абдулазиз Бутефлиқа
Image caption Абдулазиз Бутефлиқа дар соли 1975, ки давлатҳои Эрон ва Ироқ барои ҳаллу фасли ихтилофоти марзӣ, ба хусус бар сари вазъияти ҳуқуқии Арвандруд муъоҳидаи Алҷазоирро имзо карданд, вазири умури хориҷаи Алҷазоир буд

Абдулазиз Бутефлиқа, раиси ҷумҳури Алҷазоир пас аз як сактаи хафифи мағзӣ барои идомаи муолиҷа ба бемористоне дар Фаронса рафтааст.

Рашид Буғарбол, раиси маркази миллии тиби варзишӣ ба хабаргузории расмии Алҷазоир гуфтааст, ки ҳоли раиси ҷумҳури 76-солаи он кишвар беҳбуд ёфта ва "далеле барои нигаронӣ вуҷуд надорад."

Ӯ гуфт, оқои Бутефлиқа пеш аз анҷоми чанд озмоиш бояд давраи ниқоҳро ба сар бубарад.

Абдулмолик Салол, нахуствазири Алҷазоир низ бар адами нигаронӣ аз саломати раиси ҷумҳур таъкид кардааст.

Бо ин ҳол сафари оқои Бутефлиқа ба Фаронса барои дармон, дар ҳоле ки мақомоти расмӣ таъкид доранд ҳоли ӯ хуб аст, барои бархе саволбарангез будааст.

Раиси ҷумҳури Алҷазоир чанд сол пеш дар бемористоне дар Порис таҳти амали ҷарроҳӣ қарор гирифт, ки дар он замон оризаи ӯ расман захми меъда унвон шуд.

Аммо асноди расмии лурафтаи омрикоӣ ҳикоят аз он доранд ки ӯ эҳтимолан барои дармони саратон мавриди ҷарроҳӣ қарор гирифта буд.

Алорағми синни боло ва вазъияти нопойдори саломатии оқои Бутефлиқа бархе дар Алҷазоир муътақиданд, ки ӯ метавонад бо номзад шудан дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли оянда барои бори чаҳорум раиси ҷумҳури он кишвар шавад.

Абдулазиз Бутефлиқа дар соли 1975, ки давлатҳои Эрон ва Ироқ барои ҳаллу фасли ихтилофоти марзӣ, ба хусус бар сари вазъияти ҳуқуқии Арвандруд муъоҳидаи Алҷазоирро имзо карданд, вазири умури хориҷаи Алҷазоир буд.

Матолиби муртабит