Сарнавишти ҳавопаймои мусофирбарии гумшудаи молезиёӣ "муъаммост"
Image copyrightReutersРаиси созмони ҳавопаймоии Молезӣ мегӯяд сарнавишти парвози Эм-эч 350, ки Куоло Ломпурро ба мақсади Пекан дар соъати 41 дақиқаи бомдоди шанбе тарк карда буд, ҳанӯз муъаммо аст.
Азҳаруддин Абдураҳмон имрӯз (10 март) дар кунфронсе хабарӣ дар Куоло Ломпур гуфт: "Хонумҳо, оқоён, мутаассифона ҳанӯз чизе пайдо накардаем, ки ба назар бирасад қитъае аз ҳавопаймои гумшуда аст, чи бирасад ба ин ки худи ҳавопайморо пайдо кунем."
Оқои Абдураҳмон дар ин кунфронси хабарӣ тақрибан посухе барои пурсишҳои матраҳшуда надошт: "Мо мутаваҷҷеҳ ҳастем, ки шумо аз мо посух мехоҳед, мо ҳам ба андозаи шумо мунтазири ҷавоби суолот ҳастем."
Пеш аз ин гуфта шуда буд эҳтимол дорад ҳавопаймо дар ҳаво муталошӣ шуда бошад. Ба хонаводаҳои 239 мусофири ҳавопаймо ҳам гуфта шуда худро барои "бадтарин" иттифоқ омода кунанд.
Абдулҳалим Муъаззам, подшоҳи Молезӣ, ҳам ба хонаводаҳои мусофирони ҳавопаймо таслият гуфтааст.
Дирӯз гуфта шуд ду шайъи шиновар дар ҳаштодкилуметрии ҷазираи Тучу дида шудаанд, ки шабеҳи қитъаоти ҳавопаймо, аз ҷумла дар он ҳастанд, аммо мақомоти виетномӣ баъдан ин мавзеъро натавонистанд таъйид кунанд.
Ашёи мухталифе то ба ҳол мушоҳида шуда, аммо то ба ҳол ҳеч кадом ба унвони қитъае аз ҳавопаймои гумшуда таъйид нашудаанд."
Дар ҳамон минтақае, ки ду шайъи машкук дида шуда, ду лакаи нафтӣ ҳам шиносоӣ шудааст. Ин лакаҳо ба лакаи ношӣ аз тонкерҳои ҳавопаймоҳои суқуткарда шабоҳат доштааст.
Оқои Абдураҳмон гуфт аз ду лакаи нафтӣ, ки дар дарё шиносоӣ шуда намунабардорӣ шуда, то рӯшан шавад оё мутаъаллиқ ба ҳавопаймои гумшуда ҳастанд ё на, аммо ҳанӯз натиҷаи кори озмоишгоҳи имрӯз баъд аз зуҳр мушаххас хоҳад шуд.
Раиси созмони ҳавопаймоии Молезӣ аммо таъйид кард панҷ мусофир, ки билет харида ва бори худро таҳвил дода буданд, савори ҳавопаймо нашудаанд.
Ӯ гуфт бар асоси равияи истондорди замонӣ, ки рӯшан шуд панҷ нафар савори ҳавопаймо нашудаанд, бори онҳо аз ҳавопаймо тахлия шуд. "Мо бояд бори онҳоро аз ҳавопаймо тахлия мекардем ва ин корро кардем."
Ӯ таъкид кард тамоми эҳтимолоти мумкин баррасӣ хоҳанд шуд ва гуфт эҳтимоли ҳавопайморабоӣ ҳанӯз мантиқӣ нест.
Ҳамакнун 34 ҳавопаймо ва 40 киштии мутаъаллиқ ба Молезӣ, Виетном, Тойланд, Устролиё, Сингопур, Индунезӣ, Чин ва Омрико дар ҷустуҷӯи ҳавопаймои гумшуда ҳастанд.
Мақомоти нерӯи дарёии Омрико эълом кардаанд, ки ҳеҷ қитъае аз ҳавопайморо дар ҷустуҷӯҳои худ мушоҳида накардаанд.
Вилиём Моркз аз фармондеҳони новгони ҳафтуми Омрико, ки дар амалиёти ҷустуҷӯ мушорикат дорад, ба Би-би-сӣ гуфт минтақаи ҷустуҷӯ садҳо килуметр масоҳат дорад.
"Мо аз осмон метавонем ашёе ба кучакии кафи даст ё як тӯби баскетболро бубинем, мавзӯъ ин нест, ки оё метавонем бубинем, минтақаи ҷустуҷӯ беандоза васеъ аст."
Гузарномаҳои дуздӣ
Дар мавриди нопадид шудани ин ҳавопаймо эҳтимоли ҳавопайморабоӣ ва амалиёти теруристӣ ҳам матраҳ аст ва Эф-би-ой ҳам дар ин замина ба кумак омадааст.
Бештари таваҷҷуҳ дар ин бора ба ду мусофире аст, ки бо гузарномаи дуздӣ савори ҳавопаймо шудаанд.
Пулиси байналмилал (Интерпул) эълом карда ҳувияти тамоми мусофирони ҳавопаймо дар дасти баррасӣ аст, то рӯшан шавад кадом ду мусофир бо ду гузарномаи дуздӣ савори ҳавопаймо шудаанд.
Рунолд Нубел, раиси Интерпул дар баёнияе эълом кард ҳанӯз барои ин ки байни гузарномаҳои дуздӣ ва нопадид шудани ҳавопаймо робитаи мустақиме дар назар гирифта шавад, зуд аст, аммо аз ин ки ҳанӯз мусофирон метавонанд бо гузарномаҳои дуздӣ, ки дар пойгоҳи додаҳои Интерпул сабт шуда, савори парвозҳои байналмилалӣ шаванд, изҳори нигаронӣ кард.
Интерпул бо интиқод аз кӯтоҳии кишварҳо дар кунтрули гузарномаҳои атбоъи худ гуфт бо ин ки иттилоъоти гузарномаи утришӣ дуздида шуда дар соли 2012 ва гузарномаи итолиёии рабудашуда дар соли гузашта як соъат пас аз сирқат дар пойгоҳи иттилоъотии Интерпул дарҷ шуда, аммо ҳеҷ кишваре барои истифода аз ин иттилоъот ба пойгоҳи додаҳои Интерпул руҷӯъ накарда буд.
Ба гуфтаи коршиносон ташхиси ҳувияти воқеъии ду нафаре, ки бо ин гузарномаҳои ҷаълӣ савори ҳавопаймо шудаанд, мумкин аст аҳамиияти зиёде дар рӯшан шудани сарнавишти ҳавопаймо дошта бошад.
Ин ки ҷустуҷӯ барои ёфтани бақоёи ҳавопаймо чанд рӯз тӯл бикашад, бахусус агар ҳавопаймо дар уқёнус суқут карда бошад, иттифоқе номаъмул нест, аммо бехабарии мутлақ аз сарнавишти ҳавопаймои молезиёӣ боъиси шигифтии бисёр шудааст, бавижа он ки ҳанӯз ҳеҷ аломате аз ҷаъбаи сиёҳи ҳавопаймо дарёфт нашудааст.
