Поёни музокираи Керӣ ва Лавров дар бораи Укройн
Image copyrightReutersМузокироти Ҷон Керӣ, вазири умури хориҷаи Омрико, ва Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия, дар мавриди буҳрони Укройн бидуни натиҷаи малмусе поён ёфтааст.
Бо ин ҳол, тарафайн гуфтугӯҳои худро сареъ ва созанда тавсиф карда ва бар идомаи музокирот таъкид кардаанд.
Ҷон Керӣ дар кунферонси хабарии худ, ки дар сафорати Омрико дар Порис баргузор шуд, таъкид кард, ки ҳеч тасмиме дар бораи Укройн бидуни ҳузури Укройн дар пойи мизи музокира иттихоз нахоҳад шуд.
Ӯ гуфт Омрико иқдоми низомии Русия дар шибҳиҷазираи Криме ва илҳоқи он ба Русияро ғайриқонунӣ ва номашрӯъ медонад.
Ҷон Керӣ ҳамчунин таъкид кард, ки нерӯҳои Русия бояд аз марзҳои шарқии Укройн ақабнишинӣ кунанд, чиро ки ба гуфтаи ӯ, ҳузури ин нерӯҳо дар Укройн фазои иръоб (тарсу ваҳшат) эҷод кардааст.
Музокироти рӯзи якшанбеи вазирони хориҷаи Омрико ва Русия дар Порис ҳудуди чаҳор соъат тӯл кашид.
Вазири умури хориҷаи Русия дар поёни ин гуфтугӯҳо гуфт, ки Укройн бояд ба як сохтори федерол табдил шавад ва манотиқи мухталиф аз ин ҳақ бархурдор бошанд, ки дин, забон ва улгӯи иқтисодии худро таъйин кунанд.
Сергей Лавров, дар айни ҳол, гуфтугӯҳояш бо Ҷон Керӣ дар мавриди ояндаи Укройнро бисёр созанда тавсиф кард ва бар ёфтани як мавзеъи муштарак барои коҳиши таниш ва ҳалли буҳрон таъкид кард.
Вазири хориҷаи Русия гуфт, ки бо ҳамтои омрикоияш тавофуқ кардааст, ки давлати Укройн ҳуқуқи шаҳрвандони рустаборро беҳбуд бибахшад ва нерӯҳои шибҳинизомиро халъи силоҳ кунад.
Укройни "бетараф ва федерол"
Бархе аз мақомҳои давлати Омрико муътақиданд, ки пешниҳоди ҷадиди Русия барои ҳалли буҳрон нест ва метавонад муқаддимае барои амалиёти низомии густардатар бошад.
Маскав хоҳони як Укройни "бетараф ва федерол" аст ва мегӯяд, ки Укройн набояд ба паймони НОТУ бипайвандад.
Мулоқоти рӯзи якшанбеи оқоён Керӣ ва Лавров пас аз гуфтугӯи телефунии тозаи Борок Убомо ва Владимир Путин, руасои ҷумҳурии ду кишвар, барномарезӣ шуда буд.
Маскав мегӯяд, ки дар бахшҳои шарқии Укройн, ки аксарият рустабор ҳастанд, русӣ бояд забони расмии дувум эълом шавад. Ҳамчунин, бояд ин манотиқ дар баробари Киев аз худмухторӣ ва ихтиёроти бештаре бархурдор шаванд.
Аз тарафи дигар, Омрико бар коҳиши танишҳо, халъи силоҳи шибҳинизомиёни тарафдори Русия дар Криме ва бозгашти нерӯҳои Укройн ба пойгоҳҳои худ дар Криме таъкид дорад.
Мақомҳои омрикоӣ ҳамчунин хоҳони эъзоми нозирони байналмилалӣ ба минтақа ҳастанд ва дар пайи он ҳастанд, ки Маскав бо давлати муваққат дар Киев музокира кунад. Русия то ба ҳол ин ду дархостро напазируфтааст.
Маъмурияти женероли омрикоӣ
Ҳамзамон бо музокироти мустақими вазирони умури хориҷаи Омрико ва Русия бар сари буҳрони Укройн, фармондеҳи кулли нерӯҳои омрикоӣ дар Урупо ба таври ғайримунтазира аз Вошингтун ба маҳалли маъмурияташ дар Урупо фиристода шуд.
Женерол Филип Бридлов, фармондеҳи кулли нерӯҳои НОТУ ва фармондеҳи нерӯҳои омрикоӣ дар Урупо, ки ба Вошингтун сафар карда буд, ба дастури Чок Ҳейгел, вазири дифоъи Омрико, ба Иштутгорти Олмон бозгашта ва ин ҳафта дар рӯзҳои якуму дувуми апрел дар Бруксел бо вазирони умури хориҷаи кишварҳои узви НОТУ дидор ва гуфтугӯ хоҳад кард.
Сухангӯйи Пентогун далели ин тасмимро "адами шаффофияти мақосиди раҳбарони Русия" аз таҳаррукоти низомии артиши ин кишвар дар навоҳии марзии Укройн эълом кардааст.
Омрико баровард мекунад, ки Русия дастикам 30 ҳазор нерӯ дар марзҳои шарқии Укройн мустақар карда ва нигарон аст, ки эҳтимолан қасди иқдоми низомии дигаре алайҳи ин кишварро дошта бошад.
Ин дар ҳолест, ки вазири умури хориҷаи Русия гуфтааст, ки кишвараш ба ҳеч ваҷҳ қасд ё алоқае барои эъзоми нерӯ ба Укройн надорад. Оқои Лавров мегӯяд, ки Русия омодаи ҳифзи ҳуқуқи рустаборҳо дар Укройн аз тамоми роҳҳои сиёсӣ, диплумотик ва қонунӣ аст.
