Тақвияти талошҳои диплумотики Омрико ва Русия барои ҳалли буҳрони Укройн
Image copyrightU.S. State DeptВазири умури хориҷаи Омрико, ки дар роҳи бозгашт ба кишвараш буд, масири худро дар охирини дақоиқ иваз кард то ба музокира бо ҳамтои руси худ бирасад.
Ба назар мерасад қарори ин музокирот байни Ҷон Керрӣ ва Сергей Лавров ногаҳон гузошта шудааст. Музокироти қаблии ин ду, ки дар Ландан ва дуруст пеш аз ҳамапурсии илҳоқи Криме ба Русия баргузор шуд, натиҷа надод.
Як рӯз пеш дар охирин соъоти ҷумъаи 28 март Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия ва Борок Убомо, раиси ҷумҳурии Омрико телефунӣ дар бораи буҳрони Укройн суҳбат карданд.
Дар ин муколамаи яксоъата ин ду мувофиқат карданд, ки вузарои хориҷаи Омрико ва Русия бори дигар дар бораи Укройн дидор ва музокира кунанд.
Кохи Сафед мегӯяд ин оқои Путин буд, ки ба ҳамтои худ занг зад.
Равобити Омрико ва Русия дар пайи буҳрони Укройн беш аз пеш рӯ ба сардӣ гузоштааст. Оқои Убомо пештар борҳо аз Русия хостааст қуворо аз хоки Укройн ақаб бикашад.
Вазири хориҷаи Русия ҳам рӯзи шанбе дар як мусоҳибаи телевизиюнӣ гуфт, ки Маскав ба ҳеҷ ваҷҳ қасд ё алоқа барои эъзоми нерӯ ба Укройн надорад.
Гузориш шудааст, ки ҳазорон сарбози рус дар ҳаволии марзҳои шарқии Укройн мустақар шудаанд.
Қарор аст вазирони хориҷаи Омрико ва Русия асри якшанбе бо якдигар дар Порис дидор кунанд.
Ҳавопаймои Ҷон Керрӣ дар роҳи бозгашт аз Ховари Миёна ба Омрико буд, аммо вазири хориҷаи Омрико аз халабонон хост, ки масирро ба самти Фаронса тағйир диҳанд.
"Сарпойинии диплумотик"
Дар ҳамин ҳол аз Ню-йурк хабар мерасад Бон Ки-мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, ки батозагӣ аз сафари Маскав бозгашта, гуфтааст Владимир Путин ба ӯ итминон дода, ки "Артиши Русия ҳеҷ тасмиме барои иқдоми низомӣ надорад."
Тарҳи пешниҳодии Омрико барои коҳиши танишҳо байни Укройн ва Русия бо унвони "сарпойинии диплумотик" бо ҳамфикрии кишварҳои урупоӣ ва давлати муваққати Укройн пеш бурда шудааст.
Гузориш шудааст, ки ин тарҳ шомили таваққуфи гусели нерӯ ба наздикии марзҳои Укройн эъзоми нозирони байналмилалӣ ба шарқи Укройн барои ҳифозат аз русзабонон ва бозгашти нерӯҳои рус дар Криме ба пойгоҳҳо аст.
Кохи Кремлин мегӯяд Владимир Путин дар муколамаи телефунии рӯзи ҷумъа бо раиси ҷумҳурии Омрико таваҷҷуҳи оқои Убоморо ба "иғтишоши идомадори ифротиҳо" дар Киев ва дигар манотиқи Укройн ҷалб кардааст.
Андрей Дешитса, вазири хориҷаи муваққати Укройн рӯзи шанбе Русияро муттаҳам кард, ки талош кардааст як "камарбанди бесаботӣ" дар имтидоди марзҳои муштарак эҷод кунад.
Рӯзи шанбе гурӯҳҳое аз мардум дар хиёбонҳои Сиферопол, пойтахти Криме ба хотири ҳамсоъат шудан бо Маскав шодӣ ва пойкӯбӣ карданд.
Соъати Криме ду соъат ҷилав кашида шуд то бо вақти Маскав яке шавад.
Ин ҷузъе аз тасмими қаблии порлумони Криме барои ҷудоӣ аз Укройн ва пайвастан ба хоки Русия будааст.
Сокинони шибҳҷазираи Криме дар як ҳамапурсӣ, ки давлати муваққати Укройн ва кишварҳои ғарбӣ онро беэътибор хондаанд, ба пайвастан ба Русия раъйи мусбат доданд.
Дар ҳамин ҳол мақомоти давлати муваққати Укройн дар такопӯ барои баргузории интихоботи дигар дар 25 май ҳастанд.
