Валентина Матвиенко: “Русия аз авзои минтақа баъд аз соли 2014 нигарон аст”
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Шӯрои Федеросиюни Русия мегӯяд, ки дар мулоқоти худ бо раиси ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи авзоъ дар Осиёи Марказӣ баъд аз соли 2014-ро матраҳ кардааст.
Валентина Матвиенко гуфт, ки Русия аз вазъи минтақа баъд аз соли 2014 нигарон буда ва муносиботи Тоҷикистон ва Русия дар таъмини амнияти минтақа нақши боризе дорад.
Хонуми Матвиенко рӯзи панҷшанбеи 13 март дар ҷамъи хабарнигорон гуфт: “Ин минтақа печида ва душвор аст. Ва мусаламан нигаронии хосе аз замоне, ки нерӯҳои байналмилалӣ аз Афғонистон берун меояд, вуҷуд дорад. Истироби мо аз сар задани бесуботӣ дар Афғонистон ва Осиёи Марказӣ аст ва мо бояд барои таъмини сулҳ ва субот дар минтақа муттаҳид шавем.”
Хонуми Матвиенко, ҳамчунин, аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон барои тамдиди ҳузури пойгоҳи нимзомии Русия то соли 2042 дар Тоҷикистон изҳори сипос кард.
Ӯ афзуд: “Ин иқдом низ яке аз авомили ҷиддӣ барои муҳори танишҳои фазоянда дар минтақа буда ва ҳамчунин, ин омил баёнгари моҳияти эътимоди хосе дар муносиботи ду кишвар аст. ”
Ин мақоми рус гуфт, ки назари давлатҳои Русия ва Тоҷикистон ба бисёре аз масоили байналмилалӣ ва минтақаӣ мушобеҳ ва ё ба ҳам наздик будаанд.
Аммо хонуми Матвиенко дақиқ аз ҳеҷ рӯйдоде ёдовар нашуд ва ҳамчунин дар мавриди он ки оё дар мулоқоти имрӯзи худ бо Эмомалӣ Раҳмон бӯҳрони Укройро низ барасӣ кардаст ё хайр, иттилоъ надод.
Ҳарчанд ба гуфтаи бархе аз коршиносони сиёсӣ яке аз аҳдофи аслии сафари дурӯзаи раиси Шӯрои Федеросиюни Русия ба Тоҷикистон ва мулоқотҳои ӯ бо бархе аз мақомоти тоҷик баррасии авзоъи феълӣ дар Укройн будааст.
Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федеросиюни Русия рӯзи қабл ба Тоҷикистон омад ва дирӯз бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси Маҷлиси миллии порлумони Тоҷикистон мулоқот карда, дар ҳамоиши ҳайъатҳои кории Русия ва Тоҷикистон ширкат дошт.
Қарор аст, баъд аз зӯҳри имрӯз хонуми Матвиенко аз пойгоҳи низомии Русия дар Тҷоикистон, ки дар қисмати ҷанубии шаҳри Душанбе воқеъ аст, дидан карда ва бо низомиёни рус мулоқот анҷом диҳанд.
