Баррасии мавзӯъи муҳоҷират дар мулоқоти Убайдуллоев бо Матвиенко
Image copyrightBBC World ServiceРаиси Шӯрои Федеросиюни Русия сафари дурӯзаи худ ба Тоҷикистонро аз мулоқот бо раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон оғоз кард.
Валентина Матвиенко ва Маҳмадсаид Убайдуллоев, баъд аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 12 март, масоили мухталиф, аз ҷумла мавзӯъи муҳоҷирони тоҷик дар Русияро баррасӣ кардаанд.
Оқои Убайдуллоев дар ин нишаст зимни нигаронӣ аз ихроҷ ва манъи вуруд ба Русия барои иддаи зиёде аз шаҳрвандони Тоҷикистон гуфт, ки ин мавзӯъ бояд миёни ду тараф баррасӣ ва ҳал шавад.
Оқои Убайдуллоев мегӯяд: “Танҳо дар ду моҳи аввали соли ҷорӣ барои беш аз 21 ҳазор нафар аз сокинони Тоҷикистон вуруд ба Русия мамнӯъ шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар тӯли соли 2013 Русия барои 15 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба Русияро манъ карда буд.”
Аммо оқои Убайдуллоев гуфт, ки умед дорад бо кумаки хонуми Матвиенко ин мушкил ба зудӣ роҳи ҳалли худро пайдо хоҳад кард.
Раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, ки миёни Русия ва Тоҷикистон созишномаҳои зиёде дар солҳои ахир ба имзо расидаанд, ки яке аз тавофуқи муҳими миёни ду тараф, мавзӯъи ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар Русия мебошад.
Валентина Матвиенко, ки барои сафари дурӯза ба Тоҷикистон омадааст, баъд аз мулоқот бо Маҳмадсайид Убайдуллоев, ҳамчунин дар нишасти ҳайъатҳои кории ду ҷониби Русия ва Тоҷикистон ширкат кард.
Баъд аз анҷоми ин ҳамоиш ҷонибҳо дар нишасти кутоҳе ба суолоти хабаринигорони хориҷӣ ва дохилӣ посух доданд, ҳарчанд бархе аз хабарнигорон ақидаи хонуми Матвиенко ва оқои Убайдуллоевро дар мавриди буҳрони Укройн ҷӯё шудаанд, аммо ҳар ду ҷониб аз посух ба ин пурсиш худдорӣ карданд.
Хонуми Матвиенко зимни арзёбии муносиботи ду кишвар равобити миёни Русия ва Тоҷикистонро мусбат хонд ва афзуд, ки Русия омода аст барои Тоҷикистон дар заминаи омӯзиши забони русӣ кумак кунад. Вай гуфт, ки имрӯз бо худ беш аз ду тун кутуби мухталифи омӯзиши забони русиро ба Тоҷикистон овардааст.
Қарор аст, ки хонуми Матвиенко фардо бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон низ мулоқот анҷом диҳад.
Сафари раиси Шӯрои Федеросиюни Русия ба Тоҷикистон дар ҳоле анҷом мешавад, ки Русия даргири мушкили диплумотики бо Ғарб бар сари буҳрони Укройн буда ва Иттиҳодияи Урупо ва Омрико ҳам дахолати низомии Русия дар Укройн, ҳам ҳамапурсии Кримеро ғайриқонунӣ хондаанд.
Коршиносони тоҷик ҳадс мезананд, ки яке аз аҳдофи аслии сафари ин мақоми Русия ба Тоҷикистон баррасии масъалаи Укройн бо мақомоти тоҷик будаст.
Ҳамчунин ба гуфтаи ин соҳибназарон ба эҳтимоли зиёд Валентина Матвиенко аз мақомоти баландпояи Тоҷикистон даъват мекунад, ки дар ҳалли буҳрони Укройн аз мавқеъи Русия дар қиболи ин масъала ҷонибдорӣ кунанд.
