Дидори намояндагони порлумонҳои Тоҷикистон ва Русия
Руасои кумитаҳои дифоъ ва амнияти порлумонҳои Тоҷикистон ва Русия масолии марбут ба тавсеъаи ҳамкориҳои низомӣ ва вазъи амнияти минтақаро баррасӣ кардаанд.
Бино ба иттилоъи Муҳаммадато Султонов, сухангӯйи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 12 март, Амирқул Азимов зимни дидор бо Виктор Озеров, раиси Кумитаи дифоъ ва амнияти маҷлиси улёи порлумони Русия ба нақши ин кишвар ба унвони шарики истротежии Тоҷикистон ва кафили амнияти минтақа таъкид кардааст.
Виктор Озеров ба навбаи худ гуфтаст, Русия дар садад аст, дар навсозии артиши Тоҷикистон саҳми фаъъол гирифта ва ба ин кишвар кумакҳои фаннӣ ироъа кунад.
Ҳамчунин, ҷонибҳо мавзӯъи дурнамои амнияти Осиёи Марказиро дар партави хуруҷи нерӯҳои НОТУ аз Афғонистон дар авохири соли ҷорӣ баррасӣ кардаанд.
Зимнан, баъд аз зӯҳри чоршанбеи 12 март, Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федеротсиюн ё Маҷлиси улёи порлумони Русия бо як дидори расмӣ ворид Душанбе шуда ва бо мақомоти Тоҷикистон дидору гуфтугӯ хоҳад кард.
