Вазири хориҷаи Тоҷикистон озими Маскав шуд
Сироҷиддин Аслов, вазири хориҷаи Тоҷикистон бо як дидори расмӣ вориди Маскав, пойтахти Русия шудааст.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти Вазорати хориҷаи Тоҷикистон, қарор аст, оқои Аслов бо Сергей Лавров, ҳамтои руси худ дидор ва масоили марбут ба равобити дуҷониба, ҳамкориҳо дар чорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва амнияти минтақаро баррасӣ кунад.
Интизор меравад, дар фарҷоми дидор Барномаи ҳамкориҳо миёни вазоратҳои хориҷаи Русия ва Тоҷикистон барои соли 2014 имзо шавад.
Зимнан, то ҳол Вазорати хориҷаи Тоҷикистон дар мавриди бӯҳрони Укройн ва мудохилаи Русия ба ин қазия расман ибрози назаре накардааст.
Ин дар ҳолест, ки вазоратҳои хориҷаи кишварҳои минтақа, назири Ӯзбакистон, Қазоқистон ва Қирғизистон бо интишори баёния хостори ҳалли мусолиматомези ин бӯҳрон шудаанд.
