Зойиров: Ҳузури паҳподҳои Русия дар Тоҷикистон бояд ҷиддан таҳлил шавад

  • 1 Март, 2014
ЗойировImage copyrightBBC World Service
Image caption Оқои Зойиров мегӯяд дар Тоҷикистон баъид аст мутахассисоне бошанд, ки дар бораи паҳподҳо иттилоъ дошта бошанд

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукрот, мегӯяд, ки мавзӯъи ҳузури паҳподҳо ё дастгоҳҳои парандаи ҳидоятпазир аз дури Русия дар пойгоҳи низомияш дар Тоҷикистон бояд мавриди омӯзиш ва таҳлили ҷиддӣ қарор дода шавад.

Вай ҳамчунин мегӯяд нигарониҳо дар бораи ин ки мумкин аст Русия дар шароите вижа аз пойгоҳи низомии худ алайҳи манофеъи Тоҷикистон истифода кунад, асоси воқеъӣ дорад.

Оқои Зойиров рӯзи шанбеи аввали март ба Би-би-сӣ гуфт: "Ворид намудани ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин ба як кишвари кӯчак, мисли Тоҷикистон, ғайримантиқист. Албатта, доираи истифода аз ин таҷҳизот хеле фарох аст ва ҳоло бояд мушаххас кард, ки ин дастгоҳҳо бо чигуна фанновариҳо муҷаҳҳаз ҳастанд ва мушаххасан чи кореро анҷом медиҳанд."

'Таҷассуси рӯзонаву шабона'

Рӯзи ҷумъаи 28 феврал бархе аз расонаҳои Русия гузориш доданд, ки вазорати дифоъи ин кишвар ба пойгоҳи низомии худ дар Тоҷикистон шуморе паҳпод ё таҷҳизоти парандаи ҳидоятпазир аз дур, ки ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин низ номида мешаванд, вогузор кардааст.

Дафтари матбӯъотии Ҳавзаи низомии марказии Русия бо интишори хабаре иттилоъ дод, ки пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон аз паҳподҳои мавсум ба "Застава", "Гранат" ва "Леер" барои таҷассус ва радёбии манобеъи ташаъшуъоти родиюӣ истифода хоҳад кард.

Ин манбаъ меафзояд, ки ин паҳподҳо аз тавлидоти тозаи низомӣ буда ва барои таъмини фаъъолияти муассири нерӯҳои Русия ва истифодаи муассир аз тӯпхона дар назар гирифта шудаанд. Ин таҷҳизот ба фаъъолияти таҷассусии нерӯҳои Русия ба таври рӯзонаву шабона кумак хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, паҳподҳои навъи "Гранат" ва "Застава" барои филмбардорӣ ва аккосӣ дар минтақаи мавриди назар дорои аҳаммияти вижае ҳастанд. Дастгоҳи "Леер" аз зарфияти таҷассус аз тариқи ташаъшуъот ва амвоҷи родиюӣ ва мухтал кардани амвоҷи родиюӣ ва фреконсҳо бархурдор аст.

Бо таваҷҷуҳ ба фанноварии ҷадид ва имконоти ин паҳподҳо, бисёриҳо ин нигарониро матраҳ мекунанд, ки тамомии қаламрави Тоҷикистон таҳти назорати ҷиддии пойгоҳи Русия қарор хоҳад гирифт.

Зимнан, ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии Русия умдатан дар подгонҳои Кӯлобу Қурғонтеппа ва Душанбе ва ҳашт шаҳраки низомӣ мустақарранд. Русия ҳамчунин дар соли 2004 дидбонгоҳи фазоии мавсум ба "Окно"-ро низ дар ивази бидеҳиҳои Тоҷикистон ба тасарруфи худ даровард, ки он низ аз таъсисоти муҳимму истротежики низомияш дар ин кишвар маҳсуб мешавад.

'Дар Тоҷикистон мутахассиси паҳпод нест'

Ҳанӯз мақомоти тоҷик ба ин хабар вокуниши расмӣ накардаанд, вале бархе аз соҳибназарон мегӯянд, ки бо истифода аз ин фанноварӣ Русия метавонад тамомии фаъъолиятҳои ҷомеъа, ниҳодҳо ва муасисоти давлатӣ ва ғайридавлатӣ, созмонҳо ва аҳзоб, гурӯҳҳои иҷтимоъӣ ва афроди ҷудогона, бавижа шахсиятҳои сиёсию иҷтимоъиии Тоҷикистонро, таҳти заррабин қарор диҳад.

Оқои Зойиров мегӯяд: "Ман баъид медонам, ки ҳеҷ мутахассисе дар Тоҷикистон аз аҳдофи ин ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин огаҳӣ дошта бошад ва ҳеҷ иттилоъе дошта бошад, ки онҳо чи фанноварие бо худ доранд ва барои чи коре аз онҳо истифода мешавад."

Image copyrightBBC World Service
Image caption Пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон шуморе паҳпод ё дастгоҳҳои парандаи ҳидоятпазир аз дур дарёфт кардааст

Ба гуфтаи оқои Зойиров, ки ҳуқуқдоне саршинос маҳсуб мешавад, ҳоло дар қавонини Тоҷикистон ҳеҷ маҳдудияте дар заминаи истифода аз паҳподҳо ё ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини қудратҳои хориҷӣ дар тамомии қаламрави кишвар вуҷуд надорад.

Вай меафзояд: "Аслан, филмбардорӣ ва аккосӣ тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин барои Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ ва Идораи амнияти федероли Русия лозим аст. Мо бояд дар мавриди ҳадаф ва имконоти ин дастгоҳҳо ва фаъъолияти онҳо дар кишварамон ҷиддан мулоҳиза ва таҳлил кунем."

Зимнан, хабари ирсоли паҳподҳо ба пойгоҳи Русия дар Тоҷикистон дар ҳоле мунташир шуда, ки Кремлин дар вокуниш ба таҳаввулоти ахир дар Укройн талош мекунад нуфузи низомии худро дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, бавижа дар ҷамоҳири шӯравии собиқ, тақвият кунад.

Рӯзи чаҳоршанбеи 26 феврал хабаргузории РИА Новости аз қавли Серей Шойгу, вазири дифоъи Русия, хабар дод, ки кишвараш қасд дорад шумори пойгоҳҳои низомияш дар хориҷаро афзоиш диҳад. Вай гуфта, ки дар ин замина музокира бо Виетном, Кубо, Венезуэло, Никорогуо ва Сангопур идома дорад.

Ба гуфтаи оқои Шойгу, музокироти мақомҳои Русия бо ин кишвар танҳо ба эҷоди пойгоҳҳои низомӣ маҳдуд намешавад, балки шомили мавзӯъи тасҳили вуруду хурӯҷи киштиҳояш ба бандарҳои мавҷуд дар ин кишварҳо ва ҳамчунин имкони сӯхтгирии ҳавопаймоҳояш низ мешавад.

Оқои Шойгу ҳамчунин хабар дод, ки Русия ба пойгоҳи ҳавоии "Кант" дар Қирғизистон нерӯҳои изофӣ, аз ҷумла чархболҳои ҷангӣ ва чатрбозонро ворид кардааст. Ба гуфтаи ӯ, Русия қасд дорад, ки дар соли милодии ҷорӣ шуморе аз ҷангандаҳои худро дар Белорус низ мустақар кунад.

'Васвасаҳои низомии Русия'

Ҳарчанд оқои Шойгу дар бораи афзоиши нерӯҳои Русия дар Тоҷикистон иттилоъ надода, вале манобеъи огоҳ мегӯянд, ки ин мавзӯъ низ дар дастури кори мақомоти Русия аст. Пойгоҳи 201-и Русия дар Тоҷикистон бузургтарин маҷмӯъаи нерӯҳои заминии Русия дар хориҷ аз он кишвар аст.

Ин дар ҳолест, ки бо таваҷҷуҳ ба вокуниши Русия нисбат ба таҳаввулоти Укройн ва гузоришҳои мабнӣ бар ҳузури нерӯҳои Русия дар Криме бисёре аз намояндагони ҷомеъаи мадании Тоҷикистон ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар ин кишварро низ хатарбор арзёбӣ мекунанд.

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон, мегӯяд, ки ин нигарониҳо асоси воқеъӣ доранд. Ба эътиқоди ӯ, дар шароити вижа "ба таври назариявӣ" ин имкон вуҷуд дорад, ки Русия аз пойгоҳи низомияш алайҳи манофеъи Тоҷикистон истифода кунад.

Ин пойгоҳ дар заминаи лашкари 201-и Шӯравӣ, ки соли 1945 ба Тоҷикистон эъзом шуда ва дар авоили даҳаи 1990 ба тасарруфи Русия даромад, таъсис шудааст. Моҳи октябри соли гузашта, давлати Тоҷикистон бо вуҷуди интиқодҳои густарда қарордоди тамдиди ҳузури он то соли 2042-ро имзо кард.

Рӯзи шанбе порлумони Русия ба давлати ин кишвар иҷозаи истифода аз нерӯ барои мудохилаи низомӣ дар Укройнро додааст. Новгони дарёии Русия дар минтақаи худмухтори Криме, ки ҷузъе аз Укройн аст, мустақар аст. Гузоришҳо ҳокист, ки нерӯҳои таҳти ҳимоят ва ҳидояти Русия дар ин минтақаи Укройн таъсисоти муҳим, аз ҷумла фурӯдгоҳҳоро, ба тасарруфи худ даровардаанд.

Бо таваҷҷуҳ ба таҳаррукот ва васвасаҳои Русия барои афзоиши шумори пойгоҳҳои низомияш дар кишварҳои ҷаҳон дар пайи таҳаввулоти Укройн оқои Зойиров мегӯяд, ки агар Русия дар ин шароит хештандорӣ накунад, мумкин аст ба хатари "Ҷанги Ҷаҳонии Севум" доман занад.