Кумаки Иттиҳодияи ҷавонони тоҷик дар Русия ба муҳоҷирони боздоштӣ
Image copyrightBBC World ServiceМасъулони Иттиҳодияи ҷавонони тоҷик дар Русия мегӯянд шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар боздоштгоҳи вижае дар шаҳри Маскав нигаҳдорӣ мешаванд, дар вазъи вахиме қарор доранд.
Намояндагони ин созмон рӯзи душанбеи 17 март барои муҳоҷироне, ки дар боздоштгоҳи мавсум ба “Дмитровка”-и шаҳри Маскав ба сар мебаранд, кумакҳои ғазоӣ, кутуб ва рӯзномаҳо ироа доданд.
Марина Алиева, донишҷӯйи тоҷик ва яке аз аъзои фаъъоли ин созмон дар шабакаи Фейсбук навишт, ки дар ин боздоштгоҳ дар канори муҳоҷирони мард ҳамчунин ҳудуди 20 нафар аз занон ва духтарони тоҷик қарор доранд.
Хонуми Алиева менависад, ки дар ин муассиса занон ва духтарон аз ду моҳ то ду сол то ҳал шудани сарнавишташон дар додгоҳҳо нигаҳдорӣ мешаванд.
Вай зимни арзёбии вазъи нигаҳдории ин занон дар ин боздоштгоҳ навиштааст: "Аз суҳбат бо бисёре аз ин занон бармеояд, ки рафтори кормандони боздоштгоҳ бо онҳо хуб нест ва занон дар вазъи бади беҳдорӣ нигаҳдорӣ мешаванд. Вазъи зиндагии муҳоҷирон дар ин боздоштгоҳ бадтар аз зиндон мебошад."
Гуфта мешавад вазъи саломати аксари занон дар ин боздоштгоҳ бад буда ва масъулони он барои мудовои ин афрод кореро анҷом намедиҳанд. Дар миёни онҳо занони ҳомила низ будаанд.
Намояндагони Иттиҳодияи ҷавонони тоҷик дар Русия ба муҳоҷирони боздоштӣ доруворӣ низ ироа додаанд ва ба гуфтаи онҳо, дар миёни муҳоҷирон беморони сил низ будаанд. Дар мавриди дидори масъулони иттиҳодия бо муҳоҷирони боздоштшуда видеуе низ дар “Youtube” пахш шудааст.
Дарвоқеъ, иддае аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар ин навор дида мешаванд, дар суҳбат бо Иззат Амон, раҳбари ин иттиҳодия, аз вазъи вахими худ дар боздошгоҳи “Дмитровка” шикоят мекунанд.
Яке аз ҷавонон аз ҷумлаи муҳоҷирони тоҷик дар ин боздоштгоҳ аз он шикоят мекунад, ки дар як моҳи ахир як намояндаи сафорати Тоҷикистон дар Русия ба ин муассиса рафта ва ба онҳо ваъдаи то 15 марти соли ҷорӣ озод кардани онҳоро кардааст. Аммо дигар намояндагони ин сафорат ба ин боздошгоҳ наомадаанд.
Ҳамчунин, ин ҷавон аз мавриди лату кӯб қарор гирифтани иддае аз муҳоҷирони боздоштшуда дар ин муассиса шикоят мекунад. Масъулони ин созмон мегӯянд, ки ҳарчанд мехостанд дар робита бо Наврӯз барои бошандагони ин боздоштгоҳ хони наврӯзӣ биороянд, аммо кормандони муассиса иҷоза надодаанд.
Бархе аз муҳоҷирон дар мулоқот бо масъулони Иттиҳодияи ҷавонони тоҷик дар Русия гуфтаанд, ки пулиси рус онҳоро барои надоштани мадорик ба ҳангоми боздошт ба ин муассиса интиқол додаанд ва онҳо интизори бозгашт ба ватан мебошанд.
Дар ин мулоқот беш аз 50 нафар аз муҳоҷирон ба назар мерасиданд, ки дар ин муассиса ба сар мебаранд. Гуфта мешавад, ки дар боздоштгоҳҳои дигаре дар шаҳри Маскав низ шуморе аз муҳоҷирони тоҷик, ки аз сӯи кормандони интизомӣ ба сабабҳои мухталиф дар хиёбонҳо боздошт шудаанд, ба сар мебаранд.
Бархе аз муҳоҷирон бо тасмими додгоҳҳо аз Русия ихроҷ шудаанд ва шуморе дигар дар интизори аҳкоми додгоҳҳо дар мавриди сарнавишти хеш будаанд.
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи манобеъи расмӣ, танҳо дар ду моҳи соли ҷорӣ кормандони интизомии Русия барои беш аз 21 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба Русияро мамнӯъ кардааст.
Ин мавзӯъ дар мулоқоти ахири Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон, бо Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои федеросиюни Русия дар шаҳри Душанбе, низ баррасӣ шуда буд.
Аммо ба назар мерасад, ки бо вуҷуди баррасии масъалаи муҳоҷират бо мақомоти мухталифи Русия дар чанд соли ахир намояндагони он кишвар чандон алоқаманди ҳалли мушкили муҳоҷирони тоҷик дар Русия нестанд.
Сол то сол душвориҳои муҳоҷирон дар Русия дар ҳоли афзоиш аст ва мавориди ихроҷи шаҳрвандони тоҷик аз Русия ва мамнӯъулвуруд шудани онҳо ба он кишвар ахиран ба таври қобили мулоҳизае зиёд шудааст.
Бархе аз коршиносон мегӯянд, ки бисёре аз мақомоти Русия дар робита бо Тоҷикистон танҳо манофеъи кишвари худро ба назар мегиранд. Дар бисёре авқот онҳо ваъдаҳои хеш барои ифрои пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистонро фаромӯш мекунанд.
Тибқи гузоришҳои расмӣ, дар Русия беш аз як милюн нафар аз сокинони Тоҷикистон машғули корҳои мухталиф мебошанд ва маболиғи интиқолии онҳо ба ватан ҳамасола ҳудуди 50 дар сади даромади нохолиси миллии ин кишварро ташкил медиҳад.
