Business Forecast: Қирғизҳо тақрибан ду баробари тоҷикон маъош мегиранд

  • 25 Март, 2014
Занони кишоварз Image copyrightBBC World Service
Image caption Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар мизони маъоши моҳиёна дар асраи кишоварзӣ нисбат ба соири кишварҳои минтақа камтар аст

Гурӯҳи пажӯҳишии мавсум ба Business Forecast дар гузориши тозаи худ дар бораи мизони ҳуқуқ ё маъоши мутавассит дар ҷамоҳири шӯравии собиқ, Тоҷикистонро дар радаи охирин ё камтарин маъоши моҳиёна қарор додааст.

Бар асоси баровардҳои коршиносони ин гурӯҳ, маъоши мутавассит дар Тоҷикистон 146,5 дулорро ташкил медиҳад ва миёнгини холиси дастмузд аз молиёт бар даромад дар ин кишвар 127 дулор аст.

Дар ин радабандӣ Қирғизистон, кишвари дигари Осиёи Миёна, бо 239,5 дулор ҳуқуқи моҳиёнаи мутавассит барои коргарони кишвараш дар радае болотар аз Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Гурӯҳи Business Forecast, мустақар дар Русия, гузоришеро зери унвони “Шохиси маъоши мутавассит дар Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд ва соҳили Болтик дар соли 2013" нашр карда ва дар он асомии кишварҳо бо болотарин мизони маъоши мутавасситро низ ҷо додааст.

Ин раддабандӣ рӯзи 24 марти соли ҷорӣ дар сойти ин созмон мунташир шуда ва Эстунӣ бо беш аз 1258 дулор маъоши мутавассит дар моҳ ҷойгоҳи аввалро дар миёни ин кишварҳо ба худ ихтисос додааст.

Дар ҷойгоҳи дувум бо болотарин сатҳи маъоши моҳиёнаи мутавассит Литвонӣ қарор дошта ва ҷойгоҳи севумро бо 939 дулор дар моҳ Русия ба худ ихтисос додааст.

Латунӣ низ дар миёни 13 кишвари минтақа бо ҳуқуқи моҳиёнаи нисбатан болотаре дар миёни панҷ кишвари бартар қарор дорад. Аммо Укройн, Арманистон, Мулдовӣ, Қирғизистон ва Тоҷикистон дар охири ин радабандӣ қарор гирифтаанд.

Бо вуҷуди он ки Қирғизистон яке аз кишварҳои фақир дар мантақа буда ва шароити мушобеҳе бо Тоҷикистон дорад, аммо маъоши моҳиёна дар ин кишвар ҳудуди 236 дулор буда ва тақрибан ду баробари ҳуқуқи моҳиёнаи мутавассит дар Тоҷикистон аст.

Аз миёни кишварҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон бо беш аз 714 дулор маъоши мутавассит дар моҳ дар радаи аввал аст. Дар ин радабандӣ Узбакистону Туркманистон, ду кишвари дигари минтақа, ҳузур надоранд.

Image copyrightBBC World Service
Image caption Тибқи арзёбии Business Forecast, мизони маъоши моҳиёнаи мутавассит дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамаи кишварҳои Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд камтар аст

Масъулони ин созмон мегӯянд, ки ин ду кишвар иттилоъот дар бораи маъоши моҳиёна дар кишвари худ дар соли милодии гузаштаро мунташир накардаанд. Гурҷистон низ, ки аз Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд хориҷ шудааст, дар ин радабандӣ ҳузур надорад.

Масъулони гурӯҳи Business Forecast мегӯянд, ки пажӯҳишгарони ин созмон таҳқиқоти тозаи худро бар асоси иттилоъоти дарёфтшуда аз идораҳои миллии омор, бонкҳои марказии кишварҳо, кумитеҳои омори Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд ва Сандуқи Байналмилалии Пул анҷом доданд.

Ин гурӯҳ мегӯяд, ки интизор меравад дар соли ҷорӣ ба далели коҳиши арзиши пули ин кишварҳо дар муқобили дулор, мизони маъоши моҳиёна ба ҳисоби дулор дар бисёре аз ин мамолик коҳиш ёбад.

Арзёбии камтарин мизони маъоши моҳиёна дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки сатҳи молиёт аз даромад дар ин кишвар баробари Русия 13 дарсад аст. Дар Қазоқистону Қирғизистон, ду кишвари дигари минтақа, сатҳи молиёт аз даромад баробари 10 дарсади маъош аст.

Дар кишварҳои дорои ҳуқуқи моҳиёнаи боло, мисли Эстунӣ, Литвонӣ ва Латун, мизони молиёт аз даромад мутаносибан 20,2 ва 22,6 ва 28 дарсад аз оидотро ташкил медиҳад.

Коршиносон мегӯянд, ки дар миёни кишварҳои узви Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд нархи маводди ғазоӣ ва коло дар бозорҳоит Тоҷикистон нисбат ба соири кишварҳо бамаротиб болотар аст.

Ҳамчунин масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон мегӯянд, ки дар ин кишвар камтарин мизони маъоши моҳиёна дар асраи кишоварзӣ дар муқоиса бо кишварҳои дигари минтақа мушоҳида мешавад.

Аз ин рӯ, шумори зиёде аз кишоварзон аз Тоҷикистон барои ба даст овардани пули бештар ва рафъи ниёзмандиҳои хонаводаҳо ба Русия ва кишварҳои дигар муҳоҷират мекунанд.

Матолиби муртабит