Пажӯҳишгарон: 'Хӯроки мардуми Хатлон беҳтар шудааст'

Пажӯҳиши вижае дар вилояти Хатлон нишон додааст, ки дар ду соли гузашта сокинони ин вилоят дар муқоиса бо солҳои қаблӣ масрафи нонро даҳ дарсад кам кардаанд.
Пажуҳиши таҳлилгарони раёсати омори вилояти Хатлон ҳокӣ шудааст, ки дар соли 2013 сокинони ин минтақа дар муқоиса бо солҳои 2010 ва 2011 бештар аз хӯроки мухталиф ва муқаввӣ бархурдор будаанд ва ин вазъ ҳокӣ аз беҳбудии вазъи зиндагии сокинон дар ин минтақа будааст.
Қаблан пажӯҳише ҳокӣ шуда буд, ки дар солҳои 2010 ва 2011 маводди аслии беш аз 70 дарсади мардуми ин вилоят умдатан нон ва чой будааст.
Ҷуъмахон Ашӯров, масъули раёсати омори вилояти Хатлон дар мавриди омори ҷадид дар бораи хӯроки сокинони вилоти Хатлон гуфт: "Таҳқиқот нишон дода, ки дар ду соли ахир ба ғизоии масрафии бисёре аз сокинони вилоят маводди мухталиф, аз ҷумла 22,7 дар сад меваҷот, 14,7 дар сад гӯшт, 7,7 дар сад маҳсулоти ширӣ ва 7,7 дарсад сабзиҷот изофа шудааст.”
Бар асоси иттилоъи оморгарон сармояи масрафии як сокин барои ғизо дар як моҳ дар ин минтақа низ аз 96 сомонӣ дар соли 2011 ба 168 сомонӣ дар соли 2013 расидааст.
Бар асоси иттилоъи расмӣ даҳ дарсади сокинони Хатлон зери хатти фақр ба сар мебаранд ва коршиносон мегӯянд, ки аксари сокинони нодор дар навоҳии дурдасти ин вилоят зиндагӣ мекунанд ва маводди аслии масрафии ин мардум донагиҳои ҷаъмоварда аз мазореъи кишоварзӣ будааст.
