Маъоши бознишастагии шоиста чӣ маъоше аст?

  • 4 Сентябр, 2013
Амаки Шокир
Image caption Амаки Шокир афзуд, ки ҳудуди 50 сол собиқаи корӣ дорад, аммо давлати феълӣ фаъъолияти кории ӯро бо пардохти маъоши бознишастагии ночизе қадр кард

Амаки Шокир, исми мустаъории як сокини солманди шаҳри Душанбе аст, ки мегӯяд, ки 150 сомонӣ маъоши бознишастагӣ дарёфт мекунад ва ин сармоя барои гузарони як ҳафтаи рӯзгор кофӣ набудааст.

Амаки Шокир ба хотири он ки фарзандони ӯ дар шаҳр ангуштнамо нашаванд, аз гирифтани исми воқеъиаш худдорӣ кард. Вай афзуд, ки ҳудуди 50 сол собиқаи корӣ дорад, аммо вай мегӯяд, ки давлати феълӣ фаъъолияти кории ӯро бо пардохти маъоши бознишастагии ночизе қадр кардааст.

Вай афзуд: "Ман намедонам шикоятамро ба куҷо барам, зеро имрӯз гуфтан мумкин аст, ки дар Тоҷикистон давлат ба маънии комилаш вуҷуд надорад. Фарзандонам худашон муҳтоҷ ҳастанд ва барои пайдо кардани сармоя барои гузарони зиндагӣ дар кишварҳои хориҷӣ саргардон ҳастанд."

Амаки Шокир гуфт, ки ба хотири камбизоъатӣ маҷбур аст, ки ба маконҳои кумак ба солмандон биёяд ва дар он ҷо ғазои гарм хӯрад.

"Маъоши бознишастагӣ садақа нест"

Ин фарди солманд танҳо бознишастае дар Тоҷикистон нест, ки аз ночиз будани маъоши бознишастагии худ гилоя мекунад.

Image caption Масъалаи бознишастагон дар ҳамоиши Шӯрои иҷтимоъии Тоҷикистон баррасӣ шуд

Ӯ ва бознишастагони дигаре, ки аз 100 то 200 сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ дар Тоҷикистон дарёфт мекунанд, бо дарназардошти гарон будани қимати маводди ғазоӣ ва коло дар бозорҳои Тоҷикистон мегӯянд, ки ин маблағ барои гузарони рӯзгор кофӣ набудааст.

Афзун бар ин дар зимистони соли 2012 порлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонун дар бораи ҳуқуқи бознишастагӣ сақфе барои ҳуқуқи бузургсолони маълул то 800 сомонӣ, ки муъодили ҳудуди 180 дулор аст, таъйин кард.

Аммо барои бознишастагони маъмулӣ, сақфи ҳуқуқ 400 сомонӣ муъодили ҳудуди 80 дулор буда ва ҳамаи афроди бознишаста ҳақ надоранд бештар аз ин маъош бигиранд.

Мақомоти давлатӣ далели таъйини сақф барои маъоши бознишастагиро "ҷилавгирӣ аз тақаллуб" дар пешниҳоди мадорик барои дарёфти маъош арзёбӣ карда буд.

Масъалаи маъоши бознишастагон ва маълулин ва вазъи зиндагии куҳансарбозону куҳанкорон дар ҳамоиши навбатии Шӯрои иҷтимоъии Тоҷикистон дар рӯзи чаҳоршанбеи 4 август дар шаҳри Душанбе баррасӣ шуд.

Шодӣ Шабдолов, раҳбари Ҳизби куммунисти Тоҷикистон ва намояндаи порлумони ин кишвар, ки дар ин шӯро ширкат дошт дар суҳбат ба Би-би-сӣ гуфт, ки бо наҳваи пардохти маъоиши бознишастагӣ дар Тоҷикистон, яъне таъйини сақф барои дарёфти маъоши бознишастагӣ розӣ нест. Ва ӯ гуфт, ки яке аз пешниҳодоти ин шӯро ба давлати ин кишвар баррасии имкони лағви ин иқдом будааст.

Оқои Шабдолов афзуд: "Мо ба давлат пешниҳод хоҳем кард, ки ин сақфро аз миён бардорад ва маъоши бознишастагӣ дар Тоҷикистонро аз рӯйи маъоши дарёфт кардани мардум муъайян шавад. Агар фард ду ҳазор дулор маъош дарёфт кунад бояд маъоши бознишастагиро аз рӯйи ин сармоя бигирад."

Оқои Шабдолов мегӯяд, ки маъоши бознишастагӣ садақа ва ё ҳадя нест ва ҳар сокини Тоҷикистон ҳаққи дарёфти маъоши бознишастагии шоиста ва кофӣ барои гузарони зиндагиро доштааст.

Image caption Оқои Фаттоев афзуд, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхори афроди солманд аст

Ҳамчунин вай мегӯяд, ки барои солмандон дар Тоҷикистон бояд бо дарназардошти сармояи сабади масрафӣ дар ин кишвар маъоши бознишастагӣ пардохт шавад.

"Президент Раҳмон ғамхори солмандон аст"

Ин дар ҳолест, ки Саидмурод Фаттоев, мушвоири раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои иҷтимоъии ин кишвар гуфт, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба қудрат расидани худ ба афроди солманд ғамхорӣ мекунад.

Оқои Фаттоев афзуд: "Соли 1994, замони интихоботи президентиро ба ёд орем. Чун дар ин ҷо фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби мардуми Тоҷикистон интихоб гардид, аввлин коре ки кард, фармон дар бораи тадбирҳои беҳтар намудани некуаҳволии иштирокчиёни Ҷанги бузурги ватанӣ ва хонаводаҳои хизматчиёни низомии ҳалокгардида буд."

Ин масъули давлатӣ ҳамчунин бо ёдоварӣ аз чанд амри дигари Президент Раҳмон дар робита ба боло бурдани сатҳи зиндагии иҷтимоъии собиқадорони ҷангу кор дар ин кишвар гуфт, ки давлати Тоҷикистон масъулини ширкатҳои хусусӣ дар Тоҷикистонро низ муваззаф сохтааст, ки моҳиёна барои куҳансарбозон ва куҳанкорон дар ин кишвар кумакҳои молӣ ва ғазоӣ ироа диҳанд.

Аз сӯйи дигар Мунира Шаҳидӣ, чеҳраи фарҳангии саршинос дар Тоҷикистон, ки баъд аз суханронии оқои Фаттоев дар ин ҳамоиш риштаи суҳбатро идома дод, зимни ёдоварӣ аз маъоши бознишастаи ночизи фарҳангиён ширкаткунандагони ҳамоишро бо зиндагии риққатбори иддае аз фарҳангиёни бознишаста дар Тоҷикистон ошно сохт.

Image caption Коршиносон мегӯянд, агар давлат маъоши бознишастагии кофӣ барои солмандон таъйин накунад, дидани гадоёни солманд дар хиёбонҳо як амри маъмулӣ хоҳад буд

Хонуми Шаҳидӣ гуфт, ки ин афрод барои боло бурдани сатҳи фарҳангӣ дар Тоҷикистон корҳои шоистае кардаанд ва ба таваҷҷуҳи лозима аз сӯйи давлат сазовор ҳастанд.

Ин дар ҳолест, ки ахиран дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе шумори афроде, ки даст ба гадоӣ мезананд бештар ба назар мерасад.

Мушоҳидаҳо ҳокист, ки ағлаби ин афрод аз ҷумлаи солмандон ва ё маълулон ҳастанд, ки ба сабаби дарёфти маъоши бознишастагии ночиз водор ба гадоӣ шудаанд.

Коршиносон мегӯянд, ки то замоне, ки давлати Тоҷикистон маъоши бознишастагии кофӣ барои гузарони рӯзгор барои солмандон таъйин накунад, дидани гадоёни солманд дар хиёбонҳои шаҳрҳо ва навоҳии ин кишвар амри маъмулӣ хоҳад буд.

Матолиби муртабит