Зилзилазадагони Ваҳдат: Хурду бузург чашм ба роҳи кумак ҳастем

  • 13 Ноябр, 2013
Сокинони хисоротдида аз зилзила
Image caption Бештари сокинон мегуфтанд, ки аз зиндагӣ дар дохили манозилашон бим доранд ва аз ин рӯ тарҷеҳ медиҳанд, ки дар зери осмони боз ба сар баранд

Ҳангоме ки ба рустои Арбобдараи ноҳияи Ваҳдат, яке аз рустоҳои осебдида аз заминларзаи се рӯзи қабл ворид мешудам, аксари сокинонро дар берун аз манозилашон пайдо кардам.

Бештари сокинон мегуфтанд, ки аз зиндагӣ дар дохили манозилашон, ки аз шиддати заминларза хароб шудаанд, бим доранд ва аз ин рӯ тарҷеҳ медиҳанд, ки дар зери осмони боз ба сар баранд.

Рустои Арбобдара беш аз 130 манзили макунӣ дорад, ки дар ҳар яке аз ин манозил аз ду то чаҳор хонавода ба сар мебаранд. Ба гуфтаи сокинони маҳаллӣ тамоми ин манозил аз се зилзилаи ахир хисорот дидаанд.

Суфия Қурбонов, яке аз сокинони ин деҳа аст, ки замниларзаи се рӯз қабл манзилашро комилан хароб кардааст. Ӯ мегӯяд, дар ин манзил се хонавода ба сар мебурд.

Зиндагӣ дар зери осмони боз

Вай афзуд: "Зиндагӣ дар ин манзил номумкин аст ва ҳоло мо ҳайронем, ки зимистонро дар куҷо мегузаронем? Ҳоло шабона ба манозили хешовардонамон ба рустоҳои мухталиф меравем, вале бо дамидани субҳ дубора ин ҷо сарҷамъ меоем." Суфия гуфт, ки ба хотири амният ва саломати кӯдакони хонавода, онҳоро дар манозили хешовандонашон боқӣ мемонанд.

Хонуми Қурбонова омӯзгор аст ва танҳо фарди хонавода будааст, ки маъош аз давлат дарёфт мекунад, аммо маъоши ӯ ҳамагӣ 500 сомонӣ (муъодили100 дулор) буда ва ӯ имкони таъмир ва ё бунёди манзили ҷадидро надорад.

Image caption Масъулон гуфтанд, ки ин "хаймаи саҳроии сарбозӣ" барои гузаронидани дарсҳо дар зимистон низ мутобиқ шудааст

Ӯ ва аъзои дигари хонаводааш мегӯянд , онҳо бидуни кумак наметавонанд дар даҳсолаи оянда манзили хешро, ки табдил ба як хароба шудааст, аз нав бунёд кунанд.

Аммо Сурайё Исмоъилзода, сокини дигари ин деҳа мегӯяд, ки аксари сокинони Арбобдара ҷойе надоранд кӯдаконашонро барои муддате ба онҷо бибаранад.

Хонум Исмоъилзода афзуд: "Ҳанӯз зимистон наомада, вале зиндагӣ дар дохили хаймае, ки барои мардум тавзеъ карданд номумкин аст. Шаби гузашта боди сахт омад хаймаро хароб кард ва мо маҷбур шудем, дубора онро шабона барқарор кунем. Дар ин хайма кӯдакон дар фасли зимистон чи тавр хоб мераванд ва дарсҳоро омода мекунанд."

Ӯ мегӯяд, дирӯз аз давлат ба унвони кумак орд, шакар, равған ва мокорунӣ дарёфт карданд.

"Кумак дарёфт накардаам"

Ин дар ҳолест, ки бархе аз сокинони рустои Арбобдара аз он гила доранд, ки асомии онҳо дар феҳристи афроди ниёзманди кумак ворид нашуда ва онҳо аз гирифтани кумакҳои ғазоӣ бенасиб мондаанд.

Дар маркази рустои Арбобдара, макони тавзеъи кумакҳои изтирорӣ ба осебдидагон аз зилзила мардуми зиёде таҷаммӯъ карда буданд ва иддае аз онҳо аз масъулони давлатӣ дархост мекарданд, ки номи онҳоро ба феҳристи афроди ниёзманди кумак дохил кунанд.

Image caption Оқои Маҳмудов мегӯяд замоне ки зилзила рух дод вай дар назди девор буд ва ба сад душворӣ худро аз зери овори он берун овардааст

Аммо масъулон мегуфтанд, ки барои онҳое кумакҳоро ироа хоҳанд кард, ки кумисиюни давлатӣ номашонро баъд аз расидагӣ ба вазъи манозилашон дар феҳрист ҷой додааст.

Азиз Қурбонов аз он шикоят дорад, ки аъзои кумисиюни давлатӣ баъд аз расидагӣ ба вазъи манзили ӯ тасмим гирифта, ки номи ӯро ба феҳристи осебдидагони "сабук" ворид кунад, дохил кунанд ва ӯ афзуд, ки ҳамакнун вай аз гирифтани кумакҳо маҳрум мондааст.

Аммо оқои Қурбонов афзуд: "Манзили ман вайрон шуда ва ман дар манзили фарзандонам ба сар мебарам. Вале ба ман гуфтнд, ки ту метавонӣ дар манзилат зиндагӣ кунӣ. Чи тавр ман метавонам дар манзили хароб зиндагӣ кунам."

Зилзила Зиёиева, як сокини маълули ин деҳа низ дар миёни афроде, ки интизори дарёфти кумакҳо буданд қарор дошт. Ӯ мегӯяд, ки ба ҷуз аз ӯ се нафар аз аъзои хонаводааш низ маълул ҳастанд. Вай афзуд: "Ҳоло намедонам, ки дар феҳристи афроди ниёзманди кумак номи ман ҳам бошад ё хайр? Аммо ростӣ хонаводаи мо, ки низ аз зилзила осеб диданд, ниёзи шадид ба кумакҳо доранд."

"Ҳама аз кумакҳо бархӯрдор мешаванд"

Тибқи иттилоъи расмӣ дар ҷараёни риштазилзилаҳои рӯзи якшанбе ва душанбе дар Тоҷикистон ба се рустои бузург дар ноҳияи Ваҳдат, аз ҷумла Истиқлолият, Найдара ва Арбобдара хисороти бештареро ворид кардааст.

Фотима Табарова, муъовини раиси шаҳри Ваҳдат, рӯзи чаҳоршанбеи 13 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки кумисиюни вижае таҳти сарпарастии Муродалӣ Алимардон, муъовини нахуствазири Тоҷикистон аз се рӯз бадин сӯ дар рустоҳои осебзада қарор дорад ва хисороти ворида аз ин ҳодисаи табииро мушаххас мекунад.

Image caption "Дар ин хайма кӯдакон дар фасли зимистон чи тавр хоб мераванд ва дарсҳоро омода мекунанд?"

Вай ҳамчунин гуфт: "Мо барои мардуми хисоротдида кумакҳои ғазоиро дар ду бахш тавзеъ мекунем. Нахуст барои онҳое, ки аз заминларза хисора диданд, маводди ғазоиро тақсим мекунем ва пасон барои дигарон низ ин мавод тақсим хоҳад шуд."

Ҳамчунин ин масъули ҳукумати маҳаллӣ гуфт, ки бархе аз сокинони рустоҳҳои Истиқлолият, ки манозили онҳо комилан хароб шудаанд, ба макони амн кӯч дода шудаанд.

Ба назар мерасид, ки зилзила дар рустои Арбобдара бештар ба иҷтимоъи сокинони камбизоъат хисорот ворид кардааст. Зеро бештари манозили қадимӣ ва аз гил бунёдшуда хароб шуда буданд.

156 кӯдак аз мактаб маҳрум шуданд

Яке аз сохтмонҳои осебдида мактаби ҳамагонии ин русто буд, ки ба гуфтаи омӯзгорони он дар авоили солҳои 1970-уми қарни гузашта бунёд шудааст.

Меликшоҳ Нарзуллоев, раиси мактаби ҳамагонии шумораи 80 Арбобдара мегӯяд, ки дар макатаб 156 нафар аз шогирдон таҳсил мекарданд.

Вай афзуд: "Масъулони вазорати маъориф ин ҷо буданд ва ваъда додаанд, ки то оғози таҳсили солҳои таҳсили 2014-2015, яъне якуми сентябри соли 2014 ин мактабро бунёд мекунанд."

Аммо то он замон шогирдони ин мактаб дар хаймаи бузург таҳсил хоҳанд кард.

Image caption Бархе аз сокинони рустои Арбобдара аз он гилоя мекарданд, аз гирифтани кумакҳои ғазоӣ бенасиб мондаанд

Замоне, ки ба муҳавватаи мактаб ворид мешудам, кормандони гурӯҳи наҷоти Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон машғули ҷобаҷогузории хаймаи бузурги вижа барои шогирдони мактаб буданд.

Зеро тавре, ки Исмоъил Усмонов, раҳбари гурӯҳи Наҷот мегӯяд, идомаи таҳсили кӯдакон дар мактаби шадидан аз заминларза харобшуда имкон надоштааст.

Оқои Усмонов ҳамчунин гуфт, ки ин "хаймаи саҳроии сарбозӣ будааст" (полевая казарма), ки барои гузаронидани дарсҳо дар зимистон низ мутобиқ шудааст, зеро бо бухориҳо таъмин хоҳад шуд.

Вазъи беҳдошти манотиқи зилзилазада

Дар деҳаи Арбобдара чаҳор нафар аз сокинон бар асари риштазилзилаҳои рӯзҳои якшанбе ва душанбе 10 ва 11 ноябр шадидан ҷароҳат бардоштаанд.

Қурбоналӣ Маҳмудов, сокини 95 солаи ин деҳа мегӯяд, ки девори дастшӯйии манзил ба болои ӯ сарозер шудааст.

Оқои Маҳмудов мегӯяд, ки замоне ки зилзила рух дод вай дар назди девор буд ва ба сад душворӣ худро аз зери овори он берун овардааст.

Вай танҳо аъзои хонавода нест, ки аз зилзила ҷароҳат бардоштааст, Солеҳа Маҳмудова, духтари вай низ зери девор монда шадидан захмӣ шудааст.

Майсара Музаффарова, арӯси хонавода мегӯяд, ки ҳоло Солеҳа дар бемористон аст ва вазъи саломаташ вахим будааст. Аъзои ин хонавода аз он гилоя карданд, ки ба ҳангоми ташхиси Солеҳа Маҳмудова, пизишкони ноҳияи Ваҳдат аз онҳо пул ситонидаанд.

Image caption Зилзила Зиёиева, як сокини маълули ин деҳа низ дар миёни афродест, ки интизори дарёфти кумак ҳастанд

Аммо масъулони бемористони Ваҳдат мегӯянд, ки пуле, ки аз осебдидагони зилзила ситонидаанд, ба онҳо пас гардонидаанд.

Ҳамчунин Ҷамшед Назиров, пизишки шаҳри Ваҳдат мегӯяд, ки ҳарчанд нигаронӣ аз сар задани бемориҳои мусрӣ дар миёни сокинони рустоҳои осебзада аз заминларза вуҷуд надорад, аммо ӯ мубтало шудани иддае аз мардуми ин манотиқ ба бемориҳои танаффусиро аз имкон дур намедонад.

Оқои Назиров афзуд, ки бо таваҷҷуҳ ба сард будани дамои ҳаво, онҳо дар бунгоҳҳои тибии ин рустоҳо дорувории вижа барои чунин бемориҳоро ҷамъоварӣ кардаанд.

Бо ин вуҷуд аз суҳбат бо бисёре аз офатзадагони ҳодисаи заминларза чунин ба назар меояд, ки тамоми мардуми ин минтақа шадидан ба кумакҳои изтирорӣ, аз ҷумла маводди ғазоӣ, дорувориҳо барои бемориҳои мухталиф ва макони зист ниёз доранд.

Ҳамчунин бисёре аз мардуми ин минтақа, ки манозили онҳо комилан барои зиндагӣ мутобиқ набудааст, бояд дар зудтарин фурсат ба макони дигаре куҷ ёбанд ва ё манзили ҷадиде барои онҳо бунёд шавад, аммо чунин ба назар мерасад, ки ин амр ба ин зудиҳо иҷро нахоҳад шуд.

Матолиби муртабит