Заминларза дар кӯли Сарез дар Бадахшон

  • 22 Апрел, 2013

Дар кӯли Сарез, воқеъ дар иртифоъи 3250 метр аз сатҳи баҳр дар кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон заминларза рух додааст.

Тибқи иттилоъи Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон, ин заминларза соъати 05:44 вақти маҳаллӣ рух дода ва шиддати ин заминларза 2,5 дараҷаи Риштер будааст.

Наргис Нурова, корманди дафтари матбуъотии ин кумита, рӯзи душанбеи 22 апрел ба Би-би-сӣ гуфт, ки заминларза ба вазъи кӯл таъсири манфӣ нагузоштааст. Ҳамчунин, хонум Нурова афзуд, ки ин ҳодиса хисороти молӣ ва ҷонӣ дар пай надошта ва дар манотиқи дигари ин вилоят эҳсос нашудааст.

Тӯли кӯли Сарез 62 килуметр, бараш 3,3 килуметр, умқи он то 500 метрро ташкил медиҳад. Ҳаҷми оби он 17 милёрд метри мукаъаб буда, вазнаш ба ҳисоби миёна ба 19 милюн тун баробар аст.

Ин кӯл дар натиҷаи як зилзилаи қавӣ дар моҳи соли 1911 ва афтодани кӯҳпораи Усой, ки пеши роҳи рӯдхонаи Мурғоб баста буд, пайдо шудааст. Донишмандон мегӯянд, дар сурати рахна шудани садди кӯли Сарез, ки дар минтақае зилзилахез воқеъ аст, дар тӯли 12 соъат як қисми хоки Тоҷикистон, Афғонистон, Ӯзбакистон ва Туркманистон зери об хоҳад монд ва эҳтимоли кушта шудани ҳудуди 5 милюн одам аз ҷумлаи сокинони ин кишварҳо вуҷуд дорад.

Хатари эҳтимолии рахна шудани садди Сарезро олимони табиъатшинос ба се омил, яъне вуқӯъи заминларза, афзоиши сатҳи об ва рехтани кӯҳпораҳои атроф марбут медонанд.