Зилзила дар қаламрави Тоҷикистону Афғонистон

  • 4 Апрел, 2013

Рӯзи 4 апрел, соътаи 11:31 дар шаҳри Душанбе зилзила ба шиддати седараҷаи Риштер эҳсос шудааст.

Бино ба иттилоъи Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон маркази ин зилзила дар 300 килуметрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, дар қаламрави Афғонистон буда ва шиддати он 5.6 дараҷаи Риштерро нишон додааст.

Ба гуфтаи Зӯҳро Нилобекова, муҳандиси ин марказ шиддати ин зилзила дар шаҳри Душанбе се дараҷа ва дар Бадахшони Тоҷикистон ба шиддати 2.3 дараҷаи Риштер эҳсос шудааст.

Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилоъи сойти USGS, созмони омрикоии мунитури билофосилаи зилзиламаркази ин зилзила ба шиддати 5.4 дараҷаи Риштер дар Ишкошими Афғонистон будааст.

Дар мавриди хисороти ворида аз зилзилаи мазкур гузориш нашудааст. Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ ва зилзилахез буда ва ба гуфтаи зилзилашиносон ҳамасола дар ин кишвар беш аз се ҳазор зилзилаи кӯчак сабт мешавад, ки сокинони кишвар ин гуна ларзишҳоро тақрибан эҳсос намекунанд.