Ироаи кумакҳои изтирорӣ ба мардуми осебдида аз зилзила

  • 12 Ноябр, 2013

Кумитаи умури изтирории Тоҷикистон мегӯяд, ки кумисиюни вижа барои мушаххас кардани хисороти воқеъии аз заминларзаи ду рӯзи қабл дар ноҳияи Ваҳдат фаъъолият дорад.

Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин ниҳод ҳамчунин, рӯзи сешанбеи 12 ноябр давлати Тоҷикистон ба мардуми осебдида аз зилзила миқдоре аз кумакҳоро ироа кардааст. Орифшоҳ Нозимов, сухангӯи кумитаи изтирорӣ ба Би-би-сӣ гуфт, ки мизони бештаре аз ин кумакҳоро маводди ғизоӣ ташкил медиҳад.

Вай афзуд: “Аз ҷумла барои мардуми ноҳияи Ваҳдат 7,5 тунн орд, 3 тунн 750 килуграм шакар, 3 тунн 700 килуграм биринҷ ва равғани наботӣ фирситода шудааст.” Оқои Нозимов ҳамчунин гуфт, ки барои мардуми осебдида 100 адад хайма фиристода шуд.

Тибқи хабарҳои расмӣ дар заминларзаҳои пайдарпайи ду рӯзи қабл чаҳор нафар аз сокинони ноҳияи Ваҳдат чароҳат бардоштаанд.

Гузоришҳои расмӣ ҳокист, ки ин заминларзаҳо, ки рӯзи 10 ва субҳи 11 октябр рух додаанд, дар ин ноҳияи Ваҳдат беш аз сад манзилро комилан хароб ва беш аз 250 манзили маскуниро вайрон кардаанд.

Масъулони маркази зилзилашиносии Тоҷикистон шиддати ин се заминларзаро, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат рух додаанд, аз 2 то 5.2 дараҷаи Риштер арзёбӣ карданд.