Вуқуъи заминларза дар минтақаи марзии Узбакистон ва Тоҷикистон

  • 26 Май, 2013

Гузоришҳои расида аз Тоҷикистон ҳокӣ аст, ки пеш аз зуҳри имрӯз, якшанбеи 26 май дар минтақаи марзии миёни Узбакистон ва Тоҷикистон заминларза рух додааст.

Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон шиддати ин зилзиларо 7 дараҷаи Риштер дар маркази зилзила гузориш кардаааст. Бархе расонаҳои Узбакистон шиддати онро 4 ило 5 дараҷаи Риштер хабар додаанд.

Маркази зилзилашиносии Омрико шиддати зилзиларо баробари дастикам 6 дараҷаи Риштер арзёбӣ кардааст.

Гуфта мешавад маркази зилзила дар 194 килуметрииҷануби ғарби Тошканд дар 32 килуметрии ғарби шаҳри Ҷиззах будааст, минтақае миёни шаҳрҳои Самарқанди Узбакистон ва Панҷакенти Тоҷикистон.

Зилзила дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон низ эҳсос шудааст.

Аз хисорот ва талафоти ин зилзила мақомоти ду кишвар ҳанӯз гузорише мунташир накардаанд.

Бархе аз манотиқи кишварҳои Осиёи Миёна зилзилахез дониста мешаванд ва дар онҳо гаҳ гоҳе заминларза рух медиҳад.

Бузаргтарин зилзилаҳо дар кишварҳои Осиёи Миёна зилзилаи шаҳри Ишқобод, пойтахти Турмканистон дар соли 1948 ва зилзилаи шаҳри Тошканд дар соли 1967 будааст, ки талафоти молӣ ва ҷонии зиёдеро дар пай доштанд.