Зилзилаҳои пайдарпай дар Тоҷикистон беш аз 300 хонаро вайрон кард

  • 11 Ноябр, 2013
Зилзила дар Тавилдара
Image caption Окодемисиян Неъматуллоев имкони вуқуи зилзилаи шадид дар Тоҷикистонро поин медонад

Бар асоси иттилоъи расмӣ зилзилаҳои паёпай дар Тоҷикистон талафоти ҷонӣ дар пай надошта, вале мӯҷиби хисороти молӣ ба вижа дар ноҳияи Ваҳдат шудааст.

Тибқи гузоришҳои расмӣ дар ин ноҳия беш аз сад манзил комилан хароб шуда ва беш аз 250 манзили маскунӣ қисман зарар дидаанд. Дар робита ба ин ҳодиса ҷаласаи давлатӣ доир шуда ва дар ҷараёни ин нишаст ироаи кумакҳо ба мардуми хисорадида баррасӣ шудааст.

Масъулони маркази зилзилашиносии Тоҷикистон аз вуқӯъи се заминларза бо шиддати аз 2 то 5.2 дараҷаи Риштер дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат, воқеъ дар 30 килуметрии ҷанубу шарқи пойтахти ин кишвар гузориш кардаанд.

Татяна Валявская, корманди ин марказ гуфт, ки субҳи имрӯз дар қаламрави пойтахт заминларзае бо шиддати беш аз 3 дараҷаи ҷадвали Риштер рух дод. Ӯ дар мавриди ду зимлзила қаблӣ гуфт: “Соъати 10:15 ба вақти маҳаллии рӯзи 10 ноябр дар Душанбе ва ноҳияи Ваҳдат заминларза рух дод, ки шиддати он дар маркази зилзила (ноҳияи Ёвон) 5 дараҷаи Риштер, дар пойтахт 4 ва дар ноҳияи Ваҳдат 4,5 дараҷаи Риштер буд.”

Хонуми Валявская гуфт баъд аз зӯҳри 10-уми ноябр низ зилзилае рух дод, ки шиддати он дар марказ, ки дар 30 килуметрии ҷанубу шарқи воқеъ буда аз 2 то 3 дараҷаи Риштер будааст.

Дар ҳоле, ки вуқӯъи заминларзаҳои паёпай дар як рӯзи ахир сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии ҳумаи онро нигарон сохта ва бархе аз расонҳао бо истинод ба коршиносон аз эҳтимоли вуқӯъи заминларзаи шадидтар дар соли оянда ҳушдор медиҳанд, окодемисиян Собит Неъматуллоев, зилизилашиноси тоҷик, ин иддаъоҳоро рад мекунад.

Окодемисиян Неъматуллоев мегӯяд, заминларзаҳо дар Тоҷикистон ҳамарӯз бо шиддати начандон бузург ва ғайримаҳсус рух медиҳанд. Ӯ меафзояд: “Ин хандадор аст, ки агар касе зилзилаи фардоро пешгӯӣ кунад, зеро дар як моҳ дар Тоҷикистон аз 700 то як ҳазор бор такон хӯрдани замин сабт мешавад ва бисёре аз ин заинларзаҳоро сокинон эҳсос намекунанд.”

Оқои Неъмутуллоев мегӯяд, шиддати се заминларзаи ахир дар Тоҷикистон аз шиддати зилзилаҳои ҳамарӯза дар ин кишвар бештар буд, аммо рух додани зилзила бо шиддати хеле зиёд дар ин минтақа акнун аз имкон дур будааст.

Вай ин мавзӯъро чунин шарҳ дод: "Дар Тоҷикистон ва ҳамчунин дар манотиқи дигар ҷаҳон, ки дар он ҷойҳо зилзила ҳамарӯза рух медиҳад, имкони ҷамъ шудани қувваи зиёди зилзила барои рух додани заминларзаи харобкунанда вуҷуд надорад."

Вале оқои Неъмутуллоев мегӯяд, ки масъулони ширкатҳои сохтмонӣ бояд ба ҳангоми бунёди иншоъот ва манозили маскунӣ дар Тоҷикистон дар бораи минтақаи зилзилахез будани ин кишвар фаромӯш накунанд.

Баҳори соли 2012 зилзилае дар водии Рашти Тоҷикистон рух дод, ки дар асари он беш аз 1500 сокини Тавилдара, воқеъ дар 200 килуметрии шарқи Душанбе, бидуни сарпаноҳ монда буданд. Шиддати ин зилзилаи рӯзи 13 майи соли 2012, 5,7 то 6 дараҷаи Риштер сабт шудааст.

Бузургтарин зилзила дар Тоҷикистон дар 50 соли ахир зилзилаи соли 1984 дар шаҳраки Қайроқуми вилояти Суғд рух дода буд. Он замон зилзилашиносон шиддати онро беш аз 7 дараҷаи Риштер арзёбӣ карда буданд, вале гузоришҳои ғайрирасмӣ шиддати онро аз 8,5 то 9.5-и дараҷаи Риштерт хонда буданд.

Ин ҳодисаи табиъӣ хисороти сангин ва талафони ҷонӣ дар минтақаро ба бор оварда буд, аммо мақомоти даврони Шӯравӣ дар он замон дар мавриди мизони ин талафот иттилоъ пахш накарда буданд.

Матолиби муртабит