Зилзилае қавӣ савоҳили шарқии Русияро ларзонд

Зилзилае қавӣ нимҷазираи Камчатка дар шарқи Русияро ларзонд. Ҳушдори вуқӯъи суномӣ, ки дар ибтидо тавассути мақомоти устони Сахалин содир шуда буд, ҳамакнун лағв шудааст.
Маркази заминшиносии Омрико шиддати ин зилзиларо 8.2 дар миқёси Риштер эълом кард, аммо мақомоти Русия бузургии зилзиларо 6.7 Риштер баровурд кардаанд.
Бар асоси гузоришҳои дарёфтӣ андаке пас аз вуқӯъи зилзила ларзиши он дар тамоми Русия эҳсос шудааст.
Маркази ин зилзила дар баҳри Охотск дар ғарби нимҷазираи Камчатка ва дар ҳудуди умқи 600-килуметрии баҳр гузориш шудааст.
Гуфта шуда, ки бузургии ин зилзила ҳатто дар Русия, ки аз назари заминшиносӣ фаъъол аст, бисёр ғайримаъмул аст.
Ҳанӯз аз мизони хисорот ва талафоти ин зилзила гузорише мухобира нашудааст.
