Зилзилае дар устони Бушеҳр Эрон даҳҳо кушта бар ҷой гузошт

Соъати 16:22 дақиқаи имрӯз ба вақти Эрон зилзилаи нисбатан шадид устони Бушеҳрро ларзонд.
Муассисаи ларзанигории донишгоҳи Теҳрон бузургии зилзиларо 6,1 Риштар ва маркази онро шаҳри Кокӣ дар шаҳристони Даштии устони Бушеҳр эълом кардааст
Раиси донишгоҳи улуми пизишкии Бушеҳр дар гуфтугӯ бо хабаргузории Форс аз кушта шудани дастикам 30 нафар дар зилзилаи имрӯз хабар додааст.
Мақомҳои имдод ва наҷоти Эрон ин оморро таъйид накардаанд, аммо Маҳмуд Музаффар, раиси Созмони имдод ва наҷоти Ҳилоли Аҳмари Эрон масдум шудани 500 нафарро таъйид кардааст.
Оқои Музаффар ба телевизиюни Эрон гуфтааст 450 нафар аз масдумон ба сурати сарипойӣ дармон шудаанд.
Шопур Рустамӣ, муъовини умронии устондори Бушеҳр ҳам гуфтааст бо таваҷҷуҳ ба вусъати минтақа имкони хисорати зиёд вуҷуд дорад.
Оқои Рустамӣ мегӯяд ҷамъияти Кокӣ ҳудуди 60 ҳазор нафар аст ва дар кулл бо муҳосибаи русто ва шаҳрҳои атроф ҳудуди 100 ҳазор нафар таҳти таъсири зилзила қарор гирифтаанд.
Маҷид яке аз сокинони минтақаи Кокӣ дар бораи вазъияти ин шаҳр ҳангоми зилзила мегӯяд: "Ҳама дар хоб будем, ки хона мисли гаҳвора ларзид, аз хона берун омадем ва дидем, ки кӯҳе, ки дар атрофи хона қарор гирифта, резиш карда, ҳама фарёд мезаданд, саҳнаи ваҳшатноке буд, зилзила ҳудуди 10 то 12 сония тул кашид."
То кунун ҳафт гурӯҳи имдодӣ бо сагҳои зиндаёб ба манотиқи зилзилазада фиристода шудаанд.
Ин зилзила дар умқи 12 килуметрии замин иттифоқ уфтодааст.
Маркази заминшиносии Омрико бузургии зилзиларо 6,3 Риштар дар фосилаи 89 килуметрии ҷануби шарқии бандари Бушеҳр дар ҷануби Эрон гузориш кардааст.
Меҳдии Зореъ, муъовини пажуҳишгоҳи байналмилалии зилзилашиносӣ дар гуфтугӯ бо ИСНО конуни зилзиларо наздики гунбади намаки Ҷошк ва гусили Бурозҷон эълом кардааст.
Бар асоси гузоришҳо бештарин мизони тахриб ва хисорот дар се рустои Шанбе, Боғон ва Сано рӯй додааст.
Сойтҳои хабарии маҳалии устони Бушеҳр дар бораи вазъияти шаҳр гузориш кардаанд, ки ин шаҳр хисорати зиёде дидааст ва мардум машғули берун овардани бозмондагон аз зери овор ҳастанд.
Ба гузориши маркази зилзиланигории Эрон то кунун дастикам 12 пасларза бо бузургии беш аз 4 Риштар минтақаро ларзондааст.
Бузургии ду пасларза 5 ва ҳамчунин 5,3 Риштар будааст.
"Нерӯгоҳи Бушеҳр ором аст"
Нерӯгоҳи ҳастаии Бушеҳр ҳам дар устони Бушеҳр қарор дорад. Фосилаи ин нерӯгоҳ то маҳалли зилзила ҳудуди 80 килуметр аст.
Яке аз мақомҳои ширкати Атомстройэкспорт, паймонкори русии нерӯгоҳи атумии Бушеҳр ба хабаргузории РИА Новостии Русия гуфтааст: "Ларзаҳо дар сойти атумии нерӯгоҳи Бушеҳр эҳсос шуд, аммо кормандон ба кори оддии худ идома доданд."
Маҳмуд Ҷаъфарӣ, муҷрии тарҳи нерӯгоҳи атумии Бушеҳр ҳам ба ИРНО, хабаргузории расмии Ҷумҳурии Исломии Эрон гуфтааст, ки заминларза ҳиҷ мушкиле барои нерӯгоҳи Бушеҳр эҷод накардааст.
Фаридун Ҳасанванд, устондори Бушеҳр ба шабакаи телевизиюни Эрон гуфт: "Ба нерӯгоҳи атумии Бушеҳр ҳиҷ хисороте ворид нашуда ва авзоъ бисёр ором аст."
Ин зилзила дар кишварҳои ҷанубии халиҷи Форс низ эҳсос шудааст. Ба гузориши хабаргузории Руйтерз пас аз зилзила марокизи идорӣ дар пойтахти Баҳрайн ва Қатар таътил шудааст.
